
Имрӯз дар шаҳри Москва ҷаласаи 14-уми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия доир гардид.
Дар ҷаласа ҳайатҳои ҳар ду ҷониб таҳти роҳбарии ҳамраисони Комиссия – муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Николай Журавлев иштирок намуданд.
Тибқи рӯзнома дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳангию гуманитарӣ, кишоварзӣ, муҳоҷират ва мушкилоти ҳалталаби бахши мазкур, ҳамчунин мавзӯи ҳифзи аҳамияти таърихии 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо муҳиммияти густариши робитаҳои байнипарламентиро дар рушди муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Россия таъкид намуда, омодагии хешро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи шарикии мутақобилан судманд дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа нақшаи кори Комиссия барои солҳои 2025-2026 қабул ва масъалаҳои тадорукотии муколамаҳои оянда муайян карда шуд.