Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 март дар шаҳри Москва ҷаласаи понздаҳуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия аз ҳарду ҷониб, кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоии парламентҳо ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар иштирок доштанд.

Дар оғози ҷаласа ҳамраисони Комиссия – муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаб ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Николай Журавлев бо суханони ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласа вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла илм, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, инчунин ҷараёни омодагӣ ба Форуми IX байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ба рушди муносибатҳои ду кишвар дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ тақвият мебахшад.

Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои вобаста ба баргузории ҷаласаи навбатии Комиссия баррасӣ гардиданд.

Вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласаи понздаҳуми Комиссия баррасишуда қорорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон