Боздиди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Боғи ёдбуди сулҳи Ҳирошима

24 октябри соли 2019 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба нишони поси хотири қурбониёни шаҳри Ҳирошима дар «Боғи ёдбуди сулҳи Ҳирошима» зери Муҷассамаи ёдбуд гулчанбар гузоштанд.

Пас аз гулчанбаргузорӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҳудуди “Боғи ёдбуди сулҳ” аз Осорхонаи ёдгории сулҳи Ҳирошима ҷиҳати шиносоӣ аз муҷассамаҳо ва нигораҳои гиромидошти хотираи қурбониёни фоҷеаи соли 1945 боздид намуда, дар дафтари меҳмонони фахрӣ соядаст гузоштанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоевро зимни боздид аз «Боғи ёдбуди сулҳи Ҳирошима» муовини Раиси шаҳри Ҳирошима Нобуюкӣ Коике ва дар «Осорхонаи ёдгории сулҳи Ҳирошима» Такуо Такигава роҳбари Осорхона ҳамроҳӣ намуданд.

ШАРИКОН: