Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои маҷлиси миллӣ

   Мутобиқи моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва боби 3 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шӯрои Маҷлиси миллӣ мақоми ҳамоҳангсоз ва ҳисоботдиҳандаи Маҷлиси миллӣ буда, мутобиқи Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ ва Дастури Маҷлиси миллӣ фаъолият мекунад.

   Ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси миллӣ Раиси Маҷлиси миллӣ, муовини якум ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллӣ дохил мешаванд.

     Ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ Раиси Маҷлиси миллӣ сарварӣ менамояд.  

Рустами Эмомалӣ

РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аҳмадзода Раҷаб

МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Алишер Мирзонабот

МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Давлаталӣ Саид

РАИСИ КУМИТА ОИД БА ИҚТИСОДИЁТ ВА КОММУНИКАТСИЯ

Ватанзода Маҳмадалӣ

РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАЪМИНИ АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ, ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН, ШАҲРВАНД ВА ҚОНУНИЯТ

кАРИМЗОДА мУНИРА

РАИСИ КУМИТА ОИД БА
МАСЪАЛАҲОИ  ИҶТИМОӢ, ҲИФЗИ СИҲАТӢ, ИЛМ, МАОРИФ, ФАРҲАНГ ВА СИЁСАТИ ҶАВОНОНУ ЗАНОН

Хушвахтзода Қобилҷон

РАИСИ КУМИТА  ОИД  БА ҲАМОҲАНГСОЗИИ  ФАЪОЛИЯТИ МАҶЛИСИ  МИЛЛӢ БО МАҶЛИСИ  НАМОЯНДАГОН, ҲОКИМИЯТИ ИҶРОИЯ, ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ, ВОСИТАҲОИ АХБОРИ  ОММА  ВА  РОБИТАҲОИ БАЙНИПАРЛАМЕНТӢ 

Акрамзода Парвиз

РАИСИ  КУМИТА ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ АГРАРӢ, ШУҒЛИ АҲОЛӢ ВА ЭКОЛОГИЯ

ИДИЗОДА ЗАРИНА

РАИСИ КОМИССИЯ ОИД БА НАЗОРАТИ ДАСТУР

Раиси Маҷлиси миллӣ

Рустами Эмомалӣ

Муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ

Аҳмадзода Раҷаб
Алишер Мирзонабот

Раисони Кумитаҳо

Давлаталӣ Саид
Ватанзода Маҳмадалӣ
Каримзода Мунира
Хушвахтзода Қобилҷон
Акрамзода Парвиз

Раиси Комиссия

Идизода Зарина

Салоҳияти Шӯрои Маҷлиси миллӣ:

1) ташкили тайёрии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ;

2) таҳия кардани лоиҳаи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ;

3) мураттаб сохтани фаъолияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ;

4) таъмини ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон, Шӯрои Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор;  

5) ташкили банақшагирии корҳои вобаста ба фаъолияти Маҷлиси миллӣ;

6) пешакӣ баррасӣ намудани қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст ва дигар санадҳо;

7) таҳлили таклифу эрод ва дархости аъзои Маҷлиси миллӣ, ки дар иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ баён кардаанд ва аз рӯи онҳо қабул намудани қарорҳои дахлдор;

8) ташкили робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ;

9) таъмини назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси миллӣ;

10) ба амал баровардани ваколатҳои вобаста ба фаъолияти кори Маҷлиси миллӣ ва аз ҷониби аъзои он самарабахш ба ҷо овардани ваколатҳое, ки Конститутсия, ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва Дастури Маҷлиси миллӣ муайян намудаанд.

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон