* Соли таваллуд: 01.01.1963
* Ҷойи таваллуд: ноҳияи Мастчоҳ
* Миллат: тоҷик
* Таҳсилот: олӣ
* Соли 1985 Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст.
* Ихтисос: ҳуқуқшинос
* Рутбаи махсус: полковники адлия
* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: забонҳои русӣ ва англисӣ
* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: нест
* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: соли 2020 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон медали Хизмати шоиста
* Вазъи оилавӣ: оиладор соҳиби 5 фарзанд
| Солҳои 1985-1987 | Машваратчии ҳуқуқии Иттиҳодияи истеҳсолии пахта-тозакунии Айнии ноҳияи Рӯдакӣ |
| Солҳои 1987-1988 | Муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Муъминобод |
| Солҳои 1988-1993 | Муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Қумсангир (ҳоло ноҳияи Ҷайҳун) |
| Солҳои 1993-1996 | Прокурор-криминалисти калони Прокуратураи вилояти Хатлон |
| Солҳои 1996-2001 | Сардори шуъбаи назорат аз болои таҳқиқ ва тафтиши Прокуратураи вилояти Хатлон |
| Солҳои 2001-2006 | Прокурори шаҳри Норак |
| Солҳои 2006-2007 | Иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи вилояти Хатлон |
| Солҳои 2007-2008 | Муфаттиши калони бахши назоратию методии шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон |
| Соли 2008 (01-09) | Муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими бахши якуми шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон |
| Солҳои 2008-2009 | Сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон |
| Соли 2009 (05-12) | Муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи чоруми Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2009-2014 | Сардори шуъбаи дуюми Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2014-2016 | Сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2016-2020 | Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон |
| Солҳои 2020-2021 | Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
| Солҳои 2021-2023 | Мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон |
| Аз 1 декабри соли 2023 | Мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният |