Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

муовини Раиси кумита оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия

Маълумотнома

* Соли таваллуд: 5 апрели соли 1972               

* Ҷойи таваллуд: ноҳияи Восеъ

* Миллат: тоҷик                                                  

* Таҳсилот: олӣ

* Соли 1995 Донишкадаи химикию технологии Қазоқистон (рўзона)-ро хатм кардааст.

* Ихтисос:  муҳандис, химик-технолог

* Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ

* Унвони илмӣ: профессор

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ, қазоқӣ

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030

* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: медали Хизмати шоиста (2020)

* Вазъи оилавӣ:  оиладор, соҳиби  5 фарзанд

* Суроға: шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Бофанда 7, хонаи 19

ДАВЛАТЗОДА Қудрат Қамбар

Аз 28 марти соли 2025 аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии шаҳри Душанбе №4 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум интихоб шудааст

Корнома ва собиқаи меҳнатӣ

Солҳои 1995-1998-Ассистенти кафедраи комплекси агросаноатии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Солҳои 1998-2000-Аспиранти Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Россия
Солҳои 2000-2004-Ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи комплекси агросаноатии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Солҳои 2004-2008-Ходими калони илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳамазамон докторанти Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Россия
Солҳои 2009-2011-Сардори раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солхои 2011-2012-Сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи (славянии) Руссияву Тоҷикистон
Солхои 2012-2013-Муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба робитаҳои байналмиллӣ
Солхои 2013-2017-Декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2017-2018-Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Солҳои 2018-2020-Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз ноябри соли 2020 то ҳоло-Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ
Аз 11 апрели соли 2025-Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия
Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон