* Соли таваллуд: 20 октябри соли 1981
* Ҷойи таваллуд: ноҳияи Дарвоз
* Миллат: тоҷик
* Маълумот: олӣ
* Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумгулӣ ва соли 2018 Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст.
* Ихтисос: ҳуқуқшиноси байналмилалӣ, идораи давлатӣ
* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ
* Вакили халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030
* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
* Суроға: ноҳияи Дарвоз, шаҳраки Қалъаи Хумб
| Солҳои 1998-2002- | Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумгулӣ, шаҳри Ашхобод |
| Солҳои 2003-2004- | Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2005-2008- | Мутахассиси пешбар, мудири бахши шуъбаи харид, роҳбари лоиҳаи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика», шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2008-2014- | Директори генералии ҶСК «Ориён ГЭС»-и ноҳияи Дарвоз |
| Солҳои 2014-2018- | Муовини якуми раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон |
| Солҳои 2018-2024- | Муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон |
| Аз январи соли 2024- | Раиси ноҳияи Дарвоз |
| Аз 11 апрели соли 2025- | Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ |