Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 63  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, банди 79 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2020, №103 тасдиқ шудааст,

Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ мақоми кории Маҷлиси миллӣ буда, дар назди Маҷлиси миллӣ ҳисоботдиҳанда мебошад ва таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллӣ фаъолият менамояд.  Хизматрасонии иттилоотӣ, ташкилию техникӣ ва хизматрасонии дигари Маҷлиси миллӣ ва мақомоти он, аъзои Маҷлиси миллиро Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ таъмин менамояд. 

Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2000, №97 таъсис дода шудааст.

Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ таъин карда мешавад.

Бахши тарҷума

Сохтори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ:

Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ барои иҷрои вазифаҳои худ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

1) хизматрасонии ҳуқуқӣ, ташкилӣ, ҳуҷҷатӣ, ташрифотӣ, иттилоотию таҳлилӣ, моддию техникӣ ва молиявию хоҷагии фаъолияти Маҷлиси миллӣ, Раиси Маҷлиси миллӣ, муовини якум ва муовини ӯ, Шӯрои Маҷлиси миллӣ, кумитаҳо, комиссия, аз ҷумла комиссияҳои муваққатӣ, гурӯҳҳои корӣ ва аъзои Маҷлиси миллӣ;

2) ташкили корҳои омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тибқи навбат), иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ, ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси миллӣ, кумитаҳою комиссияи Маҷлиси миллӣ, муҳокимаҳои парламентӣ ва дигар чорабиниҳо;

3) тибқи тартиби муайяншуда мусоидат намудан ба назорат ва иҷрои қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо, дигар санадҳо ва дастуру супоришҳои Маҷлиси миллӣ, Раиси Маҷлиси миллӣ, Шӯрои Маҷлиси миллӣ, кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллӣ;

4) иштирок дар таҳия ва татбиқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ба роҳ мондани салоҳияти Маҷлиси миллӣ, Шӯрои Маҷлиси миллӣ, кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллӣ, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои барномавии хусусиятҳои таҳлилӣ, иттилоотӣ ва ташкилидошта;

5) мусоидат намудан ба аъзои Маҷлиси миллӣ барои амалӣ гардонидани ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ;

6) тибқи тартиби муайяншуда ширкат дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллӣ, инчунин иштирок дар муҳокимаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои дар ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси миллӣ, кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллӣ баррасишаванда;

7)  ба роҳ мондани омӯзиш ва таҳлили қонунҳо, аз ҷумла бо ҷалби муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва экспертӣ ҷиҳати муайян намудани мутобиқати онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, дигар қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;

8) таъмини назорати иҷрои пешниҳоду эродҳо ва дархостҳои аъзои Маҷлиси миллӣ;

9) хизматрасонӣ ва таъмини ҳуқуқию ташкилии фаъолияти комиссияи созиши Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ки ҷиҳати ҳаллу фасли ихтилофот вобаста ба ҷонибдорӣ нагардидани қонунҳо созмон дода мешавад;

10) фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ташкили кори Шӯрои илмӣ-машваратии назди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

11) расонидани ёрии амалии ҳуқуқӣ, методӣ, ва машваратию иттилоотӣ ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, таҳлил ва ҷамъбаст намудани фаъолияти онҳо дар самти татбиқи қонунҳо, инчунин ба роҳ мондани омӯзишу таҳлили қарорҳои Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҷиҳати мутобиқатии онҳо ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

12) дар доираи ваколати худ баррасӣ намудани дархосту пешниҳодҳои узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

13) баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба Маҷлиси миллӣ, аз ҷумла ба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тибқи навбат), иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбарияти Маҷлиси миллӣ, Шӯрои Маҷлиси миллӣ, кумитаҳо ва комиссияи он ё бевосита ба Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ворид шудаанд, ташкили қабули шаҳрвандон ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси миллӣ, кумитаҳо ва комиссияи он;

14) ташкилу пешбурди коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигории Маҷлиси миллӣ, Раиси Маҷлиси миллӣ, муовини якум ва муовини ӯ, Шӯрои Маҷлиси миллӣ, кумитаҳо, комиссия, аз ҷумла комиссияҳои муваққатӣ ва гурӯҳҳои кории Маҷлиси миллӣ, Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ;

15) хизматрасонии ҳуқуқӣ, иттилоотию таҳлилӣ, тадорукотӣ ва моддию техникии чорабиниҳои байналмилаливу байнипарламентии Маҷлиси миллӣ, тибқи муқаррароти ташрифоти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута ташкил ва баргузории мулоқоти Раиси Маҷлиси миллӣ, муовини якум ва муовини ӯ, раисони кумитаҳо, комиссия, гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ, инчунин гурӯҳҳои миллии парламентии Маҷлиси миллӣ бо роҳбарону намояндагони ҳайатҳои расмии давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва байнипарламентӣ, парламентҳои давлатҳои хориҷӣ, инчунин таъмини сафарҳои хизматии роҳбарияту аъзои Маҷлиси миллӣ ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ;

16) бо тартиби муқарраршуда таҳия, барасмиятдарорӣ, нашр ва ба мақомоту сохторҳои марбута ирсол намудани қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ, Раиси Маҷлиси миллӣ, Шӯрои Маҷлиси миллӣ, кумитаҳо, комиссияҳо, инчунин тавсияҳои муҳокимаҳои парламентӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ;

17) таҳияи иттилоот ва тавассути сомонаи Маҷлиси миллӣ, матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма инъикос намудани фаъолияти Маҷлиси миллӣ, Шӯрои Маҷлиси миллӣ, кумитаҳою комиссия, гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ, гурӯҳҳои миллии парламентӣ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва дигар чорабиниҳои Маҷлиси миллӣ;

18) дигар ваколатҳое, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастури Маҷлиси миллӣ ва Низомномаи мазкур пешбинӣ намудаанд.

Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон