Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 феврал ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология доир гардид.

Аъзои кумита панҷ масъала – қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга»-ро баррасӣ намуда, хулосаҳои дахлдорро ба Маҷлиси миллӣ ирсол карданд.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон