* Соли таваллуд: 10 июни соли 1973
* Ҷойи таваллуд: шаҳри Турсунзода
* Миллат: тоҷик
* Таҳсилот: олӣ
* Соли 1995 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва соли 2009 Академияи хизмати давлатии Федератсияи Россия дар назди Президенти Федератсияи Россияро хатм намудааст.
* Ихтисос: муҳандис-технолог-сохтмончӣ, менеҷери идоракунии ҳайати шахсӣ
* Унвони илмӣ: надорад
* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: забонҳои русӣ, узбекӣ ва англисӣ
* Рутбаи тахассусӣ: Мушовири давлатии дараҷаи 3
* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2013); Медали “Хизмати шоиста” (соли 2024)
| Соли 1990 (09-10) | Муаллими синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи №38 шаҳри Турсунзода |
| Солҳои 1990-1995 | Донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон |
| Солҳои 1997-1998 | Корманди идораи экспертизаи Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 1998-1999 | Нозир, сарнозири шуъбаи манзилию коммуналии дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода |
| Солҳои 1999-2004 | Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода |
| Солҳои 2004-2007 | Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода |
| Солҳои 2007-2008 | Сармутахассиси шуъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Соли 2008 (01-05) | Ёрдамчии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2008-2014 | муовини мудири шуъбаи назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2014-2020 | Нозири давлатии Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Соли 2020 (02-04) | Муовини сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Аз 20 апрели соли 2020 | Мудири котиботи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |