Раиси Маҷлиси миллӣ Муҳаммад Талҳа Маҳмудро ба ҳузур пазируфт

27 ноябри соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Муҳаммад Талҳа Маҳмуд — Раиси Кумита оид ба сохторҳои давлатии Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҳамзамон роҳбари гуруҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷкистону Покистонро бо ҳайати ҳамроҳонаш, ки дар доираи робитаҳои байнипарламентӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ташрифи меҳмонон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки робитаҳои дӯстӣ ва пайвастаи фарҳангии  дуҷонибаи мо аз гузаштаи дури таърих маншаъ гирифта, баъди соҳибихтиёрӣ марҳилаи сифатан навро касб намуда, тавассути муносибатҳою ҳамкориҳои мутақобилан  судманд бо ташаббуси Сарони давлатҳоямон ва санадҳои баимзорасидаи ҷонибҳо заминаи мустаҳками ҳуқуқиро доро гардида, рушди минбаъдаю татбиқи бомароми онҳоро муайян  намудаанд, ки дар ин замина тақвияту таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ тақозои замон мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот М.Убайдуллоев  афзуд, ки ин сафар дар фаъолияти гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон саҳми босазо хоҳад гузошт. Зеро муносибатҳои мавҷудаи ҳар ду давлат, самтҳои муайяни ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, махсусан татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ва Созишномаи чорҷонибаи транзитӣ, саноати сабук, коммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг бо истифода аз имкониятҳои парламентҳо баҳри таъмини рушди устувори кишварҳо пайваста заминаи воқеӣ мегузоранд.

Бахусус таъкид гашт, ки дар ояндаи наздик бо фароҳам гардидани заминаҳои инфрасохторӣ роҳандозӣ шудани лоиҳаи Долони иқтисодии Чину Покистон барои пешрафти иқтисодии кишвари мо низ тавассути баромадан ба бандарҳои Қарочию Гвадар ва ба ин васила ба роҳ мондани табодули анборҳо байни минтақаҳои озоди иқтисодии навбунёди мамлакатҳоямон бе баҳра нахоҳад буд ва оид ба ҳар чи зудтар мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи мазкур мо манфиатдор мебошем.

Ҳамзамон Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷум­ҳу­рии Исломии Покистон ҳамчун узви Коалитсияи зидди­тер­ро­рис­тӣ дар таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон манфиатдор буда, вобаста аз тазодҳои шаклдигаркунандаи вазъу муносиботи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳкими фаъолияти Гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалиро дар асоси Созишномаи байниҳукуматии аз соли 2014 таъсисёфтаро амри воқеӣ меҳисобанд. Идома бар он иброз дошт, ки танҳо фаъолияти муштараки хайрхоҳонаи ҷонибҳои марбута дар ҳамкорию ҳамраъйӣ баҳри таъмини Афғонистони босубот метавонад кафили осудагии минтақа  ва рушди муттасили он гардад.

Раиси Маҷлиси миллӣ бо қаноатмандӣ сатҳи матлуби ҳамкориҳо бо Покистонро дар чаҳорчӯбаи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, созмонҳои ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкории исломӣ арзишманд дониста, барои пуштибонӣ аз мавқеъ ва ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ арзи сипос намуданд.

Ҷаноби Муҳаммад Талҳа Маҳмуд дар навбати худ, қабл аз ҳама бо ироаи паёми шодбошии Миан Раза Раббонӣ — Раиси Сенати Ҷум­ҳу­рии Исломии Покистон, аз мавқеъ ва назари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷонибдорӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Покистон омода аст баҳри татбиқи ҳадафҳои мутаносибан судманд қадамҳои боз ҳам устувор ниҳад.

Ҳамзамон баҳри тавсеаи муносиботи байнипарламентӣ аз Раиси Маҷлиси миллӣ даъват ба миён овард, ки дар муҳлатҳои барояшон мувофиқ ба Ҷум­ҳу­рии Исломии Покистон бо сафари расмӣ ташриф оваранд, ки бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

ШАРИКОН: