Барқияи табрикӣ аз номи Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Имрӯзҳо ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз номи як қатор сарони парламентҳои кишварҳо ба унвонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев барқияву номаҳои шодбошӣ ворид шуда истодаанд.

Дар номаи табрикотии Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко чунин омадааст:

“Муҳтарам Маҳмадсаид  Убайдуллоевич!
Шуморо бо фарорасии иди пурнури баҳории Наврӯз, ки дар худ садоқати ҷовидонаро барои анъанаҳо, умедвориҳои неку равшанро баҳри оянда таҷассум менамояд, табрик менамоям.

Дар Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ҳамкориҳои миёни мақоми қонунгузории Россия ва Тоҷикистонро ба сифати қисми рушдкунандаи шарикии стратегии давлатҳоямон арзёбӣ менамоянд. Ният дорем дар оянда низ ба тавсеаи пайвастаи он мусоидат намоем.

Ба Шумо, муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич ва кулли аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ саломатӣ, комёбию муваффақиятҳо дар ҳамаи ибтикорот ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам.”

ШАРИКОН: