Мутобиқи моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва боби 3 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шӯрои Маҷлиси миллӣ мақоми ҳамоҳангсоз ва ҳисоботдиҳандаи Маҷлиси миллӣ буда, мутобиқи Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ ва Дастури Маҷлиси миллӣ фаъолият мекунад.
Ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси миллӣ Раиси Маҷлиси миллӣ, муовини якум ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллӣ дохил мешаванд.
Ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ Раиси Маҷлиси миллӣ сарварӣ менамояд.
РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
РАИСИ КУМИТА ОИД БА ИҚТИСОДИЁТ ВА КОММУНИКАТСИЯ
РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАЪМИНИ АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ, ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН, ШАҲРВАНД ВА ҚОНУНИЯТ
РАИСИ КУМИТА ОИД БА
МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ, ҲИФЗИ СИҲАТӢ, ИЛМ, МАОРИФ, ФАРҲАНГ ВА СИЁСАТИ ҶАВОНОНУ ЗАНОН
РАИСИ КУМИТА ОИД БА ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ БО МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН, ҲОКИМИЯТИ ИҶРОИЯ, ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ, ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА РОБИТАҲОИ БАЙНИПАРЛАМЕНТӢ
РАИСИ КУМИТА ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ АГРАРӢ, ШУҒЛИ АҲОЛӢ ВА ЭКОЛОГИЯ
РАИСИ КОМИССИЯ ОИД БА НАЗОРАТИ ДАСТУР









Салоҳияти Шӯрои Маҷлиси миллӣ:
1) ташкили тайёрии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ;
2) таҳия кардани лоиҳаи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ;
3) мураттаб сохтани фаъолияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ;
4) таъмини ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон, Шӯрои Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор;
5) ташкили банақшагирии корҳои вобаста ба фаъолияти Маҷлиси миллӣ;
6) пешакӣ баррасӣ намудани қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст ва дигар санадҳо;
7) таҳлили таклифу эрод ва дархости аъзои Маҷлиси миллӣ, ки дар иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ баён кардаанд ва аз рӯи онҳо қабул намудани қарорҳои дахлдор;
8) ташкили робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ;
9) таъмини назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси миллӣ;
10) ба амал баровардани ваколатҳои вобаста ба фаъолияти кори Маҷлиси миллӣ ва аз ҷониби аъзои он самарабахш ба ҷо овардани ваколатҳое, ки Конститутсия, ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва Дастури Маҷлиси миллӣ муайян намудаанд.