Сафари Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Санкт-Петербург

27 марти соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи сафари кории худ бо ҳайати парламентӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ Раиси Маҷлиси миллӣ бо сипосмандӣ аз пазиройии самимӣ, ҷараён ва таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи парламентҳои Тоҷикистону Федератсияи Россияро мавриди муҳокимаи хоса қарор дода, тавсеаю тақвият бахшидани фаъолияти ҷонибҳоро дар доираи Ҳуҷҷати хотимавии Форуми панҷуми байнипарламентии “Тоҷикистон-Россия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ” аз 13 октябри соли 2016, инчунин дар чаҳорчўбаи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беш аз ҳарвақта зарур шуморид.

Дар ин росто, баҳри таҳкими густариши воқеии робитаҳои байнипарламентӣ вусъат бахшидани фаъолияти Комиссияи байнипарпламентӣ оид ба ҳамкориҳои Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси миллӣ ҳадафманд арзёбӣ гардид.

Дар навбати худ Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко изҳор дошт, ки то оғози соли нави хониши 2017-2018 ба Љумҳурии Тоҷикистон шумораи дархостии омӯзгорони зарурӣ аз Федератсияи Россия сафарбар ва ҳамзамон миқдори муайяни китобҳои дарсӣ бо забони русӣ ба муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешаванд.

Пас аз мулоқоти самимию мутақобилан судманд  Маҳмадсаид Убайдуллоев дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзид.

Дар ҷаласа аъзои Шӯрои Ассамблея 19 масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима намуданд.

Аз ҷумла, аъзои Шӯро лоиҳаи қарорҳои Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Дар бораи изҳороти роҳбарони парламентҳои давлатҳои аъзои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Оид ба 25-солагии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, “Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи 46-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, “Дар бораи баргузории 137-умин Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарламентӣ 14-18 октябри соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург”, “Дар бораи таъсиси Рӯзи байналмилалии парламентаризм”, “Дар бораи ташкили назорат дар интихоботҳои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, “Дар бораи омодагӣ ба назорати интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Арманистон”, “Дар бораи тақдими медали “25-солагии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” ва дигар масъалаҳои фарогирро ҳамаҷониба баррасӣ карда, қарорҳои дахлдори Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро вобаста ба онҳо қабул карданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯро аз ҷониби раисони парламентҳои узви Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар расми тантанавӣ тасдиқи рамзии тамғаи муросилотӣ бахшида ба 25-солагии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил анҷом дода шуд.

Дар идома, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иҷлосияи чилушашуми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиходи Давлатҳои Мустқил, ки таҳти садорати Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко баргузор гардид, иштирок намуд.

Бо тасдиқи рўзнома дар иҷлосия 22 масъала мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷумла, дар он зимни гузориши раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиходи Давлатҳои Мустқил оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Љумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон — Эмомалӣ Насриддинзода дар иҷлосия доир ба лоиҳаи қонунҳои намунавӣ (моделӣ)  «Дар бораи муассисаҳои автономӣ”, “Дар бораи моликияти давлатӣ”, “Дар бораи кадастри давлатии амволи ғайриманқул», “Дар бораи бақайдгирии давлатии  ҳуқуқ ба  амволи ғайриманқул” ва “Дар бораи нотариалӣ” қарорҳои дахлдори Ассамблеяи Байнипарламентии Давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул карда шуд.

Дар интиҳо аз натиҷаи ҷаласаҳои ҷамъбастгардида сарони парламентҳои давлатҳои узви Ассамблея бо доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма мулоқоти якҷоя анҷом дода, ба суолҳои рӯзноманигорон посух доданд.

Нимаи дуюми ҳамин рўз маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки роҳбарони парламентҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва байнипарламентӣ доир гардид.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи тантанавӣ иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар тўли 25 сол Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро майдони фарох барои гуфтугӯ ва ҳамкориҳои парламентӣ арзёбӣ карда, зикр намуд, ки Ассамблея ҳамчун мақоми коллективӣ дар қабул ва такмили қонунгузории моделӣ вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди фаъолияти озоди иқтисодӣ, тиҷоратӣ, истеҳсолот, бозори умумии мол, хизматрасонӣ, меҳнат, иҷтимоӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромарзӣ, ҳифзи муҳити зист, инчунин, ҳамкориҳо дар бахши гуманитарӣ, бахусус фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди робитаҳои ҳамгироӣ дар соҳаи илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, табодули иттилоъ нақш ва саҳми босазо мегузорад.

Раиси Маҷлиси миллӣ дар фарҷоми сухан мувофиқ афтодани 25-умин солгарди Ассамблеяро дар ҷашни байналмилалии Наврӯз фоли нек арзёбӣ карда, ҳамаи иштирокчиёнро бахшида ба ин ҷашн табрик ва таҳният намуд.

Аз ҷумла, изҳор дошт,  — “басо рамзист, ки ҷашни солгарди Ассамблея бо таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз – таҷассуми бедор шудани табиат, рўҳбаландӣ, давраи созандагию бунёдкорӣ, кулли зебоӣ ва сарвати маънавӣ маҳсуб меёбад, рост омадааст. Наврӯз —  яке аз ҷашнвораҳои дорои таърихи бойи қадимӣ ва нерўи ҳамешаҷавон буда, ҳамчун нури хирад мардумро ба ягонагӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамкорӣ ва таҳкими дӯстии байни халқҳо даъват менамояд ва бигзор ин ҷашни бостонӣ ба ҳамкорони азиз, ҳамаи мардуми Иттиҳод, хонаи муштараки мо — сайёраи Замин некӯаҳволӣ, саодатмандӣ ва шукуфоию пешрафти муттасил орад.”

Барои иштирокчиёни ҷаласаи тантанавӣ барномаи рангини консертии муштараки устодони санъати кишварҳои узви Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод карда шуд, ки дар он ҳунармандони тоҷикистонӣ фарҳанги волои миллиро “Тоҷикистон Ватани Наврўз аст”, муаррифӣ намуданд.

ШАРИКОН: