* Соли таваллуд: 02.05.1979
* Ҷойи таваллуд: ноҳияи Рашт
* Миллат: тоҷик
* Таҳсилот: олӣ
* Соли 2000 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев (рӯзона), соли 2015 аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва соли 2024 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст.
* Ихтисос: филологияи тоҷик ва сиёсатшиносӣ
* Унвони илмӣ: надорад
* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ
* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030
* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: медали ҷашнии «30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
* Вазъи оилавӣ: оиладор
* Суроға: шаҳраки Ғарм, ноҳияи Ғарм
| Солҳои 1995-2000- | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев |
| Солҳои 1996-2002- | Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, деҳаи Қазноқ, ноҳияи Рашт |
| Солҳои 2002-2010- | Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, деҳаи Қазноқ, ноҳияи Рашт |
| Солҳои 2010-2011- | Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт |
| Солҳои 2011-2012- | Сардори шуъбаи тарбияи филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт |
| Солҳои 2012-2013- | Муовини ректор оид ба кори тарбия дар филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт |
| Солҳои 2013-2014- | Ассистенти кафедраи адабиёти тоҷик ва методикаи таълимии он дар филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт |
| Солҳои 2014-2016- | Сармутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилоти филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт |
| Солҳои 2016-2017- | Мудири кафедраи ҷомеашиносии филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт |
| Солҳои 2017-2019- | Мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт |
| Солҳои 2019-2020- | Муовини раиси ноҳияи Рашт |
| Солҳои 2020-2022- | Муовини якуми раиси ноҳияи Рашт |
| Солҳои 2022-2024- | Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт |
| Аз соли 2024- | Раиси ноҳияи Рашт |
| Аз 11 апрели соли 2025- | Раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур (ҳамзамон узви Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният) |