Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 ноябр дар шаҳри Пекин ҷаласаи якуми Комиссияи байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ҳадафи таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ, густариши ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва пешбурди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ташкил карда шуд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаб роҳбарӣ кард.
Дар ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои байнипарламентӣ, тақвияти робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангиву гуманитариро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо барои идомаи мулоқотҳои мунтазам, таҳияи барномаҳои муштарак ва тавсеаи заминаҳои нав барои ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Зикр гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар рӯҳияи эътимоди мутақобила, дӯстии анъанавӣ ва манфиатҳои стратегӣ рушд меёбад.