Муҳокимаи парламентӣ: «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6 апрели соли 2018 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев нахустин муҳокимаи парламентӣ таҳти унвони «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади татбиқи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017» аз 19 январи соли 2018, №565/1» аз 16 феврали соли 2018 доир гардид.

Дар муҳокимаи парламентӣ раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод, Гулмаҳмадзода Давлатшо Қурбоналӣ, Амирзода Раҳмоналӣ Амир, Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминҷонова Саодат Сайфинаджотовна, Бобобекова Меҳринисо, Раҳмонова Наргис Шарифовна, Шафеиён Ислом Зиёзода ва Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, вазирони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадзода Меҳринамо, раис ва муовинони Кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кор бо занон ва  оила Қосимзода Идигул Тағо, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ Мирзозода Азизулло Файз, телевизион ва радио Амирбекзода Назира, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қудрат Қамбар, сардорони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бекмуродзода Султон Бекмурод,  муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Тоҳир, роҳбарони Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам (BHMO) Каримов Сайфиддин Сайтоҷович, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил» Раҷабов Аслиддин, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Гулзода Маҳмадшо Қурбоналӣ, директори Маркази ғизои Академияи илмҳои тиб Хайров Ҳотамбек Сайфиддинович, намояндагони соҳаи илм ва восита­ҳои ахбо­ри омма ширкат намуданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни ифтитоҳи муҳокимаи парламентӣ интихоби мавзӯи матраҳшавандаро воқеияти мавҷуда унвон дода, афзуд, ки аз ибтидои пайдоиш ва ташаккулёбӣ инсоният пайваста дар роҳи ҳифзи сиҳҳатӣ ва фароҳамсозии муҳити озодагии худ талошҳои бесобиқаро анҷом дода, бо хуби дарк намудааст, ки ҷавҳари ҳастии инсон саломатист ва танҳо тани солим барандаи рӯҳи солим буда метавонад.

Ҳамзамон зикр сохт, ки инсон офаридаи сироятшаванда аст, ки ин осебпазирӣ ҳамеша тақозо мекунад роҳи бемориҳои сироятӣ ва паҳншавии онҳо гирифта шаванд, вале то ба имрӯз ҳеҷ кадоме аз ҷомеаҳою кишварҳои ҷаҳонӣ комилан дар ин ҷода муваффақ нашудаву мудом дар ҳоли муборизаанд.

Аз ин рӯ, кишвари мо низ чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзу нигаҳдошти генофонди миллӣ пайваста талошу тадбирҳои пайгиронаи судмандро амалӣ месозад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  дар соли сипаригардида ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, афзуд М. Убайдуллоев, «Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти он, ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Дар давоми 26 сол дар кишвар барои таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ бо оби тозаву босифати нӯшокӣ, ки омили асосии ҳифзи саломатӣ мебошад, ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва кумаки беруна амалӣ гардида, дар ин самт татбиқи лоиҳаҳо боз ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ идома дорад.»

Идома бар он,  Раиси Маҷлиси миллӣ таъкид намуданд, ки дар низоми ҷаҳонишавии муносибатҳою арзишҳо, бесарҳад ва  трансмиллишавии бемориҳои сироятӣ, вақт тақозо менамояд, ки фаъолияти рӯзмарраву анҷомдодаамонро дар асл бознигарӣ карда, ҳамагон дар ҳалли он масъулияти аввалиндараҷа эҳсос намоем.

Зикр карда шуд, ки натиҷаи таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои назаррасе анҷом гирифтаанд, аммо бо вуҷуд мушкилот ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ мондааст.

Аз ин рӯ, Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид доштанд, ки ҳадафи мавриди муҳокима қарор додани мавзӯи зикргардида эътирофи воқеият, ёфтани роҳҳои ҳалли он, аз байн бурдани монеаҳои ҷойдошта ва роҳандозӣ намудани тасмимҳои дастаҷамъона мебошад.

Дар муҳокимаи парламентӣ аъзои Маҷлиси миллӣ ва ширкаткунандагон тибқи тартиб гузориши муфассали Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Фарҳод Раҳимиро доир ба мавзӯи муҳокимагардида шуниданд.

Зимни баромад Фарҳод Раҳимӣ доир ба омилҳои асосии сар задани бемориҳои сироятӣ, паҳн гардидан ва роҳҳои пешгирӣ он гузориш дода, изҳор намуд, ки дар айни ҳол омили муҳиме, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад, авҷ гирифтани бемориҳои сироятӣ ва сари вақт дарёфту табобат нагардидани онҳо маҳсуб мегардад.

Ҳамзамон, дар муҳокимаи парламентӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа вобаста ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ баромад намуда, аз мақомоти марбута даъват ба миён овард, ки ҷиҳати решакан намудани ин мушкилот ҳамкории пайвастаи дастаҷамъона ба роҳ монда шавад.

Дар иртибот ба мавзӯи баррасишаванда: «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва маърӯзаҳои шунидашуда аъзои Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшо Қурбоналӣ, Аминҷонова Саодат Сайфинаджотовна, Бобобекова Меҳринисо, Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич, вазирони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадзода Меҳринамо, раис ва муовинони Кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кор бо занон ва  оила Қосимзода Идигул Тағо, телевизион ва радио Амирбекзода Назира ва намояндагони соҳаи илм таклифу пешниҳодоти худро баён намуданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо назардошти пешниҳодоти ироагардида дастур фармуд, ки дар доираи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда паҳлӯҳои мухталифи мушкилоти мавҷуда дар сатҳҳои гуногун таҳлил ва барои рафъи монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шаванд.

Таваҷҷуҳи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа барои тақвияти фаъолият дар самтҳои гуногуни иҷрои вазифаҳои хизматӣ амиқан нигаронида шуда, аз ҷумла таъкид гардид, ки бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани паҳншавии бемориҳои сироятӣ, беҳбудбахшӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид бобати табобати саривақтӣ дар асоси маърӯзаҳо ва таҳлили маводи расмии аз ҷониби мақомоти дахлдор пешниҳод гардида дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута тадбирҳои мушаххас ба роҳ монда шаванд.

Илова бар он, ташкили семинару тренингҳои омӯзишӣ баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати ҳуқуқӣ ва тиббии аҳолӣ, махсусан дар байни занон, роҳандозӣ намудани чорабиниҳои маърифатӣ баҳри баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятии гузаранда, нашр намудани варақаҳои иттилоотӣ оид ба бемориҳои сироятӣ ва паҳн намудани онҳо дар  миёни аҳолӣ, махсусан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тахсилоти касбӣ, тавассути барномаҳои телевизионӣ бештар гузаронидани суҳбату вохӯриҳо, фаҳмонидани оқибатҳои бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар байни аҳолӣ, ташкил намудани гурӯҳи кории байниидоравӣ бо мақсади манзур намудани таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ё мувофиқ намудани қонунгузории Тоҷикистон бо қонунгузориҳои Қазоқистону Россия бо мақсади фаро гирифтани шаҳрвандони бо Вируси Норасоии Масунияти Одам сироятёфтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табобати зиддиретровирусии ройгон дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон, аз ҷониби мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҷудо намудани маблағҳои муайян бо мақсади харидории тестҳои оҷилӣ баҳри фарогирии шаҳрвандон ба ташхис амри ногузир дониста шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид намуд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории кишвар вобаста ба масъалаҳои пешгирии паҳншавӣ, табобати саривақтӣ, огоҳонидани аҳолӣ аз хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва мушаххас намудани ҷавобгарии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки сабабгори сироят ёфтани одамон ба чунин бемориҳо мегарданд, саривақтӣ мебошад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки  сироят, ки таъсири манфии он ба оила, ҷомеа ва дар умум ба генофонди миллӣ мерасад, баҳри пешгирии он  мусоидати тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ, соҳаи маориф, бахши ҷавонон, занон ва оила, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти қудратӣ, васоити ахбори омма ва созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятиро талаб менамояд.

Раиси Маҷлиси миллӣ аз ширкаткунандагон даъват ба миён овард, ки ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани ин вабои аср ҳамбастагии мақомоти дахлдор пурзӯр карда шуда, мунтазам таҳти назорати қатъӣ қарор дода шавад ва афзуд, ки дар ин росто, мо, аъзои Маҷлиси  миллӣ низ  тамоми нерӯю таҷриба ва имконотро сафарбар хоҳем намуд.

Зеро ҳифз ва нигоҳдгошти генофонди миллӣ танҳо вазифаи вазорати соҳавӣ набуда, масъулияту ҳамдастии ҳамагонро беш аз ҳарвақта тақозо менамояд.

Бо қабули қарори дахлдор, ки ироа доштани тавсияҳои судмандро ба мақомоти марбута пешбинӣ намуда, масъулияти назорати иҷрои онҳоро ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа вогузор кардааст, муҳокимаи парламентӣ ба кори худ хотима бахшид.

ШАРИКОН: