Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф,
фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон

Маълумотнома

* Соли таваллуд:  24.06.1982                  

* Ҷойи таваллуд:  ноҳияи Мурғоб

* Миллат:  тоҷик                                      

* Таҳсилот:  олӣ

* Соли 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рӯзона) ва соли 2011 магистратураи Академияи идоракунии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст.

 * Ихтисос:  омузгори фанни забон ва адабиёти точик, идоракунии давлатӣ

* Унвони илмӣ:  надорад

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад:  русӣ, қирғизӣ, англисӣ  бо луғат

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не:  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Мурғоб, даъвати ҳафтум (солҳои 2025-2030)

* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 июли соли 2021, №213

* Вазъи оилавӣ: муҷаррад

* Суроға: кӯчаи Сомонӣ-1, Ҷамоати деҳоти Мурғоби ноҳияи Мурғоб

Корнома ва собиқаи меҳнатӣ

РАҶАБЗОДА Ҳусния Ҳукуматшо

Аз 3 апрели соли 2025 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст

Солҳои 1999-2004- Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2004-2006-  Омӯзгори мактаби миёнаи №14, ба номи                            С. Сайниев 
Соли 2006 (06-10)- Мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб
Солҳои 2006-2007-  Сармутахассиси кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб
Солҳои 2007-2008- Мутахассиси бахши назорати дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб
Соли 2008 (02-03)- Сармутахассиси бахши маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб
Солҳои 2008-2010- Мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияи     Мурғоб
Соли 2011 (01-12)- Магистранти он замон Донишкадаи такмили ихтисоси хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2011-2013- Мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб
Солҳои 2013-2020- Муовини раиси ноҳияи Мурғоб
Аз моҳи марти соли 2020 Раиси ноҳияи Мурғоб
Солҳои 2020 – 2025- (даъвати шашум) Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияи Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ
Аз 11 апрели соли 2025- Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон
Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон