Ташрифи ҳайати Шӯрои Федератсия ба Маҷлиси миллӣ

9 ноябри соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россияро таҳти роҳбарии ҷаноби Зинуров Рафаил Нариманович — аъзои Комиссияи байнипарпламентӣ оид ба ҳамкориҳои Шӯрои Федератсия бо Маҷлиси миллӣ  ва  Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба корҳои байналмилалӣ, ки ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ, нахуст Раиси Маҷлиси миллӣ бо пазиройии самимӣ аз ташрифи меҳмонон, иқдоми Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенкоро баҳри тавсеаю таҳкими робитаҳои байнипарламентии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии  Федератсияи Россия  ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвияти пайвастаю пайгиронаи ҳамкории судманди тарафайн арзишманд ва амри воқеӣ арзёбӣ намуд.

Бо инобати мавқеи хоси ҳамкории самарабахши ҷонибҳо дар соҳаи гуманитарӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки он ҳамчун яке аз афзалиятноктарин самтҳо бояд муттасил дар маркази фаъолияти ҳамарӯзаамон қарор дода шавад.

Дар асоси тасмими президентони кишварҳоямон маҳз дар соли таълими 2017-2018 сафарбар гардидани теъдоди муайяни омӯзгорони таълимдиҳандаи фанҳои дарсӣ бо забони русӣ ба мактабу литсейҳои тахсилоти миёнаи умумии ҷумҳуриамон аз субъектҳои Федератсияи Россия, натиҷаи ҳамкориҳои дурбинона ва самараовар мебошад ва афзуд, ки дар татбиқи ин лоиҳа чун бозгӯи ниёзҳо ва ҳадафҳои пайгиронаи стратегии дар ҳошияи Ҳуҷҷати хотимавии  Форуми V –уми байнипарламентии “Тоҷикистон-Россия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ” қабулгардида, Маҷлиси миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар доираи робитаҳои байнипарламентӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Дар ин росто, даъват ба миён овард, ки нисбати оғози татбиқи  иқдоми Сарони давлатҳоямон дар самти сохтмони 5 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимоташон бо забони русӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби маблағгузории ҷониби Россия бо истифода аз зарфиятҳои Шӯрои Федератсия таври муассир мусоидат карда шавад.

Ҳамзамон баҳри зиёд намудани теъдоди омӯзгорони мавриди таваҷҷуҳ, ҳамчун институти нави таҳкимдиҳандаи робитаҳои мавҷуда дар солҳои минбаъда бештар аз имконоти истифоданашудаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, ки бевосита мақомоти иҷроия ва намояндагии субеъктҳои Федератсияи Россияро дар худ муттаҳид месозад нисбати бунёди мактабҳои нави русӣ дар кишвар масъалагузорӣ намуд.

Гузашта аз ин, ҷонибҳо дар иртибот ба ҳамкориҳои мавҷуда фаъолияти мустақими филиалҳои донишгоҳҳои Федератсияи Россия дар Тоҷикистонро барои тарбияи кадрҳои маҳаллӣ муҳим шуморида, оид ба зиёд намудани теъдоди омӯзгорони забони русӣ, роҳандозии тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия сафар мекунанд, табодули афкор намуданд.

Баҳри густариши робитаҳои байнипарламентӣ таҳкиму тақвияти фаъолияти Комиссияи байнипарпламентӣ оид ба ҳамкориҳои Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси миллӣ, Форуми байнипарламентии “Тоҷикистон-Россия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ” ҳадафманд арзёбӣ гардид.

Ҷаноби Рафаил Зинуров аз пешниҳодоти ироагардида ҷонибдорӣ карда, афзуд, ки дар доираи имконоти парламентҳо баҳри амалисозии масъалаҳои гузошташуда тадбирҳои заруриро равона хоҳанд сохт.

Инчунин, аз номи ҳайат бардоштҳояшро зимни боздид аз фаъолияти омӯзгорони россиягӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо қаноатмандӣ баён намуда, таъкид дошт, ки дар доираи ҳусни тафоҳум барои омӯзгорон тамоми шароиту имтиёзҳо муҳайё гардидааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҷаноби Рафаил Зинуров иттилоъ дод, ки  феълан Шӯрои Федератсия ҷиҳати омодагиҳо ба баргузории Форуми  VI — уми байнипарламентии “Тоҷикистон-Россия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ” нимаи дуюми соли 2018  дар Федератсияи Россия  нақшаҳои мушаххасро тарҳрезӣ намудааст.

 

ШАРИКОН: