Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи дуюми Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баррасии:

— Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»;

— қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ» ва «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ»;

— қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон