Дар Маҷлиси миллӣ Иҷлосияи ҳабдаҳум баргузор гардид

25 декабри соли 2018 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи ҳабдаҳуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ба баррасии 42 масъалаҳои дар он шомилгардида, шуруъ намуданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ зимни баррасии масъалаҳои рӯзнома,  бо хулоса аз гузоришҳои аз тарафи раисони кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Раҳимӣ Фарҳод, Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ ва Раҳмоналӣ Амирзода пешниҳодгардида, 2 қонуни мукаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар кишвар амалкунанда, ки  аз ҷониби субъектҳои  дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қабул ва унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба ҳар кадоме қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ  аз 35 қонунҳои баҳри ҷонибдорӣ воридгардида, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» ва «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»-ро бинобар баъзе мухолифатҳои ҷойдошта ба талаботҳои амалкунандаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷонибдорӣ накарданд.

Ҳамзамон, аъзои Маҷлиси миллӣ тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар ба синни ниҳоии дар вазифаи судягӣ расидан судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Савридин Собир, Абдулҳақов Маҳмадалиро бозхонд намуда, Додихудозода Давлатмоҳ Бахтибекро судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.

Бо ҷонибдории пешниҳодоти Президенти мамлакат Раиси Маҷлиси миллӣ аз судяи навинтихобшуда даъват ба миён овард, ки пайвастаю пайгирона таъмини адолати судӣ ва волоияти қонунро дар фаъолияти рӯзмарааш тавсеаю тақвият бахшад.

Дар фарҷоми иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшедро барои фаъолияти парсамар бо Ифтихорномаи Маҷлиси миллӣ қадргардонӣ намуда, бинобар ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқат  намекунад, ваколаташро пеш аз муҳлат қатъ намуданд.

Дар иҷлосия Маҳмасаид Убайдуллоев ба раисони куми­таҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳамаи онҳое, ки соли равон дар омодагию баргузории иҷлосияҳо ҳамкории муфид доштанд, миннатдории амиқи хешро иброз намуда,  зикр сохт, ки  баъди якчанд рӯз соли равон аз нигоҳи солшуморӣ ба беназиртарин дастовардҳои таърихиамон дар асри муосир боз як соли дигарро зам хоҳад кард ва афзуд,  ки Маҷлиси миллӣ дар соли сипаришаванда маҷмӯан 80 қонун, аз ҷумла 8 қонунҳои мукаммал, 72 қонун оид ба такмили қонунҳои амалкунандаро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуд.

Инчунин зикр намуд, ки дар соли сипаригардидаистода 15 пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба интихоб ва бозхонд намудани судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ,  Суди Олии иқтисодӣ ва 2 пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Раиси Маҷлиси миллӣ тазаккур дод, ки дар соли 2018 дар сатҳи Маҷлиси миллӣ муҳокимаҳои парламентӣ дар мавзӯъҳои «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Такмилу тақвияти дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна: мушкилот, роҳҳои ҳалли он ва имкониятҳо дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ва «Асосҳои ҳуқуқию ташкилии номгузорию номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин дар доираи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки доираи васеи мутахассисони соҳаҳои марбута доир гардида, оид ба онҳо қарорҳои дахлдор бо тавсияҳои ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ қабул карда шуданд, ки баҳри такмили қонунгузорӣ дар самтҳои мухталиф нигаронида шудаанд.

Таъкид дошт, ки дар доираи рушди ҳамкориҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия 24-26  октябри соли 2018 дар шаҳри Москва  Форуми VI байнипарламентии «Россия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» бо иштироки васеи роҳбарони вазорату сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар сатҳи бозгӯи талаботҳои муносибатҳои стратегӣ баргузор карда шуд, ки бори нахуст дар кори он роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва соҳибкорони тоҷикистонии муқими Россия ширкат карда, дар 5 мизҳои мудаввар вобаста ба мавзуъҳои матраҳшаванда фаъолона масъалагузорӣ намуданд, ки дар интиҳо дар доираи Форуми мазкур Ҳуҷҷати хотимавӣ бо фарогирии масоили мубрами танзимталаби муносибатҳои дуҷониба қабул гардид, ки мо бояд, чун ҳамеша бо дарки масъулият имкониятҳои мавҷударо баҳри татбиқи ҳамаҷонибаи онҳо равона созем.

Иброз гардид, ки Роҳбарияти Маҷлиси миллӣ, раисони Кумитаву Комиссия, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар чорабиниҳое, ки аз ҷониби Иттиҳоди байнипарламентию ташкилотҳои байналмилалию байниминтақавии парламентӣ гузаронида мешаванд ширкати фаъолона варзида, Ватани маҳбубамонро ҷонибдори  арзишҳои умумибашарӣ ва узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд ва баҳри боз ҳам тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои парламентӣ заминаҳои мусоид фароҳам месозанд, ки  ширкату суханронӣ ва садорат дар Конференсияи байналмилалӣ «150-солагии Эъломияи Санкт-Петербургӣ оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои тарканда дар замони ҷанг: матнҳои нав, аҳамияти пешина» дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, собитгари ин андешаҳост.

Ҳамзамон, зикр намуд, ки дар самти робитаҳои байнипарламентӣ бо ташаббуси роҳбарияти Маҷлиси миллӣ узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таъмини асосҳои консти­тут­сионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният — Раҳмонова Наргис Шарифовна дар Ассамблеяи 138 Иттиҳоди Байнипарламентӣ, ки 24-28 марти соли 2018 дар Женеваи Конфедератсияи Швейтсария барпо гашт, ба ҳайати Кумитаи сеюми Иттиҳоди Байнипарламентӣ оид ба демократия ва ҳуқуқҳои инсон шомил ва ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод Фақеров Ҳамидулохон Нуриддинович узви Шӯрои экспертии иқтисодӣ дар назди Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасдиқ гардид.

Идома бар он қайд кард, ки аъзои Маҷлиси миллӣ дар таҳия ва мутобиқгардонии лоиҳаи санадҳои ҳуқуқии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо инобати қонунгузории кишвар ва манфиатҳои миллӣ фаъолона иштирок намуда, дар ин давра 61 лоиҳаи қонунҳои намунавии аз ҷониби Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ ва Ассамблеяи Парламентии СААД ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  воридгардида, пас аз баррасӣ дар Кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ бо таклифу пешниҳодҳои судманд ба котиботи Ассамблеяҳои зикршуда ирсол карда шуданд.

Баҳри мустаҳкам намудани муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ, афзуд Маҳмадсаид Убайдуллоев  пайваста вохӯрию мулоқотҳои роҳбарияти Маҷлиси миллӣ, раисони кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллӣ бо роҳбарон ва ҳайатҳои парламентӣ, намояндагони расмию дипломатӣ, ходимону арбобони сиёсӣ ва ҷамъиятии мамлакатҳои хориҷӣ тарҳрезӣ ва доир карда шуданд.

Дар давоми сол мулоқотҳои корӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Ивановна Матвиенко, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Викторович Володин,  Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии ӯзбекистон Нурдинжон Муйдинханович Исмоилов, муовини Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба мудофиа ва амният Михаил Василевич Козлов ва бо Намояндаи навтаъйини Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хонум Мерилин Йозефсон доир гардиданд.

Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулосабарорӣ аз фаъолияти анҷомдода бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ, ки дар соли равон, мутаассифона боиси нигаронист, зикр намуд, ки дар ин самт бояд пайваста бо масъулияти бештар аз ҳарвақта тамоми нерӯ, саъю кушиш ва ҷидду ҷаҳдамонро доир ба таҳкиму такмили асосҳои ҳуқуқии қонунгузорӣ дар кишвар баҳри пайгирона барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардан равона созем.

Дар иртибот бо ин, изҳори итминон намуд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ  аз имкониятҳои олимону мутахассисон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, натиҷаҳои муҳокимаҳои парламентӣ, экспертизаи илмӣ ва мониторинги қонунгузорӣ  ба таври васеъ истифода намуда, дар рӯҳияи созандагӣ дар Соли нави 2019 дар иљрои ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фардо дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр менамоянд, баҳри боз ҳам таҳким бахшидан ба заминаҳои ҳуқуқӣ ва такмилёбии қонунгузории амалкунанда, инчунин ҷиҳати амалишавии онҳо дар ҷойҳо оид ба таъмини волоияти қонун нақши муассир хоҳанд гузошт.

Бо чунин орзуву таманниёти нек  Маҳмадсаид Убайдуллоев ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва ба иштирокчиёни иҷлосия фарорасии Соли нави мелодии 2019-ро самимона шодбош намуда, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, саодатмандӣ, фараҳмандӣ ва шукӯҳмандӣ орзу намуд.

Дар чунин фазои идона иҷлосияи ҳабдаҳуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кори худ анҷом бахшид.

ШАРИКОН: