Баргузории иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллӣ

16 феврали соли 2018 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ба баррасии 19 масъалаҳои шомилгардида шуруъ намуданд.

Бо хулоса аз гузоришҳои аз тарафи раисони кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ, Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва Амирзода Раҳмоналӣ Амир пешниҳодгардида, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», 2 қонуни мукаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра қонунҳо ва кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба Конститусия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, бо мавриди муҳокимаи амиқ қарор додан, ҷонибдорӣ ёфтанд.

Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»-ро, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ба манфиати ҷомеа арёзбӣ намуда, афзуд, ки қонуни мазкур бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки бевосита ба рушди бемайлони соҳаҳои истеҳсолию хизматрасонии кишвар равона гардидааст, тақозо менамояд, ки аҳли ҷомеа, бахусус мақомоти назоратӣ ва ваколатдори давлатӣ дар ин самт беш аз ҳарвақта тавассути ба роҳ мондани фаъолияти судовари таблиғотию ташвиқотӣ дар симои соҳибкор шарики боэътимод ва муҳаррики асосии пешбурди иқтисодию иҷтимоиро дар ҳудуди мамлакат дарк карда, фаъолияти худро баҳри дастгирии ҳамаҷониба, бо масъулияти баланд ва эҳтироми талаботи қонунгузорӣ дар сатҳи баробар амалӣ намуда, ба санҷишҳои беасосу ғайринақшавӣ комилан хотима бахшанд.

Қобили зикр мебошад, ки “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 22 декабри соли 2017” қарори Маҷлиси миллиии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона қабул гардид, ки тибқи он дар баробари фаъолияти қонунгузории аъзои Маҷлиси миллӣ баргузории муҳокимаҳои парламентиро доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, таблиғу тарғиби қонунҳои амалкунанда, хусусан оид ба татбиқи қонунҳои ҷумҳурӣ “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, таҳкими ҳамкориҳои марбута бо мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ ва худидоракунӣ, робитаҳои байнипарламентӣ ва татбиқи бомароми “Ҳукумати электронӣ”-ро дар бар мегирад.

Аъзои Маҷлиси миллӣ тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бозхонд намудани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Дилором Рустам, Абдулҳақов Маҳмадалӣ, Ализода Набӣ Искандар, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматзода Раҳмат қарорҳои дахлдор қабул намуда, Абдураҳимзода Дилором Рустам судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулҳақов Маҳмадалӣ ва Ализода Набӣ Искандар судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Дар иҷлосия қарори дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохӯр ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон» қабул гардид, ки мутобиқи он номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар, шаҳри Сарбанд ба шаҳри Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Зарриндашт иваз карда шуданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ тибқи рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзодро дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 шуниданд.

Вобаста ба ҳисоботи Прокурори генералӣ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ, Раҳимӣ Фарҳод, Амирзода Раҳмоналӣ, Файзуллозода Зафар, Шораҳматов Раҳмон ва Бобобекова Меҳринисо андешаҳои худро иброз намуданд.

Бо ба инобат гирифтани ҳисоботи Прокурори генералӣ аъзои Маҷлиси миллӣ ҷиҳати тақвияти фаъолияти минбаъдаи  мақомоти прокуратура таъкид намуданд, ки  баҳри таъмини волоияти қонун пурзӯр намудани назорати прокурорӣ ва саривақт эътирозҳои воқеӣ овардан ба қонунпоймолкуниҳои субъектҳои ҳуқуқӣ, санадҳои ғайриқонунӣ қабулкардаи роҳбарони мақомоти дахлдори давлатӣ новобаста аз тобеияти идоравӣ муҳим мебошад.

Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзодро барои тақвияти фаъолият дар самтҳои гуногуни иҷрои вазифаҳои хизматӣ амиқан нигаронида, аз ҷумла таъкид сохт, ки назорат оиди таъмини ташаккули низоми нави муқовимат бар қонуншиканиву ҳуқуқвайронкунӣ тавассути чораҳои таъхирнопазири мутамарказонидашуда дар самти назорати умумӣ бо таҳия ва тасдиқи барномаи махсус роҳандозӣ ва фаъолияти босамари прокурорӣ аз самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо равона ва диққати аввалиндараҷа беш аз пеш ба таҳқиқу таҳлили жарфӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, даст ба худкуши задани шаҳрвандон, ҳолати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ равона карда шавад.

Таъкид гардид, ки дар раванди татбиқи ташаббуси глобалии Тоҷикистон “Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор – 2018-2028” таҳлилу ҷамъбасти таҷрибаи прокурорӣ оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ҳифзи муҳити зист ва амнияти санитарӣ – эпидемиологӣ ногузир мебошад.

Ҳамзамон, дар радифи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани соли 2018 тақвият бахшидани чораҳои эътиноии прокурорӣ баҳри риоя ва иҷрои якхелаи қонунгузории соҳа ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар мавриди будубоши онҳо дар ҳудуди кишвар махсус таъкид карда шуд.

Идома бар он, гуфта шуд, ки баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар назорати прокурорӣ аз болои иҷрои вазифаҳои хизматию таъинотии тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, риояи якмароми қонун аз ҷониби кулли сохторҳои давлатию институтҳои шаҳрвандӣ ба таври қатъӣ пурзӯр карда шавад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев даъват ба амал овард, ки дар самти мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ чораҳои муассиртар андешида, дар доираи шартномаву созишномаҳои байналмилалӣ ҳолати ҷинояткории шаҳрвандони ҷумҳуриро дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ, сабабу шароитҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳоро мунтазам мавриди омӯзиш қарор дода, дар доираи ин амалҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани таъсири олами ҷиноии давлатҳои хориҷӣ ба дохили кишвар, ҳамроҳ шудани баъзе сокинони кишвар ба созмонҳои байналмилалии ҷинояткорӣ, инчунин ба ҷиноятҳои трансмиллӣ табдил ёфтани ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ назорати прокурориро ба тадриҷ ҷоннок намояд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки муассиртар намудани назорати прокурорӣ аз болои вазъи заминистифодабарӣ дар кишвар, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, танзими расму ойин, иҷрои уҳдадориҳои масъулияти падару модар дар тарбия фарзанд, пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон, тарҳрезии муборизаи дастаҷамъона алайҳи коррупсияву дигар зуҳуроти номатлуб ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҷиҳати пешгирии содир намудани ҷиноят ва доғдор гардидани  шаҳрвандон ҳамчун тақозои вақт ногузир мебошад.

Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пушида эълон карда шуд.

ШАРИКОН: