Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(АМОҶТ с.2000,№11, мод. 510; с.2006, №3, мод. 164; с.2008, №3, мод.200; с. 2009, №12, мод.824; с.2011, №6, м.455; с.2012, №4, м.271)

 

ФАСЛИ I

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

БОБИ 1

МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ

 

Моддаи 1. Мақсадҳо ва вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Мақсадҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи фонди давлатии об ва заминҳои фонди давлатии об барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳифзи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодабарии об мебошанд.
  2. Вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

-танзими муносибатҳои иқтисодӣ дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

-таъмини асосҳои ҳуқуқии дастгирӣ ва рушди истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

-муайян намудани принсипҳои асосӣ, самтҳои истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об. (қҷт 20.03.08 №381)

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ (қҷт. 16.04.2012 №821)

Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд: (қҷт. 16.04.2012 №821)

— Об- ҳамаи обҳои дар объектҳои обӣ мавҷуда;

— обҳои рўизаминӣ- обҳои доим ё муваққатан дар объектҳои обии рўизаминӣ қарордошта;

— обҳои зеризаминӣ- обҳои аз ҷумла маъданӣ, дар объектҳои обии зеризаминӣ қарордошта;

— захираҳои об- захираҳои оби рўизаминӣ ва зеризаминие, ки дар объектҳои об қарор доранд ва истифода мешаванд ё истифода хоҳанд шуд;

-объектҳои об- ҷамъшавии об дар рўи замин, қаъри замин дар як ҳудуду ҳаҷм бо доштани низоми обӣ;

— низоми об- тағйир ёфтани сатҳ, хароҷот ва ҳаҷми об дар объектҳои об;

— манбаи обҳои рўизаминӣ- объекти оби рўизаминӣ дар маҷмўъ, ҳамчунин бо мубодилаи сусти об дар пастиҳои табиӣ ё сунъӣ;

— объекти оби ҷудогона (манбаи оби сарбаста)- манбаи оби масоҳати хурд ва ҷоринашавандаи сунъӣ, ки бо дигар объектҳои оби рўизаминӣ аз ҷиҳати гидравликӣ вобаста нест;

— ҳавзаҳои обҷамъшаванда- ҳудуде, ки дар он об ҷорӣ шуда объекти обро ба вуҷуд меорад;

— обҳои дренажӣ-обҳое, ки ба воситаи шабакаҳои заҳкашӣ сарҷамъ гардида, ба объектҳои об партофта мешаванд;

— обҳои партов- обҳое, ки баъди истифодаи он аз минтақаи ифлосшуда бо тартиби муқарраршуда ба объектҳои об партофта мешаванд;

— истифодаи объектҳои об- бо тарзи гуногун гирифтани манфиат аз объектҳои об барои қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва дигар эҳтиёҷоти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ;

— ҳифзи объектҳои об- фаъолият оиди ҳифз ва барқарорсозии объектҳои об нигаронидашуда;

— ифлосшавии объектҳои об- партов ё ба таври дигар дохил шудан, инчунин пайдо шудани моддаҳои зарароваре, ки сифати обҳои рўизаминӣ ва зеризаминиро бад мегардонанд, истифодаи қаър ва соҳилҳои объектҳои обро маҳдуд месозанд, ё ба онҳо таъсири манфӣ мерасонанд;

— олудашавии объектҳои об- партов ё ба таври дигар дохил шудани моддаҳо ё зарраҳои муаллақ ба объектҳои об, ки ҳолат ва истифодаи объектҳои обро душвор месозанд;

— камшавии об- мунтазам камшавии захира ва бадшавии сифати обҳои рўизаминӣ ва зеризаминӣ;

— таъсири зараровари об- зери об, қисман зери об мондан ва дигар таъсири зараровари обҳои рўизаминӣ ва зеризаминӣ ба минтақа ва объектҳои муайян;

— истифодабарандаи об- шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки обро ба тартиби муқарраргардида барои эҳтиёҷоти худ истифода мебаранд;

— фаъолияти хоҷагии об- фаъолияти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ оиди истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи объектҳои об;

— иҷозат барои истифодаи махсуси об-иҷозате, ки барои истифодабарии объекти об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дода шудааст; (қҷт аз 03.05.06 №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)

— оби нўшокӣ- обе, ки аз рўи ҳамаи сифатҳояш дар ҳолати табиӣ ё баъди коркарди он (тозакунӣ, безараргардонӣ, илова кардани моддаҳои зарурӣ) ба талаботи меъёрӣ мувофиқ аст ва барои нўшидан ва эҳтиёҷоти маишии инсон ё барои истеҳсоли маҳсулоти хўрока истифода шуда метавонад;

— меъёрҳои сифати оби нўшокӣ (талаботи меъёрӣ)- маҷмўи бо усулҳои илмию тадқиқотӣ ва бо қоидаҳои санитарӣ муқарраршудаи нишондодҳои имконпазири хосиятҳои таркиби кимиёвӣ ва микробиологии оби нўшокӣ, ки бехавфию безарарии онро барои саломатии инсон кафолат медиҳад;

— таъминкунӣ бо оби нушокӣ- фаъолияте, ки ба таъмини талаботи ба оби нушокӣ доштаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигаронида шудааст;

— истифодаи умумии об- истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳи техникӣ;

— истифодаи махсуси об- истифодаи об ба воситаи ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ;

— истифодабарандагони аввалаи об- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки объектҳои об ба онҳо барои истифодаи ҷудогона дода шудаанд;

— истифодабарандагони баъдинаи об- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо истифодаи объектҳои об бо розигии истифодабарандагони аввалаи об дар асоси шартномаи тарафайн бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид  ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дода мешавад; (қҷт. 16.04.2012 №821)

— каптаж- ҷамъ кардан ва ба маҷрои муайян равона кардани обҳо бо мақсади бо пуррагӣ истифодабарӣ ва аз ифлосшавӣ нигоҳ доштани онҳо;

— мониторинг-мушоҳида, баҳодиҳӣ ва пешбинии ҳолати об;

— Ассотсиатсияи истифодабарандагони об-ташкилоти ғайритиҷоратиес, ки аз ҷониби шахсони ҳукуқии дорои ҳуқуқи истифодаи заминҳои кишоварзӣ ва тишкилотҳои тиҷоратӣ таъсис дода мешавад; (қҷт аз 03.05.06 №174)

— ташкилоти (идораи) ҳавзавии хоҷагии об-тащкилоти ҳавзавии хоҷагии об ва ё раёсат, ки ба истифодабарандагони об дар ҳавзаи дарёҳо хизмат мерасонад; (қҷт аз 03.05.06 №174)

— обхезӣ –офати табиӣ, ки бар асари баланд шудани сатҳи оби дарё, кўл, обанбор ва дигар иншооти обӣ, ки дар натиҷаи он масоҳати васеи маҳал зери об монда, дучори осеб ё фалокат шуда метавонад. Ба обхезӣ обшавии барф, боришоти зиёди борон, рахнаи сарбанд ва дарғот, кўлҳое, ки аз фаромадани ярчу тарма ба вуҷуд омадаанд ва дигар ҳодисаҳои табиию иқлимӣ боис мешаванд; «қҷт 03.12.09 №572»

— пешгирии обхезӣ –чорабиниҳое, ки пешакӣ андешида мешаванд ва барои кам кардани хатари рўй додани обхезӣ, таъмини амнияти аҳолӣ, кам намудани андозаи зарар ба муҳити зист ва зиёни моддӣ дар мавриди обхезӣ равона карда шудаанд; «қҷт 03.12.09 №572»

— бартараф намудани обхезӣ –корҳои наҷотдиҳӣ аз фалокат ва корҳои дигари таъҷилӣ, ки ҳангоми рўй додани обхезӣ анҷом дода мешаванд, барои наҷот додани ҳаёт ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, кам кардани андозаи зарар ба муҳити зист ва талафоти моддӣ равона карда шудаанд; «қҷт 03.12.09 №572»

— идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об – низоми идоракунӣ, ки баҳисобгирӣ ва таъсири мутақобилаи захираҳои об (обҳои рўизаминӣ, зеризаминӣ ва бозпасгашта) ва захираҳои замин, инчунин захираҳои дигари табиии ба онҳо вобастаро дар ҳудуди муайяни гидрографӣ ба асос гирифта, манфиати соҳаҳо ва сатҳҳои гуногуни истифодабарии об ва захираҳои табииро алоқаманд месозад ва онҳоро ба раванди қабули қарор, банақшагирӣ, маблағгузорӣ, ҳифз ва рушди захираҳои об ба манфиати рушди устувори ҷомеа ва ҳифзи муҳити зист ҷалб менамояд;

— иншооти хоҷагии об – обанборҳо, сарбандҳо, каналҳо, заҳбуру заҳкашҳо, қубурҳои об, чоҳҳои об, ҷўйҳо, иншооти гидротехникӣ, садҳои муҳофизат аз об, новаҳо, қубурҳои об бо коммуникатсияҳо ва дигар ҷузъиёти инфрасохторӣ;

— нақшаи ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об – нақшаи рушд, истифодаи ҳамгироиёна ва  ҳифзи захираҳои об дар ҳудуди гидрографии ҳавзаи асосии манбаи об;

— шабакаи заҳбуру заҳкашҳо – шабакаи бо ҳам пайвасти заҳбурҳо ва заҳкашҳои кушода ва пўшида, иншооти гидротехникӣ, чоҳҳои амудӣ ва инфрасохтори дигар, аз ҷумла ҳамаи қитъаҳои замине, ки барои таъмини нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва таъмири шабакаҳои заҳбуру заҳкашҳо ҷудо  шудаанд;

— ташкилоти ҳавзавии захираҳои об — сохтори ҳудудии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, ки барои идоракунии захираҳои об дар ҳудуди ҳавзаи асосӣ масъул мебошад;

— шартнома оид ба обрасонӣ – санади ҳуқуқие, ки байни истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об ва ташкилоти обрасон оид ба шартҳои обрасонӣ ба мўҳлати муайян баста мешавад;

— Шўрои миллии об – мақоми машваратию маслиҳатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатиро дар бобати банақшагирӣ, идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об ҳамоҳанг месозад;

— Шўрои ҳавзавии об – мақоми машваратию маслиҳатии ҳавзавӣ, ки фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро дар бобати банақшагирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои оби ҳавзаи муайяни об ҳамоҳанг месозад; (қҷт. 16.04.2012 №821)

— усулҳои мубориза бо обхезӣ –маҷмўи чорабиниҳои огоҳонӣ ва рафъи фалокат, ки барои кам кардани таъсири зиёновари обхезӣ равона шудаанд. «қҷт 03.12.09 №572»

 

Моддаи 3. Қонунгузорӣ дар бораи об

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад. (қҷт аз 03.05.06 №174

 

Моддаи 4. Фонди давлатии об

  1. Фонди давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмўъ ҳамаи объектҳои об ва захираҳои оби дар онҳо ҷамъшуда, заминҳои ишғолкардаи онҳо минтақаҳо ва қитъаҳои ҳифзи обро дар бар мегирад.
  2. Ба объектҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳо, кўлҳо, пиряхҳо, барфтўдаҳо ва дигар сарчашмаҳои рўизаминӣ, инчунин минтақаҳои ҷамъшавии обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла обҳои табобатию маъданӣ ва гарми зеризаминии дар ҳудуди он қарордошта мансуб мебошанд.
  3. Захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмўи тамоми намудҳои обҳои зеризаминӣ ва рўизаминӣ иборатанд.

 

Моддаи 41. Заминҳои фонди давлатии об

  1. Заминҳои фонди давлатии об аз заминҳои зери дарё, кўл, обанбор, пиряхҳо, ботлоқзор, шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо, пойгоҳҳо, чоҳҳои амудӣ, иншооти гидротехникӣ, хатҳои интиқоли барқ ва алоқа, роҳҳо, пулҳо, иморатҳо ва дигар объектҳои инфраструктураи соҳаи мелиоратсия ва захираҳои об, инчунин заминҳои барои минтақаи муҳофизатии об таъиншуда иборат мебошанд.
  2. Қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои фонди давлатии об, ки зери иншооти хоҷагии об (шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо), шабакаҳое, ки аҳамияти аввалиндараҷа ва дуюмдараҷа доранд, инчунин иншооти ирригатсионие, ки қитъаи замини як субъекти хоҷагидориро таъмин менамояд, метавонанд таҳти истифодаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таври муваққатӣ ё доимӣ, пурра ё қисман қарор дошта бошанд.
  3. Тартиби додани заминҳои фонди давлатии об барои истифода дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (қҷт 20.03.08 №381)

 

Моддаи 5. Моликияти давлатӣ будани об

  1. Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон об моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самаранок ва ҳифзи онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
  2. Амали шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки рўирост ё пинҳонӣ ҳуқуқи моликияти давлатиро ба об вайрон мекунанд ва он мухолифи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, манъ буда, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.

 

Моддаи 51. Иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд

  1. Иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд, моликияти давлат буда, ба иҷора ва идоракунии шахсӣ додани онҳо қатъиян манъ аст.
  2. Рўйхати иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (қҷт аз 03.05.06 №174)

 

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об

Дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об масъалаҳои зерин дар салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд:

-амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ба таври маҷмўъ истифодабарӣ, ҳифз намудани захираҳои об ва таъмини оби нўшокӣ ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва иттиҳодияҳо сарфи назар аз шакли моликият, мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба истифода ва ҳифзи маҷмўи об; (қҷт аз 03.03.06. №174)

-муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об; (қҷт 20.03.08 №381); (қҷт. 16.04.2012 №821)

-тасдиқи тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва додани иҷозат барои истифодаи махсуси об; (қҷт 20.03.08 №381)

-таҳия ва қабули барномаҳо ва лоиҳаҳои давлатӣ оид ба истифодабарии мақсаднок, ҳифзи захираҳои об дар доираи ташаккули обтаъминкунии аҳолӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, соҳилмустаҳкамкунӣ ва вобаста ба дигар масъалаҳои хоҷагии об; (қҷт 20.03.08 №381)

-танзими масъалаҳо вобаста ба муқаррар намудани тарифи хизмати обрасонӣ, аз ҷумла тафриқаи (дифферентсиатсияи) он бо назардошти арзиши аслии хизматрасонӣ; (қҷт 20.03.08 №381)

-амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатии инвеститсионӣ;

-танзими масъалаҳои марбут ба истифодаи пулакии об, амалӣ гардонидани сиёсати нархгузорӣ, муқаррар намудани тариф ва имтиёзҳо;

-рушд ва танзими муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи об;

-идоракунӣ, реструктуризатсия ва моликияти комплекси хоҷагии об;

-тасдиқи тартиби ташаккул ва истифодабарии фонди об, меъёрҳо ва реҷаи истифодаи он. (қҷт 20.03.08 №381)

-таъмини гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ доир ба рушди истифода ва ҳифзи захираҳои об, пешбурди баҳисобгирии давлатӣ ва назорат ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои об, мушоҳидаи (мониторинги) сифати об ва ифлосшавии объектҳои об;

-таҳияи тадбирҳои пешгирӣ ва рафъи садамаҳои калон, офатҳои табиӣ ва бўҳронҳои экологии вобаста аз таъсири зарарноки обҳо;

-таҳия ва амалӣ гардонидани барномаҳои соҳилбандӣ;

-муқаррар намудани низоми махсуси истифодаи об дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда;

-муқаррар намудани андоза ва тартиби пардохт барои ҳуқуқи истифода, барқарор, ҳифзи захираҳои об, интиқоли онҳо ва партофтани обҳои истифодашуда ба обгирҳо, ифлосшавӣ ва камшавии оби объектҳо;

-муқаррар намудани тартиби тағйир додани шакли моликият ба объектҳои хоҷагии об;

-таъмини аҳолӣ бо маълумот дар бораи ҳолати об, иншоотҳои об ва объектҳои хоҷагии об;

-амалӣ гардонидани тадбирҳои дигари вобаста ба истифодаи захираҳои об;

-танзими дигар масъалаҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст. (қҷт аз 03.05.06 №174)

 

Моддаи 7. Салоҳияти  мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об

Дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об масъалаҳои зерин дар салоҳияти  мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд: (қҷт аз 03.03.06. №174)

-муайян кардани самтҳои асосии истифода ва ҳифзи об дар ҳудуди худ;

-таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи танзим, истифода ва ҳифзи захираҳои об;

-баҳисобгирӣ, баҳодиҳии ҳолати об ва объектҳои об, назорат ба истифода ва ҳифзи об, риояи меъёрҳои (лимитҳои) муқараршудаи истеъмоли об;

-гузаронидани тадбирҳо доир ба нигоҳдошт ва беҳтар кардани ҳолати объектҳои об, пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровар, инчунин ифлосшавии об, барқарор намудани объектҳое, ки дар натиҷаи садамаҳо, обхезӣ, селобҳо ва дигар офатҳои табиӣ зарар дидаанд;

-муайян ва тасдиқ намудани чорабиниҳои пешгирии обхезӣ бо роҳи таъсис додани сохтори дахлдори мубориза бо обхезӣ, сохтмони иншооти дахлдор барои пешгирии обхезӣ ва таъмини аҳолӣ бо иттилооти мубориза бо обхезӣ; «қҷт 03.12.09 №572»

-дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти давлатӣ системаи назорати таҳдиди обхезӣ ва системаи огоҳонидани пешакӣ ва бартараф намудани обхезӣ ташкил намудан; «қҷт 03.12.09 №572»

-дар доираи ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, таъмин намудан бо оби нўшокӣ, нигоҳ доштан ва тараққӣ додани системаҳои марказонидашуда, ғайримарказонидашуда ва системаҳои тақсимкунандаи оби нўшокӣ ба истеъмолкунандагон;

-мувофиқат намудани ҷойгиркунонӣ ва ба истифода додани корхонаҳо, иншоот, дастгоҳҳо оид ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва анҷом додани корҳо дар объектҳои об ва қитъаҳои наздисоҳилии ҳифзи об; (қҷт. 28.06.2011 №744)

-ҳамкорӣ  бо   мақомоти   ваколатдори  махсуси  давлатӣ  оид  ба истифода ва ҳифзи захираҳои об; (қҷт 20.03.08 №381)

-танзими дигар масъалаҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 8. Танзим ва дастгирии давлатӣ дар соҳаи муносибатҳо оиди об

  1. Дар соҳаи муносибатҳо ҷиҳати об масъалаҳои зерин аз тарафи давлат танзим мегарданд:

-муқаррар намудани тартиби истифодаи захираҳои об, ҳифзи онҳо аз ифлосу олудашавӣ, камшавӣ ва хушкшавӣ, пешгирӣ ва бартараф кардани таъсири зараровари обҳо;

-тасдиқи нақшаи истифодаи маҷмўӣ ва ҳифзи обҳо, тавозунҳои (балансҳои) хоҷагии об, амалӣ гардонидани назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об, мушоҳидаи (мониторинги) сифати об ва ифлосшавии объектҳои об;

-банақшагирии тадбирҳо оиди истифода ва ҳифзи об, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари онҳо.

  1. Дастгирии давлатӣ дар соҳаи таъминоти оби нўшокӣ таҳия, қабул ва иҷрои барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ба соҳибони системаҳои мутамарказ, ташкилотҳои истифодакунандаи системаҳои мазкур, инчунин ташкилотҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизот, дастгоҳ, мавод ва реагентҳо барои зарурати таъмини оби нўшокӣ додани дотатсия, субвенсия, қарзҳои имтиёзнок, имтиёзҳои буҷетӣ ва гумрукиро дарбар мегирад.

 

Моддаи 9. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи об

Идоракунии давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи об дар пайвастагӣ бо усулҳои ҳавзавӣ, марзӣ ва маъмурию ҳудудии идоракунӣ асос ёфта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об мувофиқи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад. (қҷт аз 03.03.06. №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 10. Додани ҳуқуқ барои идораи объектҳои хоҷагии оби моликияти давлатӣ ба шахсони ҳуқуқӣ (махсусгардонидашуда)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тендер, бо нигоҳ доштани фаъолияти мақсаднок, метавонад ҳуқуқи идораи объектҳои хоҷагии оби моликияти давлатиро дар доираи ҳудуди маҳдуд, дар асоси шартнома, бо дарназардошти талаботи қонунгузории оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шахсони ҳуқуқии (махсусгардонидашуда) маҳаллӣ ва хориҷӣ диҳад. (қҷт аз 03.05.06 №174)

Моддаи 11. Назорати давлатӣ аз болои истифода ва ҳифзи об

Назорати давлатӣ аз болои истифода ва ҳифзи захираҳои об аз таъмини риояи талаботи қонунгузории об аз ҷониби тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади истифодаи самаранок ва ҳифзи обҳо иборат мебошад.

 

Моддаи 12. Мақомоти назорати давлатии танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об

  1. Назорати давлатии истифода ва ҳифзи об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об амалӣ гардонида мешавад. (қҷт. 16.04.2012 №821)
  2. Мақомоти мазкур ва ваколатҳои он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 13. Иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар татбиқи тадбирҳои истифодаи сарфакорона ва ҳифзи об

Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликият, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ҷиҳати иштирок дар тадбирҳо доир ба истифодаи самаранок ва ҳифзи об имкон дода мешавад.

 

БОБИ 2

ҶОЙГИРКУНӢ, БАЛОИҲАГИРӢ, СОХТМОН ВА БА ИСТИФОДАДИҲИИ КОРХОНАҲО, ИНШООТ ВА ДИГАР ОБЪЕКТҲОИ БА ҲОЛАТИ ОБ ТАЪСИРКУНАНДА

 

Моддаи 14. Шартҳои ҷойгиркунӣ, балоиҳагирӣ, сохтмон ва баистифодадиҳии корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои ба ҳолати обҳо таъсиркунанда

  1. Ҷойгиркунӣ, балоиҳагирӣ, сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои наву таҷдидгардида, инчунин ҷорӣ намудани равандҳои нави технологӣ, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, бояд истифодаи сарфакоронаи обҳо бо риояи талаботи бехатарии экологӣ ва ҳифзи саломатӣ, дар навбати аввал қонеъ гардонидани ниёзи аҳолиро ба оби нўшокӣ ва эҳтиёҷоти маишӣ таъмин намояд. Бо ин мақсад тадбирҳои таъминкунандаи масъалаҳои зайл пешбинӣ мегарданд:

-баҳисобгирии оби аз объектҳои об гирифта ва ба онҳо баргардонидашаванда;

-ҳифзи обҳо аз ифлосу олудашавӣ, камшавӣ;

-пешгирии таъсири зараровари обҳо;

-маҳдуд кардани обзеркунии заминҳо то андозаи ҳадди ақали имконпазир;

-ҳифзи заминҳо аз обзеркунӣ, ботлоқшавӣ, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ, шўршавӣ ва хушкшавӣ;

-ташкили ҳудуди ҳифзи об ва нигоҳ доштани шароитҳои мусоиди минтақаҳои табиӣ.

  1. Ҳангоми ба лоиҳагирӣ ва сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, вобаста ба шароити табиӣ ва хоҷагӣ бояд тадбирҳое сари вақт амалӣ гардонида шаванд, ки ҳифзи моҳӣ ва дигар ҳайвоноту набототи обӣ ва шароитро барои барқарор кардани онҳо таъмин намуда, инчунин имкониятҳои истифода аз объектҳои об ҷиҳати истироҳат ва варзишро ба инобат гиранд.
  2. Ҳангоми балоиҳагирӣ ва сохтмони иншоот ё азнавсозии объектҳои мавҷуда барои гирифтани обҳои зеризаминӣ низоми истифодаи ин иншоот бояд ифлосу камшавии онҳоро истисно намояд.

 

Моддаи 15. Муайян кардани ҷойҳои сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд

Муайян кардани ҷойҳо барои сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд, бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои обмақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти назорати давлатии санитарӣ ва мақомоти дигар мутобиқи қонунгузорӣ мувофиқат карда мешавад. (қҷт аз 03.03.06. №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 16. Мувофиқат кунонидани лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳо, иншооту дигар объектҳое, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд

  1. Лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳ, иншооту дигар объектҳои дар моддаи 17 Кодекси мазкур нишондодашуда бояд бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти дигар мутобиқи ҳолатҳо ва тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, мувофиқат карда шавад. (қҷт. 16.04.2012 №821)
  2. Сохтмони корхонаҳо, иншоот ва объектҳои дигаре, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, танҳо ҳангоми мавҷуд будани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ, иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 17. Шартҳои манъ кардани баистифодадиҳии корхонаҳо, иншоот ва объектҳои дигаре, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд

  1. Ба истифода додани объектҳои зерин манъ аст:

— объектҳои обистифодабарандагоне, ки иҷозат барои истифодаи махсуси об ва хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ надоранд; (қҷт аз 03.05.06 №174)

— корхонаҳо, сехҳо, агрегатҳо, объектҳои коммуналӣ ва дигар объектҳои наву таҷдидгардида, ки бо дастгоҳҳои пешгирикунандаи ифлосшавии обҳо ва таъсири зараровари онҳо таъмин нагардидаанд;

— системаҳои обёрӣ ва оббарорӣ, обанборҳо ва каналҳо то гузаронидани тадбирҳои дар лоиҳаҳо пешбинигардида, ки зериобмонӣ, ботлоқу шўршавӣ ва бодлесии заминҳоро пешгирӣ мекунанд;

— системаҳои заҳбуру заҳкашӣ то тайёр шудани обгирҳо ва дигар объектҳо мувофиқи лоиҳаҳои тасдиқгардида;

— иншооти гидротехникии маҷроӣ то тайёр шудани дастгоҳҳо барои гузаронидани селобҳо ва моҳиҳо мутобиқи лоиҳаҳои тасдиқгардида;

— иншооти хоҷагии об дар лоиҳаҳое, ки дар онҳо ҷуброни зарари ба захираҳои моҳӣ, дигар ҳайвоноту набототи обӣ расонидашаванда, пешбинӣ нагардидааст;

— чоҳҳои барои об пармашуда бидуни таҷҳизонидани онҳо бо дастгоҳҳои танзими об ва дар ҳолатҳои зарурӣ муқаррар намудани минтақаҳои ҳифзи санитарӣ.

  1. То анҷом додани тадбирҳои дар лоиҳа пешбинигардида оиди омода сохтани маҷрову обраҳаҳо пур кардани обанборҳо манъ аст.

 

Моддаи 18. Балоиҳагирии сохтмони пулҳо, гузаргоҳҳо ва дигар коммуникатсияҳои нақлиётӣ ба воситаи объектҳои об

Лоиҳаҳои сохтмони пулҳо, гузаргоҳҳо ва дигар коммуникатсияҳои нақлиётӣ ба воситаи объектҳои об бояд шароитҳоеро пешбинӣ намоянд, ки гузаронидани селобҳо, риояи низоми истифодаи объектҳои об, ҳифзи моҳӣ ва дигар ҳайвоноти обӣ, пешгирӣ намудани ифлосшавӣ, олудашавию камшавии обҳо ва дигар таъсири зарароварро таъмин намоянд.(қҷт 20.03.08 №381)

 

БОБИ 3

ИҶРОИ КОРҲО ДАР ОБЪЕКТҲОИ ОБ ВА ДАР МИНТАҚАҲОИ ҲИФЗИ ОБ

 

Моддаи 19. Тартиби иҷрои корҳо дар объектҳои об ва дар минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об

Корҳои сохтмонӣ, чуқуркунии қаъри маҷрои об ва корҳои таркишӣ, истихроҷи маводи ғайримаъданӣ, кашидани кабелҳо, хати қубурҳо ва дигар коммуникатсияҳо, буридани ҷангал, ҷамъоварии растаниҳои обӣ, корҳои пармакунӣ, кишоварзӣ ва дигар корҳо дар объектҳои об ё дар минтақаҳои ҳифзи оби наздисоҳилии обанборҳо, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд, бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои обмақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомот мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба амал бароварда мешаванд. (қҷт аз 03.03.06. №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 20. Минтақаҳои ҳифзи оби объектҳои об

  1. Минтақаҳои ҳифзи об ҳудудест бевосита ҳамшафати маҷрои дарёҳо, каналҳои таъиноти гуногун, обанборҳо, дигар объектҳои об, ки дар он низоми махсуси истифодаи об ба мақсади ҳифзи ин объектҳо аз ифлосшавӣ, лойқашинӣ, олудашавӣ аз обовардҳо ва дигар зуҳуроти номатлуб, инчунин барои ташкили низоми мусоиди об муқаррар карда мешавад.
  2. Ба минтақаҳои ҳифзи об инҳо мансубанд:

— минтақаҳои ҳифзи санитарии рўизаминӣ ва сарҳадоти паҳншавии обҳои зеризаминӣ;

— қитъаҳои соҳилии обанборҳо ва кўлҳои табиӣ;

— қитъаҳое, ки барои сохтмони каналҳои таъиноти гуногун ҷудо карда мешаванд.

 

Моддаи 21. Муқаррар намудани минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарӣ

  1. Минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарии объектҳои об дар шакли табиӣ мутобиқи лоиҳаҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об ва дигар мақомоти давлатии ба ин ваколатдор муқаррар карда мешаванд. Лоиҳаҳои минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи обро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши вай мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об тасдиқ мекунад. (қҷт. 16.04.2012 №821)
  2. Минтақаҳои ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои об, ки дар салоҳияти ҳукуматҳои маҳаллӣ қарор доранд, дар шакли табиӣ ва бо ҳамон тартиб дар сатҳи дахлдор муқаррар карда мешаванд, аммо лоиҳаҳоро бошад мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё бо супориши онҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об тасдиқ мекунанд. (қҷт аз 03.03.06. №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 22. Нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об дар ҳолати мусоид

Дар ҳолати мусоид нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об бо риояи низоми истифодаи ҳудуди онҳо ба зиммаи роҳбарони иттиҳодияҳо, ташкилоту  хоҷагиҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият, инчунин ба шаҳрвандоне, ки заминҳои корами дар ҳудуди минтақаҳои ҳифзи об ҷойгирифта дар истифодаи онҳо қарор доранд, гузошта мешавад. Дар минтақаҳои ҳифзи об истифодаи моддаҳои кимиёвӣ, иҷрои корҳо ва ҷойгир кардани объектҳое, ки  ба ҳолати об таъсири зараровар мерасонанд, манъ карда мешавад.

 

ФАСЛИ  II

ИСТИФОДАИ ОБ

БОБИ 4

НАМУДҲОИ ИСТИФОДАИ ОБ

 

Моддаи 23. Истифодаи умумӣ ва махсуси об

  1. Истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникие, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, анҷом дода шуда, аз истифодаи махсуси об, ки бо истифодаи чунин иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ амалӣ гардонида мешавад, фарқ мекунад. Дар мавридҳои алоҳида ба истифодаи махсуси об имкон дорад истифодаи объектҳои об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ, ки ба вазъи об таъсир мерасонанд, мансуб дониста шавад.
  2. Номгўи намудҳои истифодаи махсуси об ва миқдори обгирӣ аз объектҳои об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об муқаррар карда мешаванд. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 24. Истифодаи якҷоя ва ҷудогонаи об

Объектҳои об метавонанд таҳти истифодаи якҷоя ва ҷудогона қарор гиранд. Дар истифодаи якҷоя метавонанд объектҳои обе (қисми объектҳои обе), ки ба истифодаи ҷудогона дода нашудаанд, қарор гиранд. Дар истифодаи ҷудогона объектҳои обе (қисми объектҳои обе) қарор доранд, ки дар асоси қарори мақомоти давлатӣ (моддаи 38 Кодекси мазкур) барои истифода ба як шахси ҳуқуқӣ дода шудаанд.

 

Моддаи 25. Истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки объектҳои об ба онҳо барои истифодаи ҷудогона дода шудааст, истифодабарандагони аввалаи об буда, дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифодаи баъдинаи обро иҷозат диҳанд. (қҷт. 16.04.2012 №821)
  2. Шартҳои истифодаи баъдинаи об, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои тарафайн бояд дар шартномаи байни истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об зикр гардида, ба расмият дароварда шаванд.

 

Моддаи 26. Намудҳои истифодаи об, ки аз рўи таъиноти асосии мақсаднок фарқ мекунанд

  1. Объекти об дар сурати риоя намудани талаботи дар қонун пешбинишуда ва шартҳои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо оби нўшокӣ, маишӣ, муолиҷавӣ, курортӣ, солимгардонӣ ва дигар ниёзи аҳолӣ, талаботи кишоварзӣ, саноатӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, моҳипарварӣ ва дигар талаботҳо, инчунин дар як вақт барои якчанд мақсад ба истифода дода мешавад.
  2. Истифодаи об, ки бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ, ки ба ҳолати обҳо таъсир намерасонанд, анҷом дода мешавад, аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар сурати риояи талаботи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, гирифтани иҷозатро барои истифодаи махсуси об талаб намекунад. (қҷт аз 03.05.06 №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

БОБИ 5

ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ ВА ОБЪЕКТИ ИСТИФОДАИ ОБ

 

Моддаи 27. Истифодабарандагони об

Ҳама гуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, талаботи қонунгузории оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро мекунанд, истифодабарандагони об буда метавонанд.

 

Моддаи 28. Объектҳои истифодаи об

Объектҳои обе ба истифода дода мешаванд, ки дар моддаи 4 Кодекси мазкур зикр гардидаанд.

 

Моддаи 29 Қисман ё пурра манъ кардани истифодаи объектҳои об

Истифодаи объектҳои обе, ки дорои аҳамияти махсуси давлатӣ ё арзиши махсуси илмию фарҳангӣ мебошанд, мумкин аст қисман ё пурра бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шаванд.

 

БОБИ 6

ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ

 

Моддаи 30. Ба истифодаи афзалиятнок барои эҳтиёҷоти нўшокӣ ва маишии аҳолӣ додани объектҳои об

Объектҳои об пеш аз ҳама барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти нўшокӣ ва маишии аҳолӣ ба истифода дода мешаванд.

 

Моддаи 31. Шартҳои иқтисодии ба истифода додани объектҳои об

  1. Истифодаи умумии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бепул аст.
  2. Истифодаи махсуси об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пулакӣ сурат мегирад.
  3. Пардохт аз ҳамаи истифодабарандагони об ғайр аз истифодаи умумии об ва истифодабарандагони манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки то 30000 кВт/соат энергияи барқ истеҳсол менамоянд, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ, шаҳрвандӣ, намудҳои моликият ва шаклҳои хоҷагидорӣ, ба истиснои мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситонида мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №744)
  4. Пардохт ситонида мешавад:

-барои истифодаи захираҳои об дар доираи меъёри (лимити) муқараргардида (ғайр аз обёрии кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, инчунин истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ то 30000 кВт/соат); (қҷт. 28.06.2011 №744)

-барои истифодаи аз меъёр (лимити) зиёд ва ғайриоқилонаи захираҳои об;

-барои хизматрасонии вобаста бо ҷамъшавӣ, интиқоли об то сарҳади истифодабарандагон, тақсим ва тоза кардани обҳо;

-барои додани ҳуқуқи истифодаи захираҳои об бо мақсади обёрӣ;

-барои анҷом додани дигар тадбирҳои хоҷагии об (ғайр аз обёрии кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал)

  1. Тартибу шартҳои муқаррар намудан ва ситонидани маблағро барои истифодаи объектҳо ва захираҳои об санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 32. Иҷозат барои истифодаи махсуси об

Истифодаи махсуси об дар соҳаҳои иқтисодиёт дар асоси иҷозати аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об додашаванда амалӣ мегардад. Дар мавридҳои зарурӣ иҷозат бо мақомоти ваколатдори давлатӣ доир ба назорати санитарӣ, инчунин бо дигар идораҳои манфиатдор мувофиқат карда мешавад. (қҷт аз 03.05.06 №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 33. Иҷозат барои истифодаи махсуси об, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия дода мешавад

  1. Иҷозати ҷиҳати истифодаи обҳои зеризаминӣ, ки барои таъмини мутамаркази об ба воситаи сохтани чоҳҳои шахтавӣ ва чоҳҳои обсофкунанда дар ҳудуди деҳот, шаҳраку шаҳрҳо, истифода намегарданд, инчунин каптажи чашмаҳо, ки бидуни маҷбуран паст кардани сатҳи об кор мекунанд, аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дода мешаванд.
  2. Сохтани чоҳҳо ва каптажҳои мазкур дар заминҳои захираи давлатӣ ва фонди давлатии ҷангал дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти идораи захираҳои замин ва заминсозӣ дар асоси иҷозате, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ медиҳанд, анҷом дода мешавад. (қҷт аз 03.05.06 №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 34. Тартиби амалӣ гардонидани истифодаи умумии об

  1. Истифодаи умумии об бидуни иҷозат амалӣ мегардад. Ҳангоми истифодаи умумии об риояи талаботи мақомоти назорати давлатии санитарӣ, қоидаҳои ҳифзи одамон дар об ва мақомот доир ба истифодаи сарфакорона ва ҳифзи обҳо ҳатмист.
  2. Бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, инчунин аз рўи асосҳои истеҳсолӣ ва дигар асосҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти назорати давлатии санитарӣ, дигар мақомоти манфиатдор маҳалҳоеро, ки дар онҳо оббозӣ, заврақронӣ, об додани чорво манъ аст, муқаррар менамоянд, инчунин дигар шартҳои истифодаи умумии обро дар объектҳои об муайян мекунанд. (қҷт аз 03.03.06. №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)
  3. Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо вазифадоранд, ки аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқиро дар бораи шартҳои оиди истифодаи умумии об муқаррар кардаашон хабардор намоянд.

 

Моддаи 35. Истифодаи умумии об дар объектҳои об, ки ба истифодаи ҷудогона дода шудаанд

  1. Дар объектҳои об, ки ба истифодаи ҷудогона дода шудаанд, истифодаи умумии об бо шартҳои муқарраркардаи истифодабарандагони асосии об бо шартҳои муқарраркардаи истифодабарандагони асосии об бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об иҷозат додашуда, ҳангоми зарурат имкон дорад истифодаи умумии об манъ карда шавад. (қҷт. 16.04.2012 №821)
  2. Истифодабарандаи асосии об вазифадор аст, дар бораи шартҳо ё манъ кардани истифодаи умумии об ба аҳолӣ иттилоъ диҳад.

 

Моддаи 36. Ба истифодаи ҷудогона додани объектҳои об

  1. Объектҳои об ба истифодаи ҷудогона ба таври пурра ё қисман дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ё мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об бо мувофиқати ҳокимиятҳои иҷроия дар маҳалҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд. (қҷт. 16.04.2012 №821)
  2. Дар қарорҳо оиди ба истифодаи ҷудогона додани объектҳои об мақсадҳое, ки объектҳои об барои онҳо дода мешаванд ва шартҳои асосии истифодаи объектҳои об зикр мегарданд.

 

Моддаи 37. Мақомоте, ки объектҳои обро ба истифодаи ҷудогона медиҳанд

  1. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳо ва шаҳрҳо обанборҳои бастаро (бемаҷроро), ки дар ҳудуди шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ҷойгиранд, дар сурати ба дигар истифодабарандагони об таъсири манфӣ нарасонидан ба истифодаи ҷудогона медиҳанд.
  2. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, мақомоти вилоятии ҳокимияти иҷроия объектҳои обро, ки дар ҳудуди вилоят ҷойгиранд, ба истифодаи ҷудогона медиҳанд.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об объектҳои об ё қисми онҳоро мувофиқи ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ба истифодаи ҷудогона медиҳанд. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

 

Моддаи 38. Ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи ҷудогонаи объекти обро тасдиқ мекунанд

  1. Ҳуқуқи истифодакунандагони об ба истифодаи ҷудогонаи объекти об бо санадҳои давлатии ҳуқуқи истифодаи об, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроияи вилоятҳо, ноҳия ва шаҳрҳо дода мешаванд, тасдиқ мегарданд.
  2. Шакли ин санадҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об таҳия ва тасдиқ менамояд. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 39. Мўҳлатҳои истифодаи об

  1. Объектҳои об ба истифодаи бемўҳлат ё муваққатӣ дода мешаванд. Истифодаи бемўҳлати (доимии) об ҳамин гуна истифодаи об дониста мешавад, ки мўҳлаташ қаблан муқаррар нагардидааст.
  2. Истифодаи муваққатӣ имкон дорад кўтоҳмўҳлат- то се сол ва дарозмўҳлат- аз се сол то бисту панҷ сол бошад. Ҳангоми зарурат мўҳлатҳои истифодаи об метавонанд ба давраҳое, ки аз мўҳлатҳои мутобиқан истифодаи кўтоҳмўҳлат ё дарозмўҳлат зиёд нестанд, дароз карда шаванд.
  3. Истифодаи умумии об бо мўҳлат маҳдуд карда намешавад.

 

Моддаи 40. Ҳисоб кардани мўҳлатҳои истифодаи муваққатии об

Мўҳлатҳои истифодаи муваққатии об аз рўзи қабул гардидани қарор дар бораи ба истифодаи ҷудогона додани объекти об ё додани иҷозати махсуси истифодаи об ҳисоб карда мешавад, агар дар худи қарор ё иҷозат мўҳлати дигаре нишон дода нашуда бошад. (қҷт аз 03.05.06 №174)

 

Моддаи 41. Тартиби дароз кардани мўҳлатҳои истифодаи муваққатии об

Мўҳлатҳои истифодаи муваққатии об бо хоҳиши истифодабарандагони манфиатдори об аз ҷониби мақомоти давлатие, ки дар бораи ба истифодаи ҷудогона додани объекти об қарор қабул кардаанд ё барои истифодаи махсуси об иҷозат додаанд, дароз карда мешаванд.

БОБИ 7

ҲУҚУҚУ ЎҲДАДОРИҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ ВА

ТАШКИЛОТҲОИ ХОҶАГИИ ОБ

 

Моддаи 42. Истифодаи объекти об мувофиқи таъинот

Истифодабарандагони об ҳуқуқ доранд, аз объектҳои об ба он мақсадҳое, ки ин объектҳои об барои онҳо бо иҷозат ҷиҳати истифодаи махсуси об дода шудаанд, истифода баранд. (қҷт аз 03.05.06 №174)

 

Моддаи 43. Ҳуқуқҳои истифодабарандагони об

  1. Мувофиқи таъиноти мақсаднок, ки ҷиҳати истифодаи махсуси объекти об иҷозат дода шудааст, тибқи тартиби муқарраргардида истифодабарандагони об ҳуқуқ доранд: (қҷт аз 03.05.06 №174)

— пайдо кардани об ҷиҳати истифодаи минбаъдаи он;

— истифодаи объекти об барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ, саноат, гидроэнергетика, нақлиёт, хоҷагиҳои моҳипарварию шикор ва дигар мақсадҳои манъ карданашуда;

— сохтани системаҳои обёрӣ, бунёд намудану муҷаҳазонидани иморати иншоотҳои гидротехникии хоҷагии об, инчунин анҷом додани таъмиру таҷдид ва барҳамдиҳии он;

— истифодаи объектҳои об барои истироҳат, гузаронидани тадбирҳои варзишию солимгардонӣ, нигоҳ доштани ҳолати мусоиди табиӣ, инчунин анҷом додани дигар амалҳои бо қонунгузорӣ доир ба истифодаи иншооти об манъкарданашуда;

— талаб намудан аз мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дар хусуси андешидани тадбирҳо доир ба пешгирӣ кардани камшавӣ ва ифлосшавии фонди об, таъмини захираҳои об бо миқдор ва сифати муайян; (қҷт. 16.04.2012 №821)

— муттаҳид шудан дар ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об.

  1. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо мақсади нигоҳ доштан, истифода намудани системаҳои мелиоративӣ ва ирригатсионии дохилихоҷагӣ, ки дар истифодаи якҷоя ва фардӣ қарор доранд, ҷиҳати тақсими боадолатона, самаранок ва саривақтии об байни хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ҷамъоварии пардохт барои расонидани об, ҳалли низоъҳое, ки байни аъзо оид ба тақсим ва истифодаи об ба миён меоянд, таъсис дода мешаванд.

 

Моддаи 44. Маҳдудияти ҳуқуқхои истифодабарандагони об

  1. Дар ҳолатҳои камобии аз ҳад зиёд, ҳолатҳои садамавӣ дар объектҳои об, хатари сар задани бемориҳои сирояткунанда, муриши ҳайвонот ва дар дигар ҳолатҳо ҳуқуқҳои истифодабарандагони об ба манфиатҳои давлат инчунин ба манфиатҳои дигар истифодабарандагони об маҳдуд карда мешаванд. Бо вуҷуди ин ба бад шудани шароитҳои истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти нўшокӣ ва маишии аҳолӣ бояд роҳ дода нашавад.
  2. Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои истифодабарандагони об ҳангоми амалӣ гардонидани тадбирҳои таъхирнопазир доир ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи таъсири зараровари об ба вуқўъ омадаанд, бо моддаи 130 Кодекси мазкур танзим карда мешавад.
  3. Ҳангоми напардохтани ҳақи истифодаи об мутобиқи моддаи 31 Кодекси мазкур истифодаи он қисман ё пурра қатъ мегардад.
  4. Ҳуқуқҳои истифодабарандагони обро метавонад мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, ки барои истифодаи махсуси об иҷозат додааст, маҳдуд намояд, ҳуқуқҳои истифодаи баъдинаи об аз ҷониби истифодабарандаи аввалаи об бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, инчунин дигар мақомот мутобиқи ҳамин Кодекс, маҳдуд карда мешаванд. (қҷт аз 03.05.06 №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 45. Ўҳдадориҳои истифодабарандагони об

Истифодабарандагони об ўҳдадоранд:

-истифодаи оқилонаи объектҳои об, зоҳир намудани ғамхорӣ оид ба масрафи сарфакоронаи об, барқарору беҳтар кардани сифати обҳо;

-ҷорӣ кардани технологияи нигоҳдории захираи об, ки ба баланд бардоштани дараҷаи самаранокии истифодаи об, беҳтар шудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва муҳити зист мусоидат мекунад;

-андешидани тадбирҳои имконпазир ҷиҳати қатъи пурраи партофтани обҳои партов ба объектҳои об ва обҳои ҷорӣ, ки дар таркибашон маводи ифлоскунанда доранд;

-роҳ надодан ба вайрон кардани ҳуқуқҳои ба дигар истифодабарандагони об додашуда, инчунин андешидани тадбирҳо ҷиҳати нарасонидани зарар ба объектҳои хоҷагӣ ва табиӣ (замин, ҳайвоноту набобот, канданиҳои фоиданок ва ғайра);

-сари вақт пардохтани ҳақи истифодаи захираҳои об ва хизмати расонидани об ба истифодабарандагон;

-дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани иншоотҳои обёрӣ, заҳбурҳо, обтозакунӣ, дигар объектҳо ва воситаҳои техникӣ, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, беҳтар гардонидани сифати истифодаи онҳо;

-мустақилона ё якҷоя бо дигар мақомот тибқи тартиби муқарраргардида анҷом додани назорат ба сифат ва миқдори оби истифодашаванда;

-амалӣ гардонидани тадбирҳои ҳифзи моҳӣ ва дигар набототу ҳайвоноти обӣ;

-дар ҳолати зарурӣ нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об бо риояи низоми истифодаи ҳудуд, агар онҳо таҳти истифодаашон қарор дошта бошанд;

-риоя намудани талаботи муқарраргардида ва шартҳои шартномаи истифодаи об, ки бо ташкилотҳои обрасон ва бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об баста шудааст; (қҷт. 16.04.2012 №821)

-иҷрои дигар талаботе, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар иҷозати барои истифодаи махсуси об пешбинӣ гардидаанд.

 

Моддаи 46. Ҳавасмандгардонии обистифодабарандагоне, ки тадбирҳои истифодаи самаранок ва ҳифзи обҳоро амалӣ мегардонанд.

Тадбирҳои ҳавасмандгардонии истифодабарандагони об, ки амалигардонии чорабиниҳои ба ҷамъият фоиданокро оид ба истифодаи сарфакорона ва ҳифзи об иҷро менамоянд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об таҳия ва бо идораҳои манфиатдор мувофиқат гардида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 47. Ҳуқуқи ташкилотҳои хоҷагии об дар бобати истифода намудани захираҳои об

Ташкилотҳои хоҷагии об барои таъмини эҳтиёҷоти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ амалҳои обро аз манбаъҳои об гирифтан, расонидан ва байни истифодабарандагон тақсим намуданро иҷро менамоянд.

 

Моддаи 48. Ўҳдадориҳои ташкилотҳои хоҷагии об оиди обрасонӣ

  1. Ташкилотҳои хоҷагии об фаъолияти худро мутобиқи Кодекси мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи тарафҳо оиди расонидани об ба истифодабарандагон амалӣ менамоянд.
  2. Ҷиҳати риоя намудани нуқтаҳои шартномаи тарафҳо оиди обрасонӣ ташкилотҳои хоҷагии об ўҳдадоранд:

-ҳолати боэътимоди техникии системаҳои обёриро (ирригатсиониро) то мўҳлатҳои дар шартномаи тарафҳо оиди ба истифодабарандагон расонидани миқдори об пешбинишуда таъмин намоянд;

-заҳбуру заҳкашҳо, объектҳои қабули оби партов, обтаъминкунӣ ва обравониро омода созанд;

-обистифодабарандагонро мутобиқи мўҳлат ва меъёри пешбинишуда бо об таъмин намоянд;

-бо мувофиқат бо истифодабарандагони об барои муайян кардани миқдори оби расонидашуда, дар ҷойҳои обгузаре, ки дар шартнома нишон дода шудааст, дастгоҳҳои обченкунӣ гузоранд.

 

БОБИ 8

ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲУҚУҚҲОИ ИСТИФОДАИ ОБ

 

Моддаи 49. Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об

  1. Ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

-аз байн рафтани зарурати истифодаи об ё даст кашидан аз он;

-ба охир расидани мўҳлати  иҷозати истифодаи махсуси об нишондодашуда; (қҷт аз 03.05.06 №174)

-аз нав ташкил намудан ва барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, фавти шахси воқеӣ;

-ба миён омадани зарурати давлатии бекор кардани иҷозати истифодаи махсуси об; (қҷт аз 03.05.06 №174)

-мунтазам вайрон кардани шартҳои шартнома дар бораи истифодабарии об, ки бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об баста шудааст. (қҷт. 16.04.2012 №821)

  1. Ҳуқуқи истифодаи об (ғайр аз ҳуқуқи истифода аз захираҳои об барои эҳтиёҷи нўшиданӣ ва маишӣ) дар сурати аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вайрон кардани қоидаҳои истифодаи об ё истифодаи объекти об хилофи мақсаде, ки он дода шудааст, инчунин дар ҳолатҳои ба таври назаррас вайрон кардани таносуби экологии муҳити зист қатъ карда мешавад.
  2. Дар қонун ҷиҳати қатъи ҳуқуқи истифодаи об метавонад дигар асосҳо пешбинӣ гардад.

 

Моддаи 50. Тартиби қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об

  1. Ҳуқуқи истифодаи об бо усусли зайл қатъ мегардад:

-бекор кардан ё боздоштани амали иҷозати истифодаи махсуси об; (қҷт аз 03.05.06 №174)

-кашида гирифтани иншооти об, ки барои истифодаи ҷудогона дода шудааст.

  1. Истифодаи баъдинаи об имкон дорад бо қарори истифодабарандаи аввалаи об ва бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, ки барои истифодаи махсуси об иҷозат додааст, қатъ карда шавад. (қҷт аз 03.05.06 №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 51. Гирифтани объекти об аз истифодаи ҷудогона

Гирифтани объекти об аз истифодаи ҷудогона аз ҷониби мақомоте, ки объекти обро мутобиқи моддаи 36 ба истифодаи ҷудогона додаанд, ба амал бароварда мешавад. Объекти об аз истифодаи мамнўъгоҳҳо мувофиқи моддаи 97 Кодекси мазкур гирифта мешавад.

 

Моддаи 52. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои хоҷагии об, қатъ гардонидан ё тағйир додани шартҳои истифодаи об расонида шудаанд

Зарари ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои хоҷагии об (корҳои гидротехникӣ ва монанди инҳо, ғайр аз ҳолатҳои садамавӣ ва вобаста бо офатҳои табиӣ), инчунин қатъ гардонидан ё тағйир додани шартҳои дар шартномаи истифодаи об нишондодашуда, бояд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.

БОБИ 9

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ НЎШИДАНӢ,

МАИШӢ ВА ДИГАР ЭҲТИЁҶОТИ АҲОЛӢ

 

Моддаи 53. Об ва объектҳое, ки барои эҳтиёчоти нўшиданӣ, маишӣ ва дигар эҳтиёчоти аҳолӣ дода мешаванд

Барои таъмини оби нўшиданӣ, маишӣ, инчунин дигар эҳтиёҷоти аҳолӣ объектҳои обе дода мешаванд, ки сифати онҳо ба талаботи муқарраркардаи санитарӣ мувофиқ мебошад.

 

Моддаи 54. Таъминоти мутамаркази аҳолӣ бо об

  1. Ҳангоми бо тартиби обтаъминкунии мутамарказ истифода намудан аз объекти об барои эҳтиёҷоти нўшиданӣ, маишӣ ва дигар эҳтиёҷоти аҳолӣ шахсони ҳуқукӣ, ки хати қубурҳои оби хоҷагию нўшиданӣ дар идоракунии фаврӣ ё моликияти онҳо қарор гирифтааст, ҳуқуқ доранд, обро аз манбаъҳои обтаъминкунӣ мутобиқи иҷозат барои истифодаи махсуси об ба истеъмолкунандагон диҳанд. (қҷт аз 03.05.06 №174)
  2. Шахсони ҳуқуқӣ вазифадоранд:

-ҳамаи шартҳои технологиро ҳангоми ба истифодабарандагон расонидани оби нўшокӣ иҷро намоянд;

-расонидани оби нўшокиро мувофиқи меъёрҳои муқарраршудаи сифат, ташкили баҳисобгирии оби гирифташаванда, мушоҳидаи (мониторинги) мунтазами сифати обро дар ҷойҳои обгирӣ таъмин намоянд;

-низоми мунтазам додани оби нўшокиро барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ ва ташкилотҳои саноати хўрокворӣ дар навбати аввал таъмин намоянд;

-набояд ба вайрон шудани низоми мунтазами обрасонӣ ба аҳолӣ, эҳтиёҷоти ташкилотҳо, протсесҳои технологиии ба оби нўшокӣ зарурат надошта, сабаб шаванд;

— ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти назорати давлатии санитарӣ ва  мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оиди бад шудани сифати об аз меъёри муқарраргардида хабар диҳанд. (қҷт аз 03.03.06. №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 55. Таъминоти ғайримутамаркази аҳолӣ бо об

  1. Ҳангоми тибқи тартиби обтаъминкунии ғайримутамарказ истифода намудани объекти об барои эҳтиёҷоти нўшиданӣ, маишӣ ва дигар эҳтиёҷоти аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон ҳуқуқ доранд обро бо тартиби умумӣ ё истифодаи махсус бевосита аз манбаъҳои рўизаминӣ ва зеризаминӣ гиранд.
  2. Истифодаи объектҳои обгирие, ки барои ин мақсадҳо пешбинӣ шудаанд, мувофиқи қоидаҳои муқарраркардаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки ин объектҳо дар ҳудуди онҳо воқеъ гардидаанд, анҷом дода мешавад. (қҷт аз 03.03.06. №174)

 

Моддаи 56. Истифодаи оби зеризаминии дорои сифати нўшиданӣ барои эҳтиёҷоте, ки бо таъмини оби нўшиданию маишӣ вобаста нестанд

Истифодаи оби зеризаминии дорои сифати нўшиданӣ барои этиёҷоте, ки бо таъмини оби нўшиданию маишӣ вобаста нестанд, манъ аст. Дар минтақаҳое, ки манбаъҳои зарурии рўизаминии об мавҷуд набуда, захираҳои оби зеризаминии дорои сифати нўшиданӣ кофӣ мебошанд, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об метавонад истифодаи ин обро барои мақсадҳои ба таъминоти нўшиданию маишӣ иртиботнадошта, иҷозат диҳад. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 57. Ҳуқуқи моликият ба системаҳои обрасонии оби нўшокӣ

  1. Системаҳои мутамарказ ва ғайримутамаркази таъмини обрасонии оби нўшокӣ метавонанд моликияти ҷумҳуриявӣ, коммуналӣ ва ё шахсони ҳуқуқӣ бошанд.
  2. Системаи тақсимоти манзилии оби нўшокӣ, системаи алоҳидаи таъминоти оби нўшокӣ, системаҳои таъминоти оби нўшокӣ дар воситаҳои нақлиёт моликияти соҳибони фонди манзилӣ, воситаҳои нақлиёт мебошанд.
  3. Системаҳои мутамарказ ва ғайримутамарказ хусусӣ гардонида намешаванд.
  4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар моликияти худ шабакаҳои таъминоти об дошта бошанд, ки мутобиқи талаботи меъёрҳои амалкунанда ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона сохта шудаанд. (қҷт аз 03.05.06 №174)

 

Моддаи 58. Манбаъҳои маблағгузорӣ дар соҳаҳои таъминоти оби нўшокӣ

Манбаъҳои маблағгузорӣ дар соҳаҳои таъминоти оби нўшокӣ инҳо мебошанд:

-маблағҳои аз ҳисоби пардохти истифобарандагони системаҳои мутамарказ ва истифодабарандагони оби нўшокӣ;

-маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ;

-маблағҳои буҷетҳои маҳаллӣ;

-маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла сармоягузориҳо барои рушди системаҳои таъминоти оби нўшокӣ воридшаванда. (қҷт 20.03.08 №381)

-дигар манбаъҳое, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудааст.

 

Моддаи 59. Сертификатсия дар соҳаи таъминоти оби нўшокӣ

  1. Оби нўшокие, ки барои фурўш дар зарфҳо, воситаҳои инфиродӣ, маишӣ ва дастаҷамъии пок намудан ва безарар гардонидани об, инчунин мавод, реагентҳо, протсесҳои технологӣ ва воситаҳои дигар, ки ба истеъмолкунандагон пешниҳод мешаванд, бояд ҳатман сертификатсия шаванд.
  2. Сертификатсияи оби нўшокӣ, ки ба тариқи системаи марказонидашудаи обрасонӣ дода мешавад, мувофиқи қонунҳои мавҷуда амалӣ мегардад.

 

Моддаи 60. Кафолати таъмини оби нўшокӣ ҳангоми вайрон шудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва ғайримарказонидашудаи обрасонии оби нўшокӣ

  1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, моликони системаҳо, ташкилотҳои обрасонии оби нўшокӣ мутобиқи салоҳияташон ҳангоми вайрон шудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва ғайримарказонидашудаи обрасонии оби нўшокӣ, ки боиси халалдор гардидани таъмини оби нўшокӣ ба истифодабарандагон ё боиси номувофиқ шудани сифати обе, ки мутобиқи талаботи меъёрӣ муқаррар гардидааст, бояд барои бо оби нўшокӣ таъмин намудани истифодабарандагон чора бинанд, бо ин мақсад манбаъҳои эҳтиётӣ ва системаи обрасонии оби нўшокӣ, воситаҳои техникии маишӣ ва дастаҷамъии тоза ва безараргардонии об, таъмини оби нўшокӣ дар зарфҳо ё расонидани онҳоро дар зарфҳо (систернаҳо) барои истифодаи умум таъмин намоянд. (қҷт аз 03.03.06. №174)
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ дар асоси ихтиёрӣ оид ба таъминоти якҷояи об ташкилотҳои ғайридавлатӣ таъсис дода метавонанд. (қҷт аз 03.03.06. №174)
  3. Ташкилотҳои ғайридавлатии таъминоти якҷояи об ҷиҳати баланд бардоштани эътимоднокии бо об таъмин намудани як маҳалла ё гурўҳи маҳалҳои аҳолинишин бо иштироки тамоми аҳолӣ ва ё як қисми аҳолӣ бо мақсади сохтмони шабакаи нав, барқарорсозии шабакаҳои мавҷуда, бо обтаъминкунӣ, дар ҳолати корӣ нигоҳ доштан, маблағгузорӣ ва баҳрабардорӣ аз шабакаҳои истифодаи умум ташкил карда мешаванд. (қҷт аз 03.03.06. №174)
  4. Давлат ташкилотҳои ғайридавлатии таъминоти якҷояи обро дастгирӣ намуда, ҷиҳати ташаккули онҳо мусоидат менамояд. (қҷт аз 03.03.06. №174)

 

БОБИ 10

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ МАҚСАДҲОИ

МУОЛИҶАВӢ, КУРОРТИЮ СОЛИМГАРДОНӢ

 

Моддаи 61. Дар навбати аввал барои мақсадҳои муолиҷавию курортӣ истифода намудани объектҳои обе, ки ба категорияи табобатӣ (маъданӣ) мансуб дониста шудаанд.

  1. Объектҳои обе, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба категорияи оби муолиҷавӣ (маъданӣ) мансуб дониста шудаанд, пеш аз ҳама барои мақсадҳои муолиҷавӣ ва курортӣ истифода мешаванд.
  2. Дар ҳолатҳои истисно макомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзим ва истифода ва ҳифзи захираҳои об бо мувофиқати мақомоти дахлдори тиббӣ метавонанд истифодаи объектҳои оби ба категорияи оби муолиҷавӣ (маъданӣ) мансуб донисташударо барои дигар мақсадҳо иҷозат диҳанд. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 62. Манъ кардани партофтани обҳои  партов ба объектҳои обе, ки ба категорияи обҳои муолиҷавӣ мансуб дониста шудаанд.

Партофтани обҳои партов ба объектҳои обе, ки ба категорияи оби муолиҷавӣ мансуб дониста шудаанд, манъ аст.

 

Моддаи 63. Тартиби истифодаи объектҳои об барои истироҳату варзиш

Тартиби истифодаи объектҳои об барои истироҳату варзиш аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 64. Истифодаи объектҳои об барои шино кардани киштиҳои хурдҳаҷм

  1. Истифодаи объектҳои об барои шино кардани киштиҳои хурдҳаҷм (заврақҳои белу мотордор, катерҳо, яхтаҳои бодбондор ва ғайра) бо риояи қоидаҳои истифодаи киштиҳои хурдҳаҷм, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, иҷозат дода мешавад.
  2. Киштиҳои хурдҳаҷм бояд тибқи тартиби муқарраргардида бо сабти аломатҳо дар девораҳояшон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба қайд гирифта шаванд. (қҷт аз 03.03.06. №174)

 

Моддаи 65. Истифодаи объектҳои об барои моҳидорӣ бо мақсади варзиш ва ҳаваскорӣ

  1. Тамоми объектҳои об, ба истиснои объектҳои обе, ки дар ҳудуди мамнўъгоҳҳо, ҳавзҳои моҳипарварӣ, ҳавзҳо ва дигар хоҷагиҳои парвариши моҳӣ воқеъ гардидаанд, имкон дорад дар сурати риояи қоидаҳои муқарраргардида, барои моҳидорӣ бо мақсади варзиш ва ҳаваскорӣ истифода бурда шаванд.
  2. Барои мақсадҳои мазкур мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об метавонад объекти об ё қитъаҳои алоҳидаи онҳоро ҷудо намояд. (қҷт. 16.04.2012 №821)
  3. Дар обанборҳое, ки ба ҷамъиятҳои варзишӣ барои ташкили хоҷагиҳои моҳипарварӣ дода шудаанд, моҳидорӣ бо мақсади варзиш ва ҳаваскорӣ дар асоси иҷозати ин ҷамъиятҳо, амалӣ мегардад. (қҷт аз 03.05.06 №174)

БОБИ 11

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ

СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

 

Моддаи 66. Истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ

Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ ҳам бо тартиби истифодаи умумӣ ва ҳам бо тартиби истифодаи махсус амалӣ гардонда мешавад. Ҳангоми истифодаи махсуси об системаҳои объёрию оббарорӣ, обмонӣ, хушккунӣ, заҳбурканӣ ва системаҳои обтаъминкунии соҳаи кишоварзӣ, инчунин объекту дастгоҳҳои алоҳидаи хоҷагии об, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мансуб мебошанд, ба кор бурда мешаванд.

 

Моддаи 67. Мақсадҳои истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ дар шароити заминҳои обӣ

Истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати фароҳам овардани низоми мусоиди намӣ дар заминҳои обӣ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин барои таъмини дигар эҳтиёҷоти истеҳсолоти кишоварзӣ амалӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 68. Амалӣ кардани истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ

  1. Истифодаи об дар системаҳои объёрӣ, оббарорӣ ва объёрию оббарорӣ, аз системаҳои дарёҳо, каналҳои магистралӣ, ҳавзаҳои зеризаминӣ ва дигар объектҳои хоҷагии об дар асоси шартномаҳо, нақшаҳои дохилихоҷагӣ (дохили ассотсиатсияҳо) ва умумисистемавии (ҷадвалҳои) истифодаи об амалӣ карда мешавад.
  2. Дар шартномаҳои истифодаи об идораҳои системаҳои объёрӣ, оббарорӣ, объёрию оббарорӣ ва системаҳои обтаъминкунии соҳаи кишоварзӣ шартҳои истифодаи об, инчунин ҳуқуқу ўҳдадориҳои ҳамдигарро дақиқ муайян мекунанд.

 

Моддаи 69. Тасдиқи нақшаҳои истифодаи об

  1. Нақшаҳои истифодаи об дар сатҳҳои гуногун аз ҷониби инҳо тасдиқ карда мешаванд:

— нақшаҳои дохилихоҷагии истифодаи об бо мувофиқати ташкилоти обрасон аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, ки тибқи тартиби маъмурӣ ҳудуди дахлдор тобеи он аст;

— вобаста ба системаҳои дорои аҳамияти ноҳиявӣ (ҳавзавӣ) аз ҷониби  мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки тибқи тартиби маъмурӣ ҳудуди дахлдор тобеи он аст; (қҷт аз 03.03.06. №174)

— вобаста ба системаҳои дорои аҳамияти байниноҳиявӣ, вилоятӣ (ҳавзавӣ), ҷумҳуриявӣ мутобиқан аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об ва ташкилотҳои дар маҳал будаи онҳо бо мувофиқати мақомоти кишоварзӣ. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 70. Тағйир додани миқдори об ва мўҳлатҳои обдиҳӣ

  1. Обдиҳии иловагӣ барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ вобаста ба дархости истифодабарандаи об мутобиқи шартҳои дар шартнома зикргардида, анҷом дода мешавад.
  2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об ҳуқуқ дорад: (қҷт. 16.04.2012 №821)

-ҳангоми кам шудани сатҳи оби манбаи объёрӣ (бо риояи усули таъминоти баробари об) ба истифодабарандагон додани обро маҳдуд намояд, дар давраи камобӣ дар манбаъҳои алоҳидаи обдиҳии системаи объёрӣ гардиши обро ҷорӣ намояд;

-дар ҳолатҳои истифодаи бесамари об, худсарона гирифтани об аз ҷониби истифодабарандагони алоҳида обдиҳиро мувофиқи моддаи 49 Кодекси мазкур қатъ кунад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима бандад;

-вобаста ба тағйир ёфтани низоми оби манбаи объёрӣ, шароити обу ҳаво, дигар сабабҳое, ки зарурати тағйир додани мўҳлатҳои обдиҳии дар шартномаҳо пешбинигардидаро ба миён меоранд, ҷадвали обдиҳиро барои истифодабарандагони об тағйир диҳад. Тағйирот дар шартҳои истифодаи об метавонад танҳо дар асоси қоидаҳое, ки дар шартномаҳои обрасонӣ зикр шудаанд, ворид карда шавад.

 

Моддаи 71. Ўҳдадориҳои обистифодабарандагоне, ки объектҳои обро барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ истифода мебаранд

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки аз объектҳои об барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ истифода мебаранд, вазифадоранд ўҳдадориҳои муқарраргардидаи шартномавӣ ва низоми истифодаи обро риоя намоянд, тамоми намудҳои талафоти обро кам кунанд, баҳисобгирии дахлдор ва назорати миқдори оби истифодашавандаро таъмин карда, иншоот ва дастгоҳҳои обченкуниро дар ҳудуди худашон ҳифз намоянд.

 

Моддаи 72. Объёрӣ тавассути обҳои партов

Объёрии заминҳо ба воситаи обҳои партов аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарӣ, ветеринарӣ ва экологӣ иҷозат дода мешавад. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 73. Истифодаи об барои объёрии заминҳое, ки ҷангалҳо, қитъаҳои ҷангалҳо ва боғҳои ниҳолпарварӣ ҷойгир шудаанд.

Муқаррароти моддаҳои 68, 74 Кодекси мазкур ҳамчунин барои объёрии заминҳое, ки ҷангалҳо, қитъаҳои ҷангалҳо ва боғҳои ниҳолпарварӣ ҷойгир гардидаанд, татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 74. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти ассосиатсияҳои истифодабарандагони об ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ метавонанд дар асоси иҷозати истифодаи махсуси об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дода шуда ва шартнома бо ташкилоти обрасони маҳаллии хоҷагии об аз объектҳои об барои объёрӣ истифода баранд. (қҷт аз 03.05.06 №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 75. Бо об таъмин намудани хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ ва дигар хоҷагиҳо

Бо об таъмин намудани хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва дигар хоҷагиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, мувофиқи шартномаи байни ташкилоти обрасони хоҷагии об ва ассотсиатсия ё дигар иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки хоҷагиҳои номбурда дар ҳудуди он ҷойгиранд, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 76. Манъ будани танзими об аз объектҳои оби таъминоти байнихоҷагӣ аз тарафи истифодабарандагони об

  1. Ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ — истифодабарандагони об худсарона танзим намудани объектҳои гидротехникӣ дар каналҳо ва обанборҳои таъиноти байнихоҷагӣ бо мақсади зиёд ё кам кардани хароҷоти об, инчунин дар онҳо васл намудани сарбандҳои муваққатӣ, дастгоҳҳои обкашӣ ва дигар объекту воситаҳо манъ аст.
  2. Партофтани об аз ҳавзҳо, каналҳо ва дигар иншоотҳои объёрикунанда дар ҳолатҳои даркорӣ танҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзим ва ҳифзи захираҳои об иҷозат дода мешавад. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 77. Манъ будани рафтуомади тракторҳо, воситаҳои нақлиёт, обдиҳӣ ва рондани чорво аз болои каналҳо ва дигар объектҳои гиротехникӣ

  1. Рондани чорво, рафтуомади тракторҳо, мошинҳои кишоварзӣ, автомобилҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт аз болои каналҳо ва дигар объектҳо дар ҷойҳое, ки барои ин мақсадҳо пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.
  2. Обдиҳии чорво аз каналу обанборҳо танҳо дар сурати мавҷуд будани майдончаҳо ё ҷойҳои махуси барои ин мақсад ҷиҳозонидашуда, иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 78. Иштироки истифодабарандагони об дар корҳои ирригатсионию мелиоративӣ

Барои нигоҳ доштан ва беҳтар кардани системаҳои объёрӣ, оббарорӣ ва объёрию оббарорӣ истифодабарандагоне, ки аз ин системаҳо об мегиранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои корҳои ирригатсионию мелиоративӣ ҷалб кардан мумкин аст.

 

Моддаи 79. Бо об таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ

  1. Бо об таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ ба обтаъминкунии мутамарказ ва ғайримутамарказ тақсим карда мешавад. Ҳангоми обтаъминкунии мутамаркази соҳаи кишоварзӣ қоидаҳои моддаи 54 Кодекси мазкур татбиқ карда мешаванд.
  2. Бо обтаъминкунии ғайримутамаркази ташкилотҳои алоҳидаи кишоварзӣ, обёрӣ намудани чарогоҳҳо бо иҷозати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарию ветеринарӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об анҷом дода мешавад. (қҷт аз 03.03.06. №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)
  3. Шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки системаҳои обтаъминкуниро барои обёрии чарогоҳҳо ва дигар мақсадҳои кишоварзӣ истифода мебаранд, вазифадоранд ба ҷоришавии бесамари об, шўру ботлоқшавии заминҳо роҳ надиҳанд.

 

БОБИ 12

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ МАҚСАДҲОИ САНОАТӢ ВА ЭҲТИЁҶОТИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ

 

Моддаи 80. Ўҳдадориҳои обистифодабарандагоне, ки объектҳои обро барои мақсадҳои саноатӣ истифода мебаранд

Обистифодабарандагоне, ки объектҳои обро барои мақсадҳои саноатӣ истифода мебаранд ўҳдадоранд меъёрҳои технологӣ ва қоидаҳои истифодаи обро риоя намуда, инчунин барои кам кардани хароҷоти об ва қатъ кардани партофтани обҳои партов бо роҳи такмили технологияи истеҳсолот ва схемаи обтаъминкунӣ (истифодаи равандҳои технологии беоб, таъминоти об бо усули гардиш ва дигар усулҳои технологӣ) тадбирҳо андешанд.

 

Моддаи 81. Маҳдудияти истифодаи оби нўшиданӣ барои мақсадҳои саноатӣ

Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳолатҳои офати табиӣ, садамаҳо, камобӣ ва дигар ҳолатҳои махсус ҳуқуқ доранд, истеъмоли оби нўшиданиро барои мақсадҳои саноатӣ аз шабакаҳои коммуналӣ кам ё манъ ва аз хатҳои оби хоҷагию нўшидании идоравӣ ба манфиати дар навбати аввал қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба оби нўшиданӣ ва маишӣ муваққатан маҳдуд намоянд. (қҷт аз 03.03.06. №174)

 

Моддаи 82. Истифодаи оби зеризаминӣ барои обтаъминкунии технологӣ ва дигар эҳтиёҷоти истеҳсолӣ

Оби зеризаминӣ (оби ширин, маъданӣ ва гарм), ки ба категорияи оби нўшиданӣ ё муолиҷавӣ мансуб дониста нашудаанд, метавонанд тибқи тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида барои обтаъминкунии технологӣ, аз онҳо ҷудо карда гирифтани унсурҳои кимиёвии дар таркибашон мавҷуда, ба даст овардани нерўи гармӣ ва дигар эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, бо риояи талаботи истифодаи сарфакорона ва ҳифзи об, истифода бурда шаванд.

 

Моддаи 83. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти гидроэнергетикӣ

  1. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти гидроэнергетикӣ бо дарназардошти манфиатҳои соҳаҳои дигари хоҷагии халқ амалӣ карда мешавад, агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дар ин маврид тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд. Пур кардану истифода намудани обанборҳо ҳар сол танҳо бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об анҷом дода мешавад. (қҷт. 16.04.2012 №821)
  2. Бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд имкониятҳои инженерии каналҳо ва дигар объектҳои мавҷудаи гидротехникии таъиноти гуногунро барои истеҳсоли неруи барқ, агар ин амал ба кори асосии ин объект зарари воқеӣ нарасонад, истифода намоянд. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 84. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои муассисаҳои гидроэнергетикӣ оиди истифодабарии об

  1. Муассисаҳои гидроэнергетикӣ ҳуқуқ доранд:

-обро барои истеҳсоли қувваи барқ дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшуда истифода баранд;

-чорабиниҳоро оиди беҳтар истифодабарии обанборҳо, ба мақсадҳои энергетикӣ ба амал бароранд, агар талаботи истифодабарии маҷмўъи ва ҳифзи обро вайрон намекарда бошад;

-аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риояи қоидаҳои истифодаи мўътадили обанборҳоро барои эҳтиёҷоти гидроэнергетикӣ талаб намоянд.

  1. Муассисаҳои гидроэнергетикӣ ўҳдадоранд:

-низоми муқараршудаи пур кардан ва обпартоӣ аз обанбор, каму зиёд шудани сатҳи боло ва поёни обро риоя намоянд;

-бе мамониат гузаштан ва бехатарии киштиҳо, қаиқҳо, ба амал баровардани обпартоиҳои санитарӣ ва ҳифзи табиатро дар асоси  лоиҳаҳо таъмин кунанд;

-иншоотҳои ҳифзи моҳӣ, ҷои гузариши моҳиҳо ба ҷойҳои тухмгузорӣ ва ҳифзи дигар ҳайвоноту набототи обиро дар ҳолати мусоид нигоҳ доранд;

-устувории иншоотҳо ва истифодаи бесадамаи техникиро ҳангоми ҳодисаҳои сел, обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ таъмин намоянд.

 

БОБИ 13

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ

НАҚЛИЁТИ ОБИЮ ҲАВОӢ

 

Моддаи 85. Роҳҳои обии истифодаи умумӣ

Илова ба талаботи моддаи 4 Кодекси мазкур дарёҳо, кўлу обанборҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои обии истифодаи умумӣ мебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки истифодаи онҳо бо ин мақсадҳо пурра ё қисман манъ гардидааст ё онҳо барои истифодаи ҷудогона дода шудаанд.

 

Моддаи 86. Тартиби ба категорияи киштигард мансуб доданистани роҳҳои обӣ ва муқаррар намудани қоидаҳои истифодабарии онҳо

Тартиби ба категорияи киштигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодабарии онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 87. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавоӣ

Тартиби истифодаи объектҳои об барои истгоҳ, парвоз ва фурудоӣ, инчунин барои дигар эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

БОБИ 14

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ

ХОҶАГИИ МОҲИПАРВАРӢ

 

Моддаи 88. Маҳдуд намудани истифодаи оби обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба манфиати хоҷагиҳои моҳипарварӣ

  1. Дар обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ ё қитъаҳои алоҳида, ки барои нигоҳдорӣ, такрористеҳсол ва шикори намудҳои нодири моҳиҳо аҳамияти махсус доранд, ҳуқуқи истифодабарандагони об имкон дорад, ба манфиати хочагиии моҳипарварӣ маҳдуд карда шавад.
  2. Номгўи чунин обанборҳо ё қитъаҳои онҳо ва намудҳои маҳдудияти истифодаи об аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об муайян карда мешавад. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 89. Тадбирҳои муҳофизат ва такрористеҳсоли захираҳои моҳӣ

  1. Ҳангоми истифодаи объектҳои гидротехникӣ ва дигар объектҳо дар обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ барои такрористеҳсоли онҳо истифодабарандагони об бояд шароит муҳайё созанд ва тадбирҳои таъминкунандаи ҳифзи захираҳои моҳиро амалӣ гардонанд.
  2. Дар ҷойҳои тухмгузорӣ ва чуқуриҳои зимистонгузаронӣ дар обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ гузаронидани корҳои заминканӣ ва хокпартоӣ, дигар корҳои ба ҳолати захираҳои моҳӣ ва шароитҳои такрористеҳсоли онҳо таъсири манфӣ расонанда, манъ аст. Гирифтани об аз обанборҳои моҳигирӣ барои мақсадҳои саноатӣ, объёрӣ ва дигар эҳтиёҷот танҳо дар ҷойҳое, ки бо мақомоти ҳифзи моҳӣ мувофиқат шудааст, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 90. Ўҳдадориҳои ташкилотҳое, ки обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарвариро истифода мебаранд

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ барои ба роҳ мондани моҳипарварӣ ба истифодаи онҳо дода шудаанд, вазифадоранд барои такрористеҳсоли захираҳои моҳӣ шароит фароҳам оварда, корҳои зарурии мелиоративиро анҷом диҳанд, инчунин заминистифодабарандагон қитъаҳои соҳилро дар ҳолати мусоиди санитарӣ нигоҳ доранд.

 

Моддаи 91. Тартиби истифодаи объектҳои об барои  эҳтиёҷоти хоҷагии моҳипарварӣ

Тартиби  истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти хоҷагии моҳипарварӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

БОБИ 15

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ ХОҶАГИИ ШИКОР

 

Моддаи 92. Ҳуқуқҳои афзалиятноки ташкилотҳои хоҷагии шикор оид ба истифодаи об

Дар дарёҳо, кўлу дигар объектҳое, ки маҳалҳои зисти паррандаҳои ёбоии дар об шинокунанда ва ҳайвоноти қиматноки мўинадор мебошанд, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об метавонанд ба ташкилотҳои хоҷагии шикор бо дарназардошти талаботи истифодаи маҷмўӣ ва ҳифзи об ҳуқуқҳои афзалиятнок фароҳам оранд. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 93. Тартиби истифодаи объектҳои об барои эҳтиёчоти хоҷагии шикор

  1. Тартиби истифодаи объектҳои обро барои эҳтиёҷоти хоҷагии шикор (парвариши паррандаҳои обӣ, ҳайвоноти мўинадор, парвариши растаниҳои обӣ ва гузаронидани дигар чорабиниҳои зарурӣ барои пешбурди хоҷагии шикор) мақомоти ҷумҳуриявии хоҷагии ҷангал таҳия намуда, бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти назорати давлатии санитарӣ ва дигар мақомоти манфиатдор мувофиқат мекунад. (қҷт. 16.04.2012 №821)
  2. Тартиби истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти хоҷагии шикор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

БОБИ 16

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ

ЭҲТИЁҶОТИ МАМНЎЪГОҲҲО

 

Моддаи 94. Объектҳои обии мамнўъгоҳҳо

Объектҳои обе, ки дорои арзиши махсуси илмию фарҳангӣ мебошанд, тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ аз тарафи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнўъгоҳ эълон гардида, бо мақсади ҳифзи табиат ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ ба мамнўъгоҳҳо барои истифодаи бемўҳлату алоҳида дода мешаванд.

 

Моддаи 95. Ҳамчун ёдгориҳои табиат ё фарҳанг эътироф намудани объектҳои об

Объектҳои обе, ки дорои арзиши илмию фарҳангӣ мебошанду мамнўъгоҳ эълон гардидаанд, бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ёдгориҳои табиат ё фарҳанг дониста мешаванд. Қарор дар бораи ёдгориҳои табиат ё фарҳанг донистани объектҳои об ва муқаррар намудани шартҳои махсуси истифодаи онҳо ба маълумоти аҳолӣ ва ташкилотҳои манфиатдор расонида мешавад.

 

Моддаи 96. Тартиби истифодаи объектҳои оби мамнўъгоҳҳо ва тадбирҳои ҳифзи онҳо

  1. Тартиби истифодаи оби мамнўъгоҳҳо тибқи низомномаҳои мамнўъгоҳҳо муайян карда мешавад. Дар мамнўъгоҳҳо амале, ки ҳолати табиии объекти обро вайрон мекунад, манъ аст. Ба объектҳои обии мамнўъгоҳҳо шаҳрвандон танҳо бо иҷозати маъмурияти онҳо роҳ дода мешаванд. Партофтани оби партов ба ҳавзҳои оби объектҳои бо об таъминкунандаи мамнўъгоҳҳо, инчунин корҳои гидромелиоративие, ки метавонанд ҳолати табиии ин объектҳоро тағйир диҳанд, бо риояи қоидаҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда ва бо мувофиқати мамъмурияти мамнўъгоҳҳои дахлдор гузаронида мешаванд.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба минтақаҳои муҳофизатии атрофи мамнўъгоҳҳо объекти обро бо қатъ ё маҳдуд кардани намудҳои истифодаи об дар ин объект, ки боиси вайрон шудани ҳолати аслии табиати мамнўъгоҳҳо мегарданд, дохил намояд.

 

 

Моддаи 97. Кашида гирифтани объектҳои об аз истифодаи мамнўъгоҳҳо

Кашида гирифтани объектҳои об аз истифодаи мамнўъгоҳҳо танҳо дар ҳолати зарурати махсус дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

 

БОБИ 17

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ

ПАРТОФТАНИ ОБҲОИ ПАРТОВ

 

Моддаи 98. Додани иҷозат ҷиҳати истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партов

Истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партови саноатӣ, коммуналию маишӣ, дренажӣ, боронҳои сел ва дигар обҳои партов танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарӣ, ҳифзи захираҳои моҳӣ ва дигар мақомоти манфиатдор анҷом дода мешавад. Иҷозат дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки зарурат ва имконияти истифодаи объектҳои обро барои обҳои партов асоснок мекунанд, дода мешавад. (қҷт аз 03.05.06 №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 99. Манъ будани партофтани обҳои партов ба объектҳои обии ба категорияҳои эҳтиёҷоти нўшиданӣ мансубт дониста шуда

Партофтани обҳои партов ба объектҳои обии ба категорияҳои оби нўшиданӣ мансуб донисташуда, манъ аст.

 

Моддаи 100. Шартҳои имконпазири партофтани оби партов ба объектҳои об

  1. Партофтани оби партов танҳо дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки агар ин амал боиси дар таркиби объекти об аз меъёрҳои муқарраргардида, зиёд шудани маводи ифлоскунанда нагардад ва ва истифодабаранда оби партовро то ҳадде, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об муқаррар намудааст, тоза кунад.
  2. Дар сурати вайрон кардани талаботи мазкур партофтани оби партов бояд аз ҷониби мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи об манъ ва ҳатто фаъолияти ташкилотҳои саноатӣ, сехҳо, дастгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳои алоҳида қатъ гардонида шавад.
  3. Дар ҳолатҳои мавҷуд будани хавфи таҳдид ба саломатии аҳолӣ мақомоте, ки назорати давлатии санитариро амалӣ мегардонанд, ҳуқуқ доранд партофтани оби партовро то қатъ гардонидани истифодаи объекти истеҳсолӣ ва дигар объектҳо манъ карда, дар ин хусус ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об хабар диҳанд. Тамоми тадбирҳое, ки тоза ва безараркунии оби  партови корхонаҳои аз нав сохташаванда ва таъмиршавандаи саноатӣ, коммуналию кишоварзиро дар объектҳои об таъмин менамоянд, бояд то ба истифода додани иқтидорҳои истеҳсолии ин корхонаҳо анҷом дода шаванд. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 101. Тартиб ва шартҳои истифодаи объектҳои об барои партофтани оби партов

Тартиб ва шартҳои истифодаи объектҳои об барои партофтани оби партов аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 18

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ ЗИДДИ СЎХТОР, БАРТАРАФ НАМУДАНИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА ДИГАР ҲОЛАТҲОИ БА ОН МОНАНД

 

Моддаи 102. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти зидди сўхтор

Гирифтани об барои эҳтиёҷоти зидди сўхтор аз ҳама гуна объекти об иҷозат дода мешавад. Истифодабарандагони об вазифадоранд оби дар ихтиёрашон бударо барои сўхторхомўшкунӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда бепул ва бемамониат диҳанд.

 

Моддаи 103. Тартиби истифодаи объекти об барои эҳтиёҷоти зидди сўхтор, бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда ва дигар зарурати давлатию ҷамъиятӣ

Тартиби истифодаи объекти об барои эҳтиёҷоти зидди сўхтор ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин дигар зарурати давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 19

ИСТИФОДАИ ОБАНБОРҲО

 

Моддаи 104. Низоми пуркунӣ ва обпартоӣ аз обанборҳо

Шахсони воқеӣ ва ҳуқукии истифодабарандагони хатҳои қубури об, объектҳои обгузаронӣ ё обгирӣ вазифадоранд низоми пуркунӣ ва обпартоиро аз обанборҳо, ки бо дарназардошти манфиатҳои обистифодабарандагони дар минтақаҳои таҳти таъсири обанборҳо қарордошта муқаррар шудааст, риоя намоянд.

 

Моддаи 105. Тартиби истифодабарии обанборҳо

Тартиби истифодаи обанборҳо бо қоидаҳое, ки макомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об барои ҳар як обанбор, силсила ё системаи обанборҳо бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарӣ ва дигар мақомоти манфиатдор тасдиқ шудаанд, муайян карда мешавад. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 106. Ташкил ва ҳамоҳангсозии тадбирҳое, ки ҳолати зарурии техникӣ ва ободонии обанборҳоро таъмин мекунанд

Ташкил ва ҳамоҳангсозии тадбирҳое, ки ҳолати зарурии техникӣ ва ободонии обанборҳоро таъмин мекунанд, инчунин назорат аз болои риояи қоидаҳои истифодабарии онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 107. Кўлҳо ва дигар ҳавзҳо, ки ба сифати обанборҳо истифода мешаванд

Муқаррароти моддаҳои 104-106 Кодекси мазкур ҳамчунин барои истифодаи кўлу дигар ҳавзҳо, ки ба сифати обанборҳо истифода мешаванд, татбиқ мегардад.

 

БОБИ  20

ҲАЛЛИ БАҲСҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ОБ

 

Моддаи 108. Мақомоте, ки баҳсҳоро дар хусуси истифодаи об ҳал мекунанд

Баҳсҳо вобаста ба истифодаи об аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об,  инчунин суд бо тартиби муқарранамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд. (қҷт аз 03.03.06. №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 109. Ҳалли баҳсҳо оиди истифодаи об байни  истифодабарандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодабарандагони давлатҳои дигар

Баҳсҳо оиди истифодаи об байни истифодабарандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодабарандагони давлатҳои дигар аз  ҷониби ҳукуматҳои давлатҳо ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи  110. Ҳалли баҳсҳо оиди ҳуқуқи  истифодаи  махсуси об

Баҳсҳо  оиди ҳуқуқи истифодаи махсуси об аз ҷониби мақомоте, ки  иҷозати истифодаи объекти обро додааст, ҳал карда мешаванд. (қҷт аз 03.05.06 №174)

 

Моддаи 111. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳалли баҳсҳои байни истифодабарандагони об

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳоро, ба истиснои баҳсҳои дар моддаи 110, 116  Кодекси мазкур пешбинишуда, доир ба  истифодаи об байни  обистифодабарандагони воқеъ дар ҳудуди ноҳияҳои (шаҳрҳои) гуногуни ҷумҳурӣ, ноҳияҳои (шаҳрҳои) тобеи  ҷумҳурӣ аз як тараф, тобеи  вилоятӣ ва шаҳри Душанбе аз тарафи дигар ва байни  вилоятҳои, сарфи назар ва шакли моликият ва  тобеияташон, ҳал мекунад.

 

Моддаи 112. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроияти вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар бобати ҳалли баҳсҳо оид ба  истифодаи об

Мақомоти  ҳокимияти иҷроияти вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баҳсҳоро вобаста ба истифодаи об байни шахсони ҳуқуқии дар  ноҳияҳои  (шаҳрҳои) гуногуни вилоят ва шаҳри  Душанбе воқеъгардида, ба  истиснои ҳолатҳое, ки ҳалли онҳо  ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид  ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об мансуб дониста  шудааст, ҳал менамоянд. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 113. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳо, шаҳрҳо дар бобати ҳалли баҳсҳо оид  ба истифодаи об

Мақомоти  ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳо  ва шаҳрҳо баҳсҳоро оид ба истифодаи об дар байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  вобаста  ба масъалаҳои истифодаи объектҳои оби воқеъ дар ҳудуди ноҳияи  (шаҳри) мазкур, ба истиснои  баҳсҳое, ки ҳалли онҳо ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ оид  ба танзими  истифода ва  ҳифзи захираҳои об мансуб дониста шудаанд, ҳал менамоянд. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 114. Салоҳияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бобати ҳалли баҳсҳо оид ба истифодаи об

Мақомоти худидоракунии  шаҳрак ва деҳот баҳсҳои байни шаҳрвандонро оид ба  масъалаҳои истифодаи объектҳои оби дар ҳудуди онҳо воқеъгардида, ба истиснои  баҳсҳое, ки ҳалли онҳо ба салоҳияти мақомоти  ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, дигар мақомоти давлатии ба ин ваколатдор мансуб дониста шудааст, ҳал мекунанд. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 115 Салоҳияти мақомоти  танзимкунандаи истифода ва ҳифзи об, дар бобати ҳалли баҳсҳо вобаста ба истифодаи об

Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, баҳсҳоеро оид ба истифодаи об ҳал мекунад, ки  мувофиқи қонунгузорӣ ба салоҳияти он мансуб дониста шудааст. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 116. Ҳалли баҳсҳо доир  ба истифодаи об дар байни истифодабарандагони аввала ва баъдина, инчунин  дар байни истифодабарандагони баъдинаи об

Баҳсҳо оид ба истифодаи об дар байни  истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об, инчунин байни истифодабарандагони баъдинаи об аз ҷониби мақомоте, ки иҷозати истифодаи махсуси  обро додааст, ҳал мегарданд. (қҷт аз 03.05.06 №174)

 

Моддаи 117. Тартиби  баррасии баҳсҳо дар хусуси истифодаи об

Баҳсҳо дар хусуси истифодаи об дар аризаи  далелноки яке аз тарафҳо, ки  ба он ҳуҷҷатҳои лозимӣ, аз ҷумла  маводи  дар якҷоягӣ аз тарафи  мақомоти ваколатдори  давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, идораи  системаи  обтаъминкунӣ, истифодабарандагони об таҳияшуда замима мегардад, баррасӣ карда  мешаванд. (қҷт. 16.04.2012 №821)

Иҷрои қарорҳо дар мавриди баҳсҳои вобаста ба истифодаи об, агар дар қарор мақоми дигари иҷрокунанда зикр нагардида бошад, аз  ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об таъмин карда мешавад. Даъво аз болои қарор  дар мавриди баҳси вобаста ба истифодаи об иҷрои онро мавқуф  намегузорад. Мақоми дар хусуси баҳси   вобаста  ба истифодаи об қарор  қабулкарда ҳуқуқ дорад,  иҷрои қарорро то аз ҷониби мақоми болоӣ баррасӣ гардидани даъво мавқуф гузорад. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 118. Ҳалли баҳсҳои амволӣ  ва дигар баҳсҳо вобаста ба муносибатҳо оид ба  об

Баҳсҳои  амволӣ ва дигар баҳсҳое, ки ба муносибатҳои оид ба об вобаста мебошанд, инчунин аз ҷониби судҳо ҳал карда  мешаванд.

Ф А С Л И III

 

ҲИФЗИ ОБ ВА ПЕШГИРИИ ТАЪСИРИ ЗАРАРОВАРИ ОНҲО

 

БОБИ 21. ҲИФЗИ ОБ

 

Моддаи 119. Вазифаи ҳифзи об

Тамоми об ( объектҳои об) аз  ифлосу олудашавӣ ва камшавӣ, ки  метавонанд ба саломатии  аҳолӣ зарар расонда, дар натиҷаи  тағйир  ёфтани хусусиятҳои физикӣ, кимёвӣ ва биологӣ паст шудани қобилияти худтозашавии табиӣ боиси вайрон гардидани  низоми  гидрологӣ ва гидрогеологӣ, кам шудани захираҳои моҳӣ, бад шудани обтаъминкунӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб гарданд, бояд ҳифз карда  шаванд.

 

Моддаи 120. Гузаронидани тадбирҳое, ки ҳифзи об, инчунин беҳтаршавии ҳолат ва низоми обро таъмин мекунанд

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии фаъолияташон ба вазъи об  таъсиррасонанда вазифадоранд мустақилона ё бо мувофиқати  мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои обмақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти назорати давлатии санитарӣ ва дигар  мақомоти давлатии манфиатдор ё тибқи  дастури мақомоти давлатии ба ин ваколатдор тадбирҳои  технологӣ, мелиоративии ҷангал, агротехникӣ, гидротехникӣ, санитарӣ ва дигар тадбирҳоеро андешанд, ки ҳифзи обро  аз ифлосу олудашавӣ ва камшавӣ таъмин намуда, ба беҳтар шудани ҳолат ва  низоми об мусоидат менамоянд. (қҷт аз 03.03.06. №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 121. Тадбирҳое, ки ҳифз, беҳтар гардидани  ҳолат ва низоми обро таъмин мекунанд

Тадбирҳое, ки ҳифзи обро аз ифлосу олудашавӣ ва камшавӣ, инчунин беҳтар гардидани ҳолату низоми обро таъмин  мекунанад, инҳо мебошанд:

-технологӣ — тадбирҳое, ки ба сохтмони системаи гардиши оби таъминоти саноати об, объектҳои тоза ва безараргардонии оби партов, ташкили равандҳои технологии объекти истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ равона шудаанду кори устувори  объектҳои тоза ва  безараркунандаи оби партов, ташкили равандҳои технологӣ, ки пайдошавии обҳои ифлосшудаи партовро истисно мекунанд, таъмин  менамоянд;

-мелиоративии ҷангал ва агротехникӣ-тадбирҳое мебошанд, ки мустаҳкам кардани соҳилҳои объектҳои об, муҳофизати онҳоро аз вайрон ва ботлоқшавӣ, инчунин  мўътадил ва беҳтар гардидани низоми табии ҷоришавии объектҳои обро  таъмин мекунанд;

-гидротехникӣ-тадбирҳое, ки барои таъсиси система ва объекти  гидротехникии таъминкунандаи шароити мусоиди истифодаи об ва  мустаҳкамии  соҳилҳо, инчунин дар мавридҳои зарурӣ тозакунии маҷрои дарёҳо, каналҳо, қаъри ҷўйборҳо, кўлу обанборҳоро аз обовардҳою  таҳшинҳои зараровар равона карда шудаанд;

-санитарию техникӣ-тадбирҳое, ки безарар ва бесирояткунии оби  партови ба объектҳои об  партофташаванда, инчунин ҳифзи санитарӣ ва  ободонии ҳудуди наздисоҳилии таҳти фаъолияти хоҷагӣ қароргирифтаро таъмин менамоянд;

— дигар  тадбирҳои имконпазир, ки ҳифзи обро таъмин намуда, ба  беҳтар шудани ҳолату низоми он мусоидат мекунанд.

 

Моддаи  122. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзи об

  1. Тадбирҳои ҳифзи об дар дурнамои рушду иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи истифодаи  маҷмўӣ ва ҳифзи  захираҳои оби ҳавзаи дарёҳо ва умуман ҷумҳурӣ, инчунин барномаҳои дарозмўҳлати давлатию минтақавӣ ва нақшаҳои рушду ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда ва соҳаҳои хоҷагии халқ пешбинӣ карда  мешаванд.
  2. Банақшагирии минтақавии ҳифзи об аз ҷониби мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси  нақшаҳои ҳавзавии  зикргардида  сурат мегирад. (қҷт аз 03.03.06. №174)
  3. Банақшагирии соҳавиии ҳифзи обро вазорату идораҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, дар асоси нишондиҳандаҳои банақшагирии минтақавӣ анҷом медиҳанд.
  4. Маблағгузории тадбирҳои ҳифзи об аз ҳисоби давлат буда, ҳангоми ташаккули буҷети ҳарсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба инобат гирифта шавад, инчунин ин тадбирҳо аз ҳисоби маблағҳои истифодабарандагони об низ ба амал бароварда мешаванд.

Моддаи 123. Манъи партофтани   партовҳо ба объектҳои об

Ба объектҳои об партофтани  партовҳои истеҳсолӣ, маошӣ ва  дигар намудаҳои партовҳо ва пасмондаҳо, ба истиснои ҳолатҳои дар  моддаҳои 98-101 Кодекси мазкур пешбинигардида, манъ аст.

 

Моддаи 124. Ҳифзи об, маҷрои дарёҳо, яхи болои обанборҳо, сатҳи ҳавзҳо, пиряхҳо ва  барфтўдаҳо

  1. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ роҳ додан ба ифлосу олудашавии сатҳи ҳавзҳо, маҷрои дарёҳо, яхи болои обанборҳо, болои пиряхҳо ва барфтўдаҳо бо партовҳои истеҳсолӣ ва дигар пасмондаву партовҳо, инчунин бо маҳсулоти нафт ва кимёвӣ, ки  шустани онҳо боиси бад  шудани сифати оби руизаминӣ ва зеризаминӣ мегардад, манъ аст.
  2. Ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин шахсони воқеӣ, соҳибони воситаҳои нақлиёти обӣ, хатҳои қубурҳо, воситаҳои шинокунанда ва дигар объектҳо дар  манбаъҳои об, инчунин истифодабарандагрни замин вазифадоранд ифлосу олудашавии обро аз рехтани  равғанҳо, нафт, нуриҳо, заҳрҳо, моддаҳои заҳрдор ва дигар маҳсулоти кимиёвӣ, ё фаъолияти дигар пешгирӣ намоянд. Онҳое, ки ба ифлос  шудани оби руизаминию  зеризаминӣ бо нуриҳо ва дигар  заҳрҳои кимиёвӣ ва  маҳсулоти зараровар  роҳ  додаанд ва зарари назаррас ворид карда бошанд, тибқи тартиби муқараракардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 125. Ҳавзҳо, китъаҳо ва минтақаҳои  ҳифзи санитарии об

  1. Бо мақсади ҳифзи об барои таъминоти нўшиданию маишӣ, муолиҷавӣ курортӣ ва эҳтиёҷоти солимгардонии аҳолӣ истифодашаванда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавзҳо, қитъаҳо ва минтақаҳои ҳифзи санитарӣ муқарар карда  мешаванд.
  2. Кашида гирифтани минтақаҳои санитарӣ барои ҳама гуна эҳтиёҷот манъ аст.

 

Моддаи 126.  Тадбирҳои ҳифзи об аз камшавӣ

Бо мақсади нигоҳ доштани низоми мусоиди оби дарёҳо, кўлу  обанборҳо, оби зеризаминӣ ва дигар  объектҳои об, пешгирӣ намудани  вайроншавии заминҳо аз об, лойқашавии  махзанҳои  об, бад шудани  шароити муҳити зисти ҳайвоноти обӣ, ҷиҳати кам кардани ноустувории резиши об ва ғайра минтақаҳои ҳифзшавандаи оби  ҷангалҳо муқаррар карда мешаванд, ки дар он ҷойҳо шахсони воқеӣ ва  ҳуқуқии  манфиатдор, сарфи назар аз шакли моликият, вазифадоранд тибқи тартиби   пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  тадбирҳои зидди бодлесӣ, мелиоративии ҷангал, гидротехникӣ ва  дигар    тадбирҳоро  андешанд.

 

Моддаи 127. Зарурати ба назар гирифтани  манфиатҳои истифодабарандагони об ҳангоми ҷойгиркунӣ ва сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки  ба ҳолати об таъсир мерасонанд

Ҳангоми  мувофиқаткунонии масъалаҳои ҷойгиркунонии сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои  ба ҳолати об  таъсиррасонанда, инчунин ҳангоми додани  иҷозати барои  истифодаи махсуси об  мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об вазифадоранд нақшаҳои истифодаи маҷмўъӣ ва ҳифзи об, тавозунҳои (балансҳои) хоҷагии обро, ки  манфиатҳои истифодабарандагони об ва талаботи ҳифзи муҳити зистро ба назар мегиранд, дастури амал қарор  диҳанд. (қҷт аз 03.05.06 №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 128. Тадбирҳои ҳифзи оби зеризаминӣ аз камшавӣ

Агар ҳангоми гузаронидани корҳои пармакунӣ ва кўҳкании  вобаста ва ҷустуҷў, кашф ва   истифодаи  конҳои газ, нафт ва дигар канданиҳои фоиданок қабатҳои зеризаминии дорои об ошкор гарданд, шахсонии воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд фавран дар ин бора ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба  танзими истифода  ва ҳифзи захираҳои об хабар дода, тибқи тартиби муқарраргардида доир ба  ҳифзи оби  зеризаминӣ аз ифлосшавӣ ва камшавӣ тадбирҳо андешанд, чоҳҳоеро, ки  обашон худ аз худ мебароянд, бо дастгоҳҳои  танзимкунанда ва воситаҳои   назорат муҷаҳҳаз намоянд. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

БОБИ  22

 

ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ТАЪСИРИ ЗАРАРОВАРИ ОБ

 

Моддаи 129.  Ўҳдадориҳои истифодабарандагони об доир   ба пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровари об, оқибатҳои  исфлосшавии  объектҳои  об дар натиҷаи садамаҳо ва   офатҳои табиӣ

Шахсонӣ ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияту тобеият, инчунин шахсони воқеӣ, ки аз объектҳои об ва иншооти хоҷагии об истифода мекунанд, вазифадоранд бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои обмақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар идораҳои манфиатдор доир ба пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровари об, ки дар  натиҷаи ҳодисаҳои садама ва офатҳои табиӣ, обхезӣ, зериобмонӣ ва ботлоқшавӣ, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ, шўршавӣ, вайрон гардидани соҳилҳо, сарбандҳои ҳимоявӣ ва дигар объектҳо,  ба миён омадани ҷариҳо, ярчҳо, селҳо ва дигар ҳодисаҳои зиёновар тадбирҳо анҷом диҳанд. (қҷт аз 03.03.06.  №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 130. Иҷрои  тадбирҳои таъхирнопазири пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои  табиӣ, ки бо сабаби  таъсири зараровари об, окибатҳои ифлосшавии объектҳои об дар натиҷаи садама ва  офатҳои  табиӣ ба вуҷуд омадаанд

  1. Иҷрои тадбирҳои таъхирнопазири пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки бо сабаби таъсири зараровари об, оқибатҳои ифлосшавии объекти об вобаста ба садама ва офатҳои табиӣ ба вуҷуд омадаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои  байналхалқӣ танзим карда мешаванд.
  2. Ҷиҳати роҳбарии фаврии корҳо доир ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои  офатҳои табиӣ,  ки бо сабаби таъсири зараровари об ба  вуҷуд омадаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти  ҳокимияти  иҷроия дар маҳалҳо комиссияҳое ташкил мекунанд, ки ба ҳайати онҳо намояндагони ташкилотҳои дахлдор, инчунин намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба  танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об ва ҳангоми зарурат намояндагони  давлатҳои ҳамсарҳад ворид мешаванд. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 131. Банақшагирии тадбирҳои пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровари об, оқибатҳои ифлосшавии объектҳои об  дар натиҷаи садама ва офатҳои табиӣ

  1. Тадбирҳо доир ба пешгирӣ ва рафъи таъсири зарароварии об, оқибатҳои ифлосшавии объекти об дар натиҷаи садама ва офатҳои табиӣ дар дурнамои давлатии рушди хоҷагии халқ пешбинӣ карда  мешаванд.
  2. Дар объектҳои об, аз ҷумла худуди ҳавзаҳо ё қисмҳои онҳо, ки дар он ҷо бар асари фаъолияти хоҷагӣ, дигар фаъолият ё садама ва  фалокат  тағйироти устувори  номусоиди ҳолати обӣ ба амнияту саломатии аҳолӣ, таназзули олами набототу ҳайвонот  таҳдидкунанда  ба миён омадааст, минтақаҳои фавқулоддии хатари экологӣ ё офати экологӣ эълон гардида, дар ҳолатҳои зарурӣ  давлатҳои  ҳамсарҳад аз ин хусус хабардор карда мешаванд. Низоми ҳуқуқии минтақаи фавқулоддаи  хатари экологӣ ё офати экологӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ  ва бекор карда мешавад.

 

Моддаи 132. Муҳофизати махсуси иншоотҳои калони хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  аҳамияти стратегии давлатӣ доранд

Бо мақсади  таъмини бехатарии минтақа, иншоотҳои калони  хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  аҳамияти стратегии давлатӣ доранд, барои пешгирии ҳодисаҳои диверсионӣ ва оқибатҳои  фалокатовар аз тарафи  давлат ҳифз карда мешаванд.

 

Моддаи 1321. Қоидаҳои умумии мубориза бо обхезӣ

1.Мубориза бо обхезӣ аз рўи усули банақшагирии ягона анҷом дода мешавад ва ба маҷмўи тадбирҳои оид ба мониторинг (мушоҳида, арзёбӣ, пешгўӣ), огоҳонидан аз обхезӣ ва бартараф намудани оқибати онҳо асос меёбад.

2.Сохтмони иншооти таъиноти мубориза бо обхезӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, инчунин маблағи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки иншооти мазкур барои ҳимояи онҳо бунёд мегардад, маблағгузорӣ карда мешавад.

3.Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд иҷрои ҳамаи чораҳои мубориза бо обхезиро таъмин намоянд. Назорати обхезӣ ва мониторинги ҷории онро дар марказҳои маъмурӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ менамояд.

4.Корхонаҳои роҳи оҳан, алоқа, энергетика ва саноати истихроҷи маъдан дар минтақаҳои таҳдиди хавфи обхезӣ бояд аз ҳисоби маблағи худ фондҳои мубориза бо обхезӣ таъсис дода, корҳои иҷрогардидаро маблағгузорӣ намоянд. «қҷт 03.12.09 №572»

 

Моддаи 1322. Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ

1.Мубориза бо обхезӣ бояд бо назардошти хавфи сар задани он, хусусиятҳои ҳар як объекти об ва ҳавзаҳои дарёҳо дар асоси барномаи ягона анҷом дода, дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин карда шавад.

2.Номгўи объектҳои об ва ҳавзаҳои дарёҳоро, ки нисбати онҳо Барномаи давлатии мубориза бо обхезӣ таҳия ва амалӣ мешавад, бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

  1. Барномаҳои маҳаллии мубориза бо обхезӣ дар объектҳои дигари об ва ҳавзаҳои дарёҳо бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дахлдор таҳия, тасдиқ ва амалӣ менамоянд. (қҷт. 16.04.2012 №821)

4.Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ, ки бо мақсади пешгирӣ, ҳимоя ва кам намудани зарари обхезӣ пешбинӣ шудаанд, бояд чорабиниҳои зеринро дар бар гиранд:

-ҷамъоварӣ ва таҳлил намудани маълумоти мониторинги ҳолати объектҳои дахлдори об, ба ҳисоб гирифтани иншооти мавҷудаи соҳаи мелиоратсия ва захираҳои об, арзёбии техникию иқтисодии ҷузъҳои мавҷуда ва зарурии иншооти мазкур бо мақсади мубориза бо обхезӣ;

-ҷорӣ намудани равандҳои мутавозии истифодаи захираҳои об бо роҳи ҳамаҷониба ва асоснок кор фармудани оби партов, заҳбуру заҳкашҳо ва обҳои дигар дар хоҷагӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ;

-амалӣ намудани лоиҳаҳои кўчонидани аҳолии минтақаҳое, ки ба онҳо хавфи зиёди обхезӣ таҳдид менамояд, барқарорсозии саддҳои муҳофизи соҳил ва иншооти дигари гидротехникӣ, мустаҳкам намудани соҳили дарёҳо ва каналҳо.

5.Барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии мубориза бо обхезӣ бо назардошти маблағҳои мавҷуда, ҷалби маблағ ва захираҳои моддию техникии имконпазир таҳия мешаванд.

6.Барномаҳои мубориза бо обхезӣ дар маҷмўъ таҳия шуда, онҳо дар баробари мубориза бо обхезӣ, инчунин чораҳои мубориза бо биёбоншавиро низ пешбинӣ менамоянд. «қҷт 03.12.09 №572»

 

Моддаи 1323. Мубориза бо обхезӣ дар минтақаҳои хавфи зиёд

1.Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об якҷоя бо мақомоти иҷроия маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дорои хавфи зиёди пайдоиши ярч, лағжиш ва обхезӣ мониторинги ин гуна ҳодисаҳоро таъмин намуда, чораҳои огоҳонӣ ва назоратӣ меандешад.

2.Ҳангоми таҳия ва татбиқи чораҳои огоҳонӣ аз обхезӣ ба ҳимояи иншооти обтақсимкунандаи минтақаҳои аҳолинишин, анборҳои нигоҳдории партовҳои кимиёвӣ ва радиоактивӣ, дигар моддаҳои аз ҷиҳати экологӣ хавфнок, инчунин дигар иншооти калони иқтисодӣ, ки дар минтақаҳои дорои хавфи зиёди обхезӣ ҷойгир мебошанд, диққати махсус дода шавад.

3.Минтақаҳое, ки дар онҳо объектҳои нисбатан зарури вилояти мазкур (шаҳр, ноҳия) ҷойгиранд, бояд бо системаи муҳандисии муҳофизат аз обхезӣ ва дигар таъсирҳои зараровари об таъмин карда шаванд. «қҷт 03.12.09 №572»

 

Моддаи 1324. Ҷалби муваққатии захираҳои моддию техникӣ

1.Дар давраи ҳолати фавқулоддаи обхезӣ, Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо обхезӣ бо мақсади андешидани чораҳои фаврӣ метавонад ба мақомоти дахлдор барои муваққатан ҷалб кардани захираҳои зарурии ашёи хом, сўзишворӣ, мавод, нақлиёт, мошинҳо ва таҷҳизот ҳуқуқ диҳад.

2.Маводу таҷҳизот ва нақлиёти муваққатан сафарбаршуда баъд аз анҷоми корҳои давраи ҳолати фавқулодда бояд ба соҳибонашон баргардонида шаванд. Дар мавриди истифода шудан, осеб дидан ё аз кор баромадан арзиши пурраи онҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешавад. «қҷт 03.12.09 №572»

 

Моддаи 1325. Бартараф намудани оқибати обхезӣ

Дар мавриди обхезӣ мақомоти дахлдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ бояд дар минтақаи офат корҳои ёрирасонии тиббӣ ва санитарию эпидемиологиро ба роҳ монанд, тартиботи ҳуқуқиро таъмин намоянд ва инчунин ба таъмир ва барқарорсозии биною иншооти таъмини зисти аҳолӣ, ки дар натиҷаи обхезӣ зарар дидаанд, ёрӣ расонанд. «қҷт 03.12.09 №572»

 

Моддаи 1326. Мониторинги кўли Сарез

Бо мақсади пешгирӣ намудани оқибатҳои фалокати рахнаи оби кўли Сарез Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи махсуси мубориза бо обхезӣ, аз ҷумла чорабиниҳои зерин таҳия менамоянд:

-пешгўӣ ва пешгирии хавфи ҳолатҳои фавқулодда вобаста ба рахнаи оби кўли Сарез;

-ташкил ва таъмини мониторинги эҳтимолияти оқибати деформатсия (тағйири шакл), заминҷунбӣ, обуҳавосанҷӣ дар натиҷаи рахнаи оби кўли Сарез;

-таҳия ва татбиқи системаҳои боэътимоди муоинаи маҳаллӣ ва огоҳонии фаврӣ;

-ба нақша гирифтани амалиёти якҷоя бо мамлакатҳои манфиатдор дар ҳолати рух додани ҳолати фавқулодда, мубодилаи иттилоот бо онҳо оид ба арзёбии хавфе, ки бар асари рахнаи оби кўли Сарез ба муҳити зист ва аҳолӣ таҳдид менамояд;

-банақшагирии якҷоя, таҳия ва татбиқ намудани лоиҳаҳои таҳқиқоти илмӣ, мубодилаи адабиёти илмию техникӣ ва натиҷаи таҳқиқоти илмӣ. «қҷт 03.12.09 №572»

 

ФАСЛИ IV

 

НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ, БАҲИСОБГИРӢ ВА БАНАҚШАГИРИИ ИСТИФОДАИ ОБ

 

БОБИ 23

НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ, БАҲИСОБГИРӢ ВА

БАНАҚШАГИРИИ ИСТИФОДАИ ОБ

 

Моддаи 133. Вазифаҳои назорати давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об

Вазифаҳои назорати давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об аз инҳо иборатанд:

-баҳисобгирии микдории истифодаи об;

-назорати ҳолат ва тағйирёбии сифати об;

-санҷиш ва назорати иҷрои чорабиниҳо оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

-муайян намудани мувофиқати нишондиҳандаҳои миқдор ва сифати обҳо ба талаботи меъёрӣ;

-мониторинг. (қҷт 20.03.08 №381)

 

Моддаи 134.  Ба нақшагирии истифодаи об

  1. Банақшагирии истифодаи об бояд тақсимоти илман асосноки обро байни истифодабарандагони об бо дарназардошти дар навбати аввал қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти нўшиданию маишии аҳолӣ, ҳифзи об ва пешгириии таъсири зараровари он таъмин намояд.
  2. Ҳангоми банакшагирии истифодаи об маълумоти кадастри давлатии об, тавозунҳои хоҷагии об, нақшаҳои истифодаи маҷмўӣ ва ҳифзи об, инчунин меъёри гирифтани об аз манбаъҳои фонди давлатии об ба инобат гирифта мешаванд.

 

Моддаи 135. Кадастри давлатии об

Кадастри давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмўи маълумоти  расмии ба низом даровардашуда оид ба  ҳолат, истифода ва ҳифзи  объектҳои об мебошад. Татбиқи кадастри давлатии об аз ҷониби  мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими  истифода ва  ҳифзи  захираҳои об ба амал бароварда мешавад.(қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 136. Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об

  1. Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об маҷмўи маълумоти ба низом даровардашудаи паспортикунонии объектҳои хоҷагии об мебошад. Татбиқи Феҳристи давлатӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об анҷом дода мешавад. Ҳар як объекти хоҷагии оби ба Феҳристи давлатӣ дохилшуда бояд дорои тавсифномаи  маҷмўие  бошад, ки таъиноти мақсадноки хоҷагӣ, ҳуқукӣ, физикию  ҷуғрофӣ, гидрологӣ, техникию иқтисодӣ ва  дигар нишондиҳандаҳоро  дар бар  гирад. Ворид намудан ба рўйхати Феҳристи давлатӣ дар як вақт бо додани  иҷозат барои истифодаи  махсуси об амалӣ карда мешавад. (қҷт аз 03.05.06 №174); (қҷт. 16.04.2012 №821)
  2. Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об аз инҳо иборат аст:

— Феҳристи давлатии субъектҳои хоҷагии об;

-Феҳристи давлатии объектҳои дорои аҳамияти муҳими стратегӣ.

  1. Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Тартиб ва меъёри пардохтро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои ба қайд гирифтани объеки хоҷагии об дар Феҳристи давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 137.  Махзани маълумот, системаи иттилоотии захираҳои об истифодаи онҳо

  1. Бо мақсади банақшагирии дарозмўҳлат ва миёнамўҳлати истифодаи маҷмўӣ ва ҳифзи захираҳои об,  таъмини иттилооти мақомоти идораи истифодаи захираҳои об, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода  ва ҳифзи захираҳои об, дигар мақомоти манфиатдори давлатӣ махзани   маълумот ва системаи иттилооти аз ҷониби соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудани  захираҳои обро  таъсис медиҳад. (қҷт. 16.04.2012 №821)
  2. Барои ташаккули махзани маълумот ташкилоту идораҳо, корхонаҳо ва истифодабарандагони об ба таври ройгон ва бе маҳдудият иттилооти техникию иқтисодии истифодаи об, ҳолати экологии муҳити зистро, ки ба истифодаи об вобастаанд ва дигар иттилооти ба беҳтар шудани идораи истифода ва ҳифзи захираҳои об мусоидаткунандаро пешниҳод менамоянд.

 

Моддаи 138 . Тавозунҳои хоҷагии об

Тавозунҳои хоҷагии об, ки аз  нигоҳи оморӣ мавҷудият ва дараҷаи  истифодаи обро арзёбӣ менамоянд, вобаста ба ҳавзаи  дарёҳо каналҳои калон, ноҳия ва вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешаванд.

 

Моддаи 139.  Нақшаҳои истифода ва ҳифзи маҷмўи  об

Нақшаҳои истифода ва ҳифзи маҷмўи об,  тадбирҳои асосии хоҷагии об ва дигар тадбирҳоро, ки  ҷиҳати қонеъ  гардонидани талаботи дурнамои аҳолӣ ва иқтисодиёти давлат ба об, инчунин барои ҳифзи об ва пешгирии таъсири зараровари онҳо бояд ба анҷом расонида шаванд, муайян  мекунанд.

 

Моддаи 140. Тартиби   назорати давлатӣ баҳисобгирии об ва истифодаи онҳо, татбиқи кадастри давлатии об,  тартиб  додани  тавозунҳои хоҷагии  об, таҳияи  накшаҳои истифода ва ҳифзи  маҷмўии  об

  1. Баҳисобгирии давлатии об ва истифодаи он, ҷорӣ намудани кадастри давлатии об, мушоҳида (мониторинг), тартиб додани тавозунҳои хоҷагии об, таҳияи нақшаҳои истифодаи маҷмўӣ ва ҳифзи об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими  истифода  ва ҳифзи захираҳои об аз ҳисоби давлат ва мувофиқи тартиби ягона барои Ҷумҳурии Тоҷикистон   анҷом  дода мешавад. (қҷт. 16.04.2012 №821)
  2. Тартиби назорати давлатӣ ва баҳисобгирии об ва истифодаи он, ҷорӣ намудани  кадастри давлатии об, таҳия ва тасдиқи нақшаҳои  истифодаи  маҷмўӣ ва ҳифзи обро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

БОБИ 231. ИДОРАКУНИИ ҲАВЗАВИИ ИСТИФОДАБАРӢ  ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБ

(қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Моддаи 1401. Идоракунии ҳавзавии захираҳои об

 

  1. Идоракунии ҳавзавии захираҳои об бо назардошти манфиати ҳамаи истифодабарандагони об дар ҳудудҳои алоҳидаи гидрографӣ дар асоси принсипи идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об ба роҳ монда мешавад.
  2. Барои ташкили идоракунии ҳавзавии захираҳои об Шўрои миллии об ва дар ҳавзаҳои алоҳида шўроҳои ҳавзавии об таъсис дода мешаванд.

 

Моддаи 1402. Шўрои миллии об ва салоҳияти он

 

  1. Шўрои миллии об аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ки он дорои чунин салоҳият мебошад:

— ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар бобати банақшагирӣ, идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

— таҳияи пешниҳодҳо оид ба муқаррар намудани ҳудуди гидрографии ҳавзаҳои асосии об;

— баррасии лоиҳаи Стратегияи миллии об ва пешниҳоди он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— тасдиқи нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

— баррасии ҳисоботи солонаи вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ оид ба идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

— иҷрои дигар вазифаҳое, ки Кодекси мазкур муайян намудааст.

  1. Шўрои миллии об аз роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатие иборат аст, ки масъулияти идоракунии захираҳои об, аз ҷумла ҷанбаҳои молиявӣ ва амнияти давлатиро ба зимма доранд. Ба ҳайати Шўрои миллии об намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, мутахассисон ва коршиносони алоҳидаи соҳаи захираҳои об ва иқтисодиёт метавонанд дохил карда шаванд. Ҳайати Шўрои миллии об ва раиси он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
  2. Фаъолияти Шўрои миллии об тибқи низомномаи он, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 1403. Шўрои ҳавзавии об ва ваколатҳои он

 

  1. Шўрои ҳавзавии об дар назди ташкилоти ҳавзавии захираҳои об барои ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ба об алоқаманд таъсис дода мешавад.
  2. Ба ҳайати Шўрои ҳавзавии об намояндагони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, ки фаъолияташон ба банақшагирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои оби ҳавза алоқаманд аст, дохил мешаванд. Роҳбари ташкилоти ҳавзавии захираҳои об ҳамзамон раиси Шўрои ҳавзавии об мебошад.
  3. Шўрои ҳавзавии об дорои чунин вазифаҳо мебошад:

— баррасӣ ва тасдиқи нақшаи солонаи ҳавзавии истифодабарии об;

— ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо доир ба масъалаҳои банақшагирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об дар ҳавза;

— баррасии ташаккули ҳаҷми маблағгузории солонаи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо – истифодабарандагони об доир ба идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои оби ҳавза, тарифи ҳаққи хизмати обрасонӣ, таъмини оби нўшокӣ ва дигар хизматрасонӣ;

— иҷрои дигар вазифаҳое, ки Кодекси мазкур  муайян кардааст.

  1. Фаъолияти Шўрои ҳавзавии об тибқи низомномаи он, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзим истифода ва ҳифзи захираҳои об тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 1404. Стратегияи миллии об

 

  1. Стратегияи миллии об ба принсипи идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об асос ёфта, самтҳои асосии банақшагирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои обро бо назардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодиёт муайян менамояд.
  2. Стратегияи миллии об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об бо ҷалби мақомоти дигари манфиатдор таҳия ва дар Шўрои миллии об баррасӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об қоидаҳои асосии Стратегияи миллии обро тавассути воситаҳои ахбори омма ба маълумоти аҳли ҷомеа мерасонанд.

 

Моддаи 1405. Нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи

 захираҳои об

 

  1. Лоиҳаҳои нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об барои ҳавзаҳои алоҳида аз ҷониби ташкилоти ҳавзавии захираҳои об бо назардошти идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об таҳия карда мешаванд.
  2. Лоиҳаҳои нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об дар Шўрои ҳавзавии об тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ ва барои тасдиқ ба Шўрои миллии об пешниҳод карда мешаванд.
  3. Нақшаҳои ҳавзавии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об дар асоси Стратегияи миллии об таҳия гардида, нақшаҳои кўтоҳмўҳлат, миёнамўҳлат ва дарозмўҳлати истифода ва ҳифзи захираҳои обро дар ҳудуди ҳавзаи муайян дар бар мегирад. (қҷт. 16.04.2012 №821)

 

Ф А С Л И V

ҶАВОБГИРӢ  ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ОБ

 

БОБИ 24

ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ОБ

 

Моддаи 141. Беътибор  будани аҳдҳое, ки ҳуқуқи моликияти давлатии обро  вайрон мекунанд

Гузашт кардан аз ҳуқуқи   истифодаи об ва аҳдҳои дигаре, ки ба таври рўирост  ё пинҳонӣ ҳуқуқи  моликияти давлатии обро вайрон  мекунанд, беэътибор  дониста мешаванд.

 

Моддаи 142. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани конунгузории об

  1. Шахсоне, ки дар содир намудани кирдорҳои дар моддаи 124 Кодекси мазкур пешбинӣ гардида гунаҳкоранд, инчунин барои амалҳои  зайл тибки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ҷавобгарӣ кашида мешаванд:

-худсарона истифода бурдани об,  гирифтани об  бо вайрон кардани  шартномаҳо;

-ифлосу олуда намудани об;

-ба истифода додани корхонаҳо, иншооти коммуналӣ ва дигар  объектҳо бидуни иншоотҳои пешгирикунандаи  ифлосу олудашавии  об ё таъсири зараровари он;

-вайрон кардани низоми ҳифзи об дар ҳавзаҳои обҷамъшаванда, ки боиси ифлосшавии он, аз об вайрон шудани заминҳо ва дигар омилҳои зараровар мегарданд;

-вайрон кардан   баҳисобгирӣ ва ҳисоботи истифодаи об;

-худсарона анҷом додани корҳои гидротехникӣ;

-хароб кардани объектҳои хоҷагии об ва дастгоҳҳо;

-вайрон кардани талаботи меъёрию техникӣ  санитарию гигиенӣ ва метрологӣ оид ба тартиби амалӣ гирдонидани назорат ва баҳисобгирии истифодаи об;

-даст кашидан аз пешниҳоди иттилооти дурусту саривақтӣ ё додани ахбори ғалат дар бораи ҳолат ва истифодаи захираи об;

-кори ғайриқанотбахши иншооти тозакуанда аз меъёри зиёд партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба объектҳои об;

-вайрон кардани низоми хоҷагӣ дар  объектҳои об ва иншооти хоҷагии об ки боиси ифлос шудани онҳо аз об вайрон шудани заминҳо ва дигар  омилҳои зараровар мегарданд;

-партофтани обҳои партови ифлоскунанда ба сатҳи обҳои зеризаминӣ.

  1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои дигар намудҳои вайрон кардани қонунгузории об ҷавобгарӣ муқаррар намояд.

 

Моддаи 143. Баргардонида додани обьктхои обе, ки худсарона ғасб шудаанд

Объекти оби худсарона ғасбшуда, тибқи тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, бе пардохти хароҷоти давраи  истифодаи ғайриқонунии  онҳо, ба соҳибонашон баргардонида мешавад.

 

Моддаи 144. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории об расонида шудааст

Шахсони воқеӣ ва хуқуқӣ вазифадоранд зарареро, ки аз ҷониби  онҳо дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории об расонида шудааст, тибқи андозаҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намоянд.

 

Моддаи 145. Принсипҳои ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба об

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ оид ба муносибатҳои вобаста ба об зарурати таъмини рушди устувори иқтисодиёти худ, истифодаи сарфакорона ва ҳифзи захираҳои обро дар асоси риояи принсипҳои ҳуқуқи байналхалқии об, ҳамкории муфид ва дўстона бо давлатҳои хориҷӣ, бехатарии умумии экологӣ, инкишофи ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба обро ба асос мегирад.
  2. Муносибатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба об бо дигар давлатҳо бо Кодекси мазкур, дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти санадҳои ҳуқукии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, танзим мегардад,

 

Моддаи 146. Асосҳои иқтисодии муносибатҳои вобаста ба об бо дигар давлатҳо

Асосҳои иқтисодии муносибатҳои вобаста ба об бо дигар давлатҳо дар заминаи ҳуқуқи байналхалқии об ва созишномаҳои байнидавлатӣ муқаррар карда мешаванд.

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

511 Оиди дар қироати дуюм қабул кардани Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабули Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мавриди амал қарор додани он

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабули Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қироати дуюм қабул карда шавад.
  2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷорӣ таклифҳо пешниҳод намояд ва қарорҳои худро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабули Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонад.

  1. Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи ба амал баровардани Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      С.Хайруллоев

ш.Душанбе, 20 октябри соли 2000

№ 148

ШАРИКОН: