Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

19-уми декабри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Cоли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Солҳои 2006-2009 сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2009-2011 сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2011-2012 сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2012-2013 муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2013-2015 сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2015-2017 Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти корӣ намуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифа ва аз 4 апрели соли 2017 ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум (солҳои 2020-2025).

11 апрели соли 2025 дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.

Оиладор.

Рустами Эмомалӣ

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон