Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси КУМИТА ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ, ҲИФЗИ СИҲАТӢ, ИЛМ,
МАОРИФ, ФАРҲАНГ ВА СИЁСАТИ ҶАВОНОНУ ЗАНОН

Маълумотнома

* Соли таваллуд: 02.10.1972                        

* Ҷойи таваллуд: шаҳри  Душанбе

* Миллат: тоҷик.                                            

* Таҳсилот: олӣ

* Соли 1996 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм кардааст.

* Ихтисос: педиатрия, табиби- сироятшиноси дараҷаи олӣ

* Унвони илмӣ: аз соли 2022 унвонҷӯи кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи МДТ “Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино”

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не:  вакили Маҷлиси вакилони ҳалқи шаҳри Душанбе даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030

* Мукофотҳои давлатӣ: Ордени Шараф дараҷаи ⅠⅠ

* Мукофотҳои соҳавӣ: нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, медали ҷашнии “25-солагии Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон”, медали ҷашнии “30-солагии Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

* Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 2 фарзанд

* Суроға: шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Навбаҳор, хонаи 1018

Каримзода Мунира Бобохон

Аз 28 марти соли 2025 аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии шаҳри Душанбе №4 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум интихоб шудааст

Корнома ва собиқаи меҳнатӣ

Солҳои 1990-1996- Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино, шаҳри Душанбе
Солҳои 1996-1997- Табиб-интернаи кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино, шаҳри Душанбе
Солҳои 1997-2001- Табиби сироятшинос дар Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе
Солҳои 2001-2006- Мудири шуъбаи 2-юми Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе
Солҳои 2006-2014- Мудири шуъбаи 5-уми Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе
Солҳои 2014-2017- Муовини сартабиб оид кор бо атфоли Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе
Солҳои 2017-2019- Муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавӣ Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии  шаҳри Душанбе
Аз 20 сентябри соли 2019  то ҳол Сартабиби МД “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона”-и шаҳри Душанбе
Аз соли 2025- Донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 2021- Сармутахассиси ғайривоҳидии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба бемориҳои сироятии кӯдакона
Аз сентябри соли 2023- Ассистенти кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи МДТ “Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино”
Аз 11 апрели соли 2025- Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон
Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон