* Сафарзода Баҳодур Сафар
*Санаи таваллуд: 06 октябри соли 1987
*Ҷойи таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
*Миллат: тоҷик
*Маълумот: олӣ
*Соли 2010 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос умумӣ (рӯзона) хатм кардааст
*Ихтисос: ҳуқуқшинос
*Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ
*Вакили халқ ҳаст ё не: не
*Мансубияти ҳизбӣ: аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
*Мукофотҳои давлатӣ: не
*Мукофотҳои соҳавӣ: Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2022); Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур (2024), Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2025)
*Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби се фарзанд
*Рутбаи ҳарбӣ: лейтенанти калони милитсия.
| Солҳои 2005-2010 | Донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (рӯзона) |
| Солҳои 2010-2013 | Муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2014-2022 | Ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
| Солҳои 2022-2023 | Муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
| Солҳои 2023–2024 | Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
| Аз моҳи декабри соли 2023 то моҳи апрели соли 2026 | Муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ |
| Аз 14.04.2026 то ҳол | Мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |