Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам Маулен Сагатханули,

Лутфан табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро ба муносибати ҷашни давлатӣ – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон қабул кунед.

Дар тӯли солҳои рушди соҳибихтиёрӣ, Қазоқистон дар таҳкими давлатдорӣ, ба даст овардани пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.

Мо муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳамкории байни ду кишварро, ки пайваста дар рӯҳияи эҳтироми мутақобила ва шарикии стратегӣ рушд доранд, баланд арзёбӣ менамоем.

Итминон дорам, ки бо талошҳои муштарак мо метавонем имкониятҳои ҳамкории байнипарламентиро байни Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон амалӣ карда, ба рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат намоем.

Ба Шумо, муҳтарам Маулен Сагатханули, саломатии қавӣ, некӯаҳволӣ, муваффақият ва ба мардуми бародари Қазоқистон сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам.  

Бо эҳтиром,

Рустами Эмомалӣ

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон