* Соли таваллуд: 18.03.1983
* Ҷойи таваллуд: шаҳри Истаравшан
* Миллат: тоҷик
* Таҳсилот: олӣ
* Соли 2005 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо дипломи аъло ва соли 2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст.
* Ихтисос: сиёсатшиносӣ, иқтисодчӣ-менежер
* Унвони илмӣ: надорад
* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ бо луғат
* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030
* Вазъи оилавӣ: оиладор
* Суроға: шаҳри Истаравшан, хиёбони Исмоили Сомонӣ 337/50
| Солҳои 2000-2005- | Донишҷўи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд |
| Солҳои 2005-2006- | Мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд |
| Соли 2006 | Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд |
| Солҳои 2006-2007- | Роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд |
| Солҳои 2007-2008- | Мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд |
| Солҳои 2008-2010- | Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд |
| Солҳои 2007-2010- | Асистенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ҳамзамон) мутахассиси шуъбаи ташкилии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, шахри Душанбе |
| Солҳои 2010-2011- | Мудири бахши омор ва баҳисобгирии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, шаҳри Душанбе |
| Соли 2011- | Мудири шуъбаи умумии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2011-2012- | Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2012-2014- | Роҳбари Маркази таблиғот ва таҳлилии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2011-2014- | Аспиранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши фалсафа ва иҷтимоӣ |
| Солҳои 2011-2015- | Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”—и ҲХДТ (ҷамъиятӣ) |
| Солҳои 2014-2020- | Муовини сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2019-2022- | Аспиранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2020-2021- | Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан |
| Аз 3 марти соли 2021 – | Раиси шаҳри Истаравшан |
| Аз 11 апрели соли 2025- | Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология |