Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Узви кумита оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия

Маълумотнома

* Соли таваллуд: 22.04.1978             

* Ҷойи таваллуд: ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

* Миллат: тоҷик                                  

* Таҳсилот: олӣ

* Соли 2005 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм намудааст.

* Ихтисос: омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик

* Унвони илмӣ: надорад

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ ва англисӣ

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони  халқи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030

* Вазъи оилавӣ: оиладор

* Суроға: шаҳри Бӯстон, кӯчаи Маҳаллаи нав, бинои 16, хонаи 45

Корнома ва собиқаи меҳнатӣ

Рустамзода Замира Темурмалик

Аз 28 марти соли 2025 аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии вилояти Суғд №2 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум интихоб шудааст

Солҳои 1996-2008- Омўзгори фанни алифбои ниёгон ва матни классикии тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Солҳои 2008-2009- Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Солҳои 2009-2013-            Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Солҳои 2013-2017-  Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Солҳои 2017-2018- Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, роҳбари иттиҳодияи методии фанни забон ва адабиёти тоҷик дар МД таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон»
Солҳои 2018-2020-  Роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот дар МД таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон» 
Солҳои 2020-2022- Муовини директор оид ба таълими МД таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон»
Аз 13 июли соли 2025 Директори МД таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болёқат»  дар шаҳри Бӯстон
Аз 11 апрели соли 2025 Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия
Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон