* Соли таваллуд: 15 июни соли 1971
* Ҷойи таваллуд: шаҳри Ҳисор
* Миллат: тоҷик
* Таҳсилот: олӣ
* Соли 2010 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст.
* Ихтисос: агроном
* Унвони илмӣ: надорад
* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ
* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030
* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2021)
* Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 5 фарзанд
* Суроға шаҳри Ҳисор, Ҷамоати деҳоти Дурбат, деҳаи Хоҷасидиқ
| Солҳои 1988-1989- | Бригадири хоҷагии Дзержинский, ноҳияи Ҳисор |
| Солҳои 1989-1994- | Муҳосиби музди меҳнати хоҷагии ба номи Дзержинский, ноҳияи Ҳисор |
| Солҳои 1995-1996- | Иқтисодчии хоҷагии ба номи Дзержинский, Ҳисор |
| Солҳои 1996-2000- | Иқтисодчии калони хоҷагии ба номи Дзержинский, Ҳисор |
| Солҳои 2000-2007- | Бригадири бригадаи истеҳсолии хоҷагии ба номи Дзержинский, ноҳияи Ҳисор |
| Солҳои 2007-2016- | Сарагрономи хоҷагии ба номи Дзержинский, Ҳисор |
| Солҳои 2016-2019- | Сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор |
| Солҳои 2019-2020- | Муовини раиси шаҳри Ҳисор |
| Солҳои 2020-2021- | И.в. раиси ноҳияи Шаҳринав |
| Солҳои 2021-2022- | Раиси ноҳияи Шаҳринав |
| Солҳои 2022-2023- | Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2023-2024- | Муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2024-2025- | Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор |
| Аз 19 марти соли 2025 | Раиси шаҳри Ҳисор |
| Аз 11 апрели соли 2025 | Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон |