Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1 декабр Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадрро раисони кумитаҳо, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва сафирони ҳарду кишвар истиқбол гирифтанд.