Иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар маросими тоҷгузории Императори Япония

22 октябри 2019 дар шаҳри Токио Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар маросими тоҷгузории Императори Япония Наруҳито, ки дар толори “Сейден” (толори давлатӣ) — қасри Императори Япония баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар маросими тоҷгузории Императори Япония беш аз дусад роҳбарони воломақоми кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва роҳбарони корпуси дипломатии муқими Токио, аз ҷумла Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов иштирок намуданд.

ШАРИКОН: