Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Узви кумита оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия

Маълумотнома

* Соли таваллуд: 10 ноябри соли 1978       

* Ҷойи таваллуд: шаҳри Душанбе

* Миллат: тоҷик                                          

* Таҳсилот: олӣ

* Соли 2000 Донишгоҳи  давлатии миллии Тоҷикистонро (рўзона) хатм кардааст.

* Ихтисос: иқтисодиёти ҷаҳон

* Унвони илмӣ: надорад

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030

* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

* Вазъи оилавӣ: оиладор

* Суроға: шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кўчаи Раҳмон Набиев, 292 «Б», хонаи 7

Корнома ва собиқаи меҳнатӣ

Солҳои 2000-2001- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои меҳнати КВД «Тоҷавтосервис», шаҳри Душанбе
Солҳои 2001-2004- Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод ва молияи Мудирияти корҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шаҳри Душанбе
Солҳои 2004-2005- Директори Маркази шуғли аҳолии ноҳияи Фирдавсӣ
Солҳои 2005-2010- Директории Омўзишгоҳи касбӣ-техникии махсуси №1,  шаҳри Душанбе
Солҳои 2010-2011- Сардори шуъбаи технологияи иттилоотии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон
Солҳои 2011-2013- Сардори шуъбаи бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Солҳои 2013-2014- Сардори Раёсати корҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шаҳри Душанбе
Солҳои 2014-2015- Директори Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобили шаҳри Душанбе”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, шаҳри Душанбе
Солҳои 2015-2018- Сардори Раёсати корҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2018-2024- Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Аз январи соли 2024 Раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Аз 11 апрели соли 2025- Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия

ИМАТШОЗОДА Анвар Иматшо

Аз 28 марти соли 2025 аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум интихоб шудааст

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон