САЛОҲИЯТИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ САЛОҲИЯТИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи моддаи 56-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чунин салоҳиятҳо мебошад:

  • Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва тағйири онҳо;
  • Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;
  • Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;
  • Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ;
  • Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси миллӣ аз рӯйи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои он қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

ШАРИКОН: