* Соли таваллуд: 1 июли соли1964
* Ҷойи таваллуд: ноҳияи Рашт
* Миллат: тоҷик
* Таҳсилот: олӣ
* Соли 1985 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро (рӯзона) хатм кардааст.
* Ихтисос: агроном-олим
* Унвон ва дараҷаи илмӣ: надорад
* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ
* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён, солҳои 2025-2030, даъвати ҳафтум
* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
* Бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: Ифтихорномаи Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Медали Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Медали Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ
* Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби чор фарзанд
* Суроға: ноҳияи Рашт, Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат, деҳаи Болошаҳр
| Солҳои 1985-1986- | Нозири тафтишотии минтақавии №2-и хоҷагии ба номи Кирови ноҳияи Вахш |
| Солҳои 1986-1989- | Котиби Кумитаи комсомолии хоҷагии ба номи Кирови ноҳияи Вахш |
| Солҳои 1989-1991- | Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи комсомолии ноҳияи Вахш |
| Солҳои 1991-1993- | Муовини раиси Шӯрои созмони ҷавонони ноҳияи Вахш |
| Солҳои 1993-1998- | Раиси Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Магнитагорскии Федератсияи Россия |
| Солҳои1998-2002- | Мушовири намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой |
| Солҳои 2002-2003- | Сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон |
| Солҳои 2003-2008- | Муовини якуми раиси ноҳияи Ҷиликул |
| Солҳои 2008-2011- | Раиси ноҳияи Панҷ |
| Солҳои 2011-2014- | Мудири бахши растанипарварии шуъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2014-2015- | Сармутахассиси раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2015-2020- (даъвати панҷум) | Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум |
| Солҳои 2020-2023- | Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Соли 2023 (01-04)- | Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён вилояти Хатлон |
| Аз 17 апрели соли 2023 то ҳол | Раиси ноҳияи Қубодиён вилояти Хатлон |
| Аз 11 апрели соли 2025- | Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва эколгия |