Раиси Маҷлиси миллӣ ҳайати порлумонии Иттиҳоди Аврупоро ба ҳузур пазируфт

3 ноябри соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати бонуфузи порлумонии Иттиҳоди Аврупоро, ки таҳти роҳбарии хонум Ивета Грегуле барои иштирок дар ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкории дуҷониба миёни парлумонҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки сафари мазкур дар рушди муносибатҳои байнипарламентӣ баҳри татбиқи барномаҳои муштарак бо Иттиҳоди Аврупо тавассути фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқию роњандозии нерӯи парламентарҳо ба манфиати ҳарду ҷониб  самараи нек хоҳад дод.

Дарёфти роҳу усулҳои нави истифода аз имкониятҳои мавҷударо ҷонибҳо бо мақсади боз ҳам тавсеаю тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои афзалиятнок бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мувофиқ ба мақсад шуморида, омодагии амиқи худро изҳор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили осебпазир гардидани амният ва суботу ҳамзистии осоиштаи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти таъсири равандҳои номатлуби ҷаҳони пуртазоди муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва саҳми дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи дархости вакилони Иттиҳоди Аврупо, ки аз кишварҳои Белгия, Булғория, Латвия, Олмон ва Лаҳистон намояндагӣ мекарданд, роҷеъ ба ҷанбаъҳои мушаххаси институти қонунгузории кишвар, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, амнияти минтақа, ҳалли масъалаҳои гендерӣ, зӯроварӣ дар оила, баррасии арзу муроҷиати шаҳрвандон, шароиту ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд, зарурати дар сатҳи қонунгузорӣ ба танзим даровардани ҷашну маросимҳои миллӣ, иштироки шаҳрвандон дар раванди таҳияи пешниҳодҳо оид ба қонунэҷодкунӣ, тавсеаи пайвастаи ҳамкориҳои  мутақобила бо Иттиҳод ва Парламенти Аврупо ибрози назар намуданд.

Дар навбати худ хонум Ивета Григуле аз пазироии самимӣ ва муҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, бо қаноатмандӣ омодагии Парлумони Аврупоро оид ба қувватнок кардани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои муаррифишуда таъкид намуд.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки идомаи сафари ҳайатҳои парлумонӣ дар тақвияти ҳамкорию робитаҳои гуногунҷанба нақши муассир хоҳад гузошт.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба итмом расид.

ШАРИКОН: