Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маълумотнома

* Сафарзода Баҳодур Сафар                         

*Санаи таваллуд: 06 октябри соли 1987    

*Ҷойи таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

*Миллат: тоҷик                                           

 *Маълумот: олӣ

*Соли 2010 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос умумӣ (рӯзона) хатм кардааст 

*Ихтисос: ҳуқуқшинос

*Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ

*Вакили халқ ҳаст ё не: не

*Мансубияти ҳизбӣ: аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

*Мукофотҳои давлатӣ: не

*Мукофотҳои соҳавӣ: Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2022); Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур (2024), Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2025)

*Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби се фарзанд

*Рутбаи ҳарбӣ: лейтенанти калони милитсия.

Корнома ва собиқаи меҳнатӣ

Солҳои 2005-2010 Донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (рӯзона)
Солҳои 2010-2013 Муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2022 Ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2022-2023 Муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2023–2024 Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Аз моҳи декабри соли 2023 то моҳи апрели соли 2026 Муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Аз 14.04.2026 то ҳол              Мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафарзода Баҳодур Сафар

Аз 14 апрели соли 2026 дар мансаби мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон