* Соли таваллуд: 24 ноябри соли1973
* Ҷойи таваллуд: шаҳри Кӯлоб
* Миллат: тоҷик
* Таҳсилот: олӣ
* Соли 1998 филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм кардааст.
* Ихтисос: муҳандис – технолог, ҳуқуқшиносӣ
* Унвони илмӣ: надорад
* Рутбаи махсус: Мушовири адлияи дараҷаи 1
* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, арабӣ (форсӣ), англисӣ бо луғат
* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: нест
* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: медали Хизмати шоиста (соли 2023)
* Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 5 фарзанд
| Солҳои 1990-1994 | Донишҷӯи филиали Хуҷандии Донишкадаи политехникӣ |
| Солҳои 1994-1996 | Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон |
| Солҳои 1996-1998 | Донишҷӯи филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (идомаи таҳсил) |
| Солҳои 1999-2007 | Нозири калони гумруки Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Ҳуҷанд |
| Солҳои 2001-2004- | Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ихтисоси 2, ғоибона) |
| Солҳои 2009-2013 | Сармутахассиси шуъбаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2013-2014 | Сармутахассиси шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2014-2015 | Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2015-2018 | Сармутахассис оид ба корҳои махсус ва кадрҳои шуъбаи умумии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Аз 1 майи соли 2018 | Мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |