Суханронии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Конференсияи ҷумҳуриявӣ доир ба «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Суханронии

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Конференсияи ҷумҳуриявӣ доир ба «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(ш. Хуҷанд, толори Қасри Арбоб — 18.11.2017)

Ҳозирини гиромиқадр,

Ҳамкорони азиз!

Дар таърихи ҳар халқу миллат марҳилаҳои ҳастанд, ки бо гузашти солҳо арзишу манзалати онҳо баландтару пурбаҳотар мегардад. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми мо ва Ватани мо, бешубҳа, чунин марҳилаи бемислу монанди таърихӣ ба шумор меояд. Зеро ин рӯйдоди бузург Ватани морову мардуми моро, Истиқлолияти  навзоди моро аз нестшавӣ наҷот дод ва барои ба даст овардани ваҳдати ҷовидонаи миллӣ роҳ кушод.

Дар ин айёми нотакрор, дар доираи Конференсияи имрӯза дар ин Қасри зебои таърихӣ, ки чорякаср қабл Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баргузор гардида буд, баҳри  ифодаи фикру мулоҳизаҳои судманд ба ҳамаи баромадкунандагон арзи сипос намуда, бо иҷозати Шумо ҳозирини гиромӣ, бо ифтихору  фараҳмандӣ аз пирӯзиҳои халқи шарифу наҷибамон дар даврони соҳибистиқлолӣ, ки бо шарофати иҷлосияи мазкур бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайвастанд, аз нигоҳи масъулияти шаҳрвандӣ оид ба нақши беназири иҷлосияи зикршуда, дар бунёдгузории давлатдории навинамон, ки  дар он вакилони мардумӣ иродаи халқро ифода карда, масъалаҳои муҳимтарини вобаста ба тақдири давлату миллатро муайян намуданд ва комилан дуруст аст, ки барҳақ онро иҷлосияи сарнавиштсоз медонем, баъзе бардоштҳоямонро иброз намоем.

Қобили зикр мебошад, ки бо гузашти  замон нақши сарнавиштсоз доштани онро бештару равшантар ҳамчун тантанаи қонуният  бар анархия, ҳаллу фасли тамоми масъалаҳо аз роҳи конститутсионӣ дар муқобили қонуншиканиҳо, намунаи беназири меҳанпарастии асил барои наслҳои муосир ва ояндаи Ватани маҳбубамон ибратбахшу арзишманд гиромӣ хоҳем дошт.

Ҳаёту фаъолияти пурсамар, сарсупурдагию фидокориҳо ва ҷасорати ибратомӯзи Шумо вакилони муҳтарами Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ҷовидона бо хатҳои заррин дар таърихи давлатдории навинамон сабт гардидааст ва бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи Шумо ва ҳозирини арҷмандро ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олӣ самимона шодбош намуда, ба якояки Шумо саодатмандӣ, сарфарозӣ, фараҳмандӣ ва тамоми хушиҳои  зиндагию фаъолиятатонро орзумандем.

Ҳамчунин бояд хотири онҳоеро, ки дар баргузории  иҷлосия ва татбиқи қарорҳои он саҳм гирифта, мутаассифона, имрӯз бо мо нестанд, гиромӣ дошта, кӯшиш намоем, ки барои ободии кишвари азизамон беш аз ҳарвақта хидмати арзанда анҷом диҳем.

Ҳозирини муҳтарам!

Яке аз иқдомҳои ҷиддӣ ва дурандешонаи вакилони иштирокдори Иҷлосия дар он зоҳир гашт, ки онҳо аз байни худ вакили ҷавон, ҷасур ва ҳақиқатгӯ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб карда, шахсияти навро ба саҳнаи сиёсати бузург бароварданд, ки бо хирадмандию дурандешӣ, таҳаммулу принсипнокӣ, адолатхоҳӣ, ватандӯстию вафодорӣ ва ваҳдати сухану амал бо такя ба нерӯи халқ ва барои халқ тавонист Ватани маҳбубамонро аз буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию маънавӣ раҳоӣ бахшад.

Натиҷаи ҳамин дастоварди бузурги сиёсӣ буд, ки онро на танҳо ҳамчун комёбии мо тоҷикистониён, балки ҳамчун муваффақияти сулҳсозии байналмилалӣ, тавре дар барқияи табрикии собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирокдорони Симпозиуми байналмилалии бахшида ба 10-умин солгарди Иҷлосияи мазкур 31 октябри соли 2002 омадааст, эътироф гардида, то ба имрӯз мавриди таваҷчуҳи ҷаҳониён қарор дорад, ки ҳоло онро манзуратон мегардонем:

«Ҷаноби Олӣ,

Аз ин имконият истифода бурда, ман мехостам, ки табрикоти самимии худро ба муносибати ҷашни дарпешистодаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар фароҳам овардани сулҳ дар Тоҷикистон гардиши қатъие гардид, изҳор созам.

Кофи Аннан»

Ҳозирини арҷманд!

Агар Иҷлосия сарвари нави сулҳовару бунёдгузори давлатдории навинро интихоб карда бошад, Сарвари нав барои амалӣ кардани орзую омоли халқ ва қарорҳои Иҷлосия ҷоннисорона фаъолияти беназир намуда истодааст ва ин падида собит менамояд, ки Иҷлосия ва Сарвари давлатамон пайванди ногусастанӣ доранд.

Пайомади ҳамин робита буд, ки дар марҳилаи дигари таҳкимёбии асосҳои давлатдории навин, халқ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар як рӯз Конститутсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистонро қабул ва Президенти мамлакатро интихоб намуд.

Боз як падидаи нави сиёсӣ дар таҷрибаи давлатдории навин ин буд, ки Президент бо ташаббуси эҷодкоронаи худ ба хотири такомули низоми давлатдорӣ сохти идоракунии президентиро чун тарзи амудии идораи давлат, пешниҳод кард ва халқ онро аз тариқи  раъйпурсии умумихалқӣ маъқул донист ва қабул кард ва ба ин васила Президент рисолати нави таърихиро ба зимма гирифта, аҳли ҷомеаи кишвар, кулли сохтору мақомот, иттиҳодияҳои ҷамъиятию институтҳои шаҳрвандиро ба сатҳи нав ва баланди тараққиёт ҳидоят намуда, пайгирона амалӣ намуда истодааст, ки Шумо ҳозирини муҳтарам хуб бархурдор мебошед.

Дӯстони арҷманд!

Бояд тазаккур дод, ки дар масири асрҳо ва сарнавишти халқу миллатҳо бо зарурати раҳоӣ аз гирдоби мушкилиҳо пешвоёни миллат ҳамчун зарурати таърихӣ бо қобилияти пассионарии худ корнамоиҳои бемисл нишон дода, нақши безавол гузошта боиси эътирофи ҳамагон мегарданд.

Ҳақиқати воқеӣ собит менамояд, ки дар мушкилтарин даврон бо ҷоннисорию гузаштҳои ҷавонмардона, заҳмату фидокориҳои беҳамто маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  масъулият ва рисолати сарнавиштсозро ба уҳда гирифта, асосҳои давлатдории навинамонро бунёд гузоштанд.  

Аз ин лиҳоз месазад зикр намоем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон вақти эълони ҳадафҳои асосии сиёсии худ дар Иҷлосияи сарнавиштсоз, ки дар маркази онҳо  ҳимояи манфиатҳои миллӣ қарор доштанд, ҳамчун пешвои воқеии миллат эътироф гардида буданд.

Боиси ифтихору саодатмандии ҳамагон мебошад, ки  давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи муносиби худро пайдо кард. Як силсила проблемаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муваффақона ҳал шуданд.  Илова бар ин як зумра ташаббусҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба проблемаҳои аҳамияти байналмилали-дошта, ки масъалаи об аз он ҷумла аст, аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд. Ин ҳам гувоҳи маърифати амиқи раванди муосир аст, ки Президенти кишвар манфиатҳои миллӣ ва минтақавию ҷаҳониро дар робитаи диалектикӣ ба таври муттасил, дар пайванди ҳам қарор додаанд.

Фалсафаи ин падида аз нигоҳи воқеъбинона дар он нуҳуфтааст, ки халқи мо аз азал дорои фарҳанги бузурги давлатдорию хирадсолорӣ будааст. Ба ибораи файласуфи машҳури олмонӣ Гегел давлат организми олии ахлоқӣ мебошад, ки озодиро ба воситаи иродаи ҳамагонӣ ва илоҳӣ амалӣ месозад ва ба ақидаи ӯ ниёгони мо аввалин созандагони давлат дар ҷаҳон буданд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре шумо хуб медонед, глобализатсия дар ҷаҳони муосир, мушкилот ва тазодҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Баъзе қувваҳои бадхоҳи истиқлолият ва сулҳу оромии давлати мо ҳанӯз ҳам аз ғаразҳои нопок даст накашидаанд. Бинобар ин, мо бояд ҳушёрии сиёсиро, тавре Ҷаноби Олӣ пайваста таъкид медоранд, нигоҳ дошта, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги миллиамон ҳамеша омода бошем.

Имрӯз беш аз ҳар вақти дигар бояд мо вакилони Шӯрои Олии даъвати дувоздаҳум,  Маҷлиси Олии даъвати панҷум ва аҳли ҷомеа амиқан дарк намоем, ки ҳаёти ҷамъият ва такомули давлат хислати муттасил ва ҷовидонӣ доранд.

Чунон ки устод Рӯдакӣ фармудааст:

Ҷаҳон ҳамеша чу чашм асту гирдгардон аст.

 Ҳарчанд ҳар сол вақт моро аз иҷлосияи сарнавиштсоз дур месозад, вале эҳтироми мо ба идеяҳою татбиқи қарорҳои он бештар мегардад, чун ки онҳо асоси ҳаёти орому осудаи имрӯз ва имкони тараққиётро барои таъмини зиндагии шоиставу инкишофи озодонаи шаҳрвадони кишварамон фароҳам оварданд.

Аз ин рӯ, мо бояд  на танҳо суол диҳем, ки «давлат ва ҳукумат ба мо чӣ дод?», балки ҳар яки мо дар назди худ суол гузорем, ки «барои таҳкими давлатдорӣ ва сулҳу субот, ободии кишвар ва хушбахтии халқамон чӣ кардаем ва чиро бояд ҳамарӯза анҷом диҳем?»

Талаботи замон ва шартҳои ҷаҳони муосир пайваста аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки масъули тақдири Ватан ва наслҳои ояндаи он бошем ва аз Пешвои миллати худ дарси ватандӯстӣ, созандагӣ ва меҳру муҳаббатро ба халқи азизи диёри арҷмандамон омӯзем.

Ҳозирини муҳтарам!

Бори дигар, дар ин рӯзҳои фирӯзӣ ҳамаи Шуморо бо ҳисси ифтихору эҳтиром ва беҳтарин таманниёт ба муносибати 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути қаҳрамонии бемислу монанди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят душвори муқовимати шаҳрвандӣ ва хатари нобудии давлат ва парокандагии миллат масъулияти сарвариро ҳиммат-баландона ва ҷасурона ба дӯш гирифта, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ Ватани маҳбубамонро ҳамчун узви комилҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, обрӯю эътибори онро баланд бардошта, бо ташаббусҳои глобалиашон масъалаҳоеро, ки барои мардуми сайёра аҳимияти ҳаётӣ доранд матраҳ карда, онро барҳақ падидаи тақдирсозу бунёдгузори давлатдории навин ва истиқлолияти воқеии кишвар намуданд, самимона ҳамаи Шуморо шодбош намуда,  аз даргоҳи Офаридгор саодатмандию шукуҳмандиатонро хоҳонем.

Дар ҷамъбасти ин нишасти хотирмон мо ҳамагон, бахусус аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амалкардҳои таърихии Иҷлосияи  XVI –ум  ва иродаи қавии Шумо вакилон – иштирокчиёни он арҷ гузошта, ҷасорату матонат, ҳақиқатгӯиву мубоҳисаҳои озоди Шуморо дар Иҷлосия ҳамчун мактаби хоси сиёсӣ  сазовори омӯзиш эътироф менамоем. Баргузорӣ ва суханрониҳои пурмуҳтавои Шумо ширкаткунандагони конференсия мо ҳамагонро ҳамеша дар назди ҷомеа баҳри шукуфоии пайвастаи Ватани маҳбубамон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Бунёдгузори давлатдории навинамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон водор  менамояд, ки худро дар назди интихоби Шумо масъул ва уҳдадор ҳисобем ва онро барои наслҳои оянда баҳри тавсеаю тақвияти дастовардҳои давлатамон пайгирона  идома бахшем.

Дар фарҷоми сухан бо қаноатмандӣ бояд зикр намуд, ки номи Қасри Арбоб ҳеҷ гоҳ аз хотираи хурду калони кишвар фаромӯш намегардад, зеро он ба бахти мо тоҷикистониён Арбоби барҷастаи давлативу сиёсиро ба миллат ва ҷаҳониён дар симои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо заковати фарогир, муҳаббату ифтихори беҳамтои ватандории худ ва таҷассумгари миллати қадимаву бофарҳанг ва Ватани биҳиштосоямонро тақдим намуд.

Итминони комил дорем, ки солҳо ва асрҳо мегузаранд ва наслҳои оянда замоне, ки таърихи навини давлатдориамонро меомӯзанд, аз дастовардҳои халқи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Бунёдгузори давлатдории навинамон, ки аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ибтидо мегирад, ифтихор хоҳанд кард.

Ҳамеша саломату сарбаланд ва муваффақу комёб бошед ҳозирини арҷманду гиромӣ !!!

 

ШАРИКОН: