Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо иштироки кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Искандаршоҳ Каримзода вобаста ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза карда, онҳоро барои халқи тоҷик санаи муқаддас арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки шурӯъ аз 16 ноябри соли 1994, ки аввалин бор муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба ҳайси  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карда буданд, тибқи Конститутсия давлати соҳибихтиёри мо ба шакли идоракунии президентӣ гузашт.

Ба ин хотир ҳамасола дар кишвар 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад, ки асосҳои худро дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ёфтааст.

Гуфта шуд, ки дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷасте вомехӯранд, ки дар марҳалаи барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намудаанд.

Дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳз Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амалҳои неку хирадмандонаашон мардуми парешонро дар атрофи худ муттаҳид намуда, бо қадамҳои устувор ба рушду суботи минбаъда ҳидоят карданд.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Нарзулло Маҳмудов, Нурулло Қурбонализода ва Парвиз Шамолов вобаста ба ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

ШАРИКОН: