Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Узви Кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу
озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният

Маълумотнома

* Соли таваллуд: 15.07.1981                      

* Ҷойи таваллуд: шаҳри Панҷакент

* Миллат: тоҷик                                           

* Таҳсилот: олӣ

* Соли 2003 Донишгоҳи  давлатии миллии Тоҷикистон, соли 2017 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ва соли 2019 Донишгоҳи байналмилалии тиҷорат ва иқтисоди Ҷумҳурии Мардумии Чинро хатм кардааст.

* Ихтисос: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодчӣ ва иқтисодчии байналмилалӣ

* Унвони илмӣ: надорад

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад:  русӣ, англисӣ ва хитойӣ

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони  халқи шаҳри Панҷакент даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030

* Мукофотҳои давлатӣ: Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

* Вазъи оилавӣ: оиладор

* Суроға: шаҳри Панҷакент, кӯчаи Қайнар, гузаргоҳи 5

Корнома ва собиқаи меҳнатӣ

Холиқзода Абдухолиқ Санавбар

Аз 28 марти соли 2025 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии вилояти Суғд №2 интихоб шудааст

Солҳои 1998-2003-     Донишҷуи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикисон
Солҳои 2003-2004-     Ёрдамчии адвокат ва таҷрибаомӯз дар асосҳои ҷамъиятии Раёсати ҳайати мушовараи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 2004 (10)-     Аъзои ҳайати мушовараи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, адвокат дар маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Солҳои 2004-2006-   Иҷрокунандаи вазифаи сармушовир оид ба кадрҳои Раёсати ҳайати мушовараи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2008    Муовини раиси адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
 Соли 2008 (12)-     Муваққатан иҷрокунандаи мансаби муовини сардори шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотӣ ва ташкили Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2008-2009-     Иҷрокунандаи мансаби муовини сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии хизмати давлатӣ ва назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 2009 (10)-     Сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии хизмати давлатӣ ва назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2009-2010-     Сармутахассиси шуъбаи Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2010-2016-Сардори шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи соҳибкории раёсати дастгирии соҳибкорӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2016-2018-     Сардори раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2018-2019-     Магистранти Донишгоҳи байналмилалии тиҷорат ва иқтисоди Ҷумҳурии Мардумии Чин
Солҳои 2019-2020-     Сардори раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 2020 (04-11)-Директори Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2020-2021-     Иҷроркунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент
Аз соли 2021-Раиси шаҳри Панҷакент
Аз 11 апрели соли 2025 –Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният
Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон