Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум»

Қарори

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи даъвати иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон, даъвати панҷум»

Мутобиқи   моддаи  24  Қонуни  конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» қ а р о р    м е к у н а м:

Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум 25 декабри соли 2018, соати 9.00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

 

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                           М. Убайдуллоев

 

ш. Душанбе,

5 декабри соли 2018,

№ 22

 

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баррасии:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»;

— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда»;

— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»

ва як қатор қонунҳои дигари қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

ШАРИКОН: