Рустами Эмомалӣ
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ 19-уми декабри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Солҳои 2006-2009 сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, соли 2009 иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, солҳои 2009-2011 сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, солҳои 2011-2012 сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2012-2013 муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2013-2015 сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2015-2017 масъулияти роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошта, аз январи соли 2017 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.
Оиладор.
Аҳмадзода Раҷаббой
Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аҳмадзода Раҷаббой 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.
Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1993 Донишгоҳи химия-технологияи Ҷумҳурии Қазоқистон ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро (ғоибона) бо ихтисосҳои муҳандис-технолог, иқтисодчӣ хатм кардааст.
Дар вазифаҳои муҳандис-технологи сехи шишабарории заводи «Лаъл», муовини сардори заводи «Сангбурӣ», сардори Идораи робитаҳои иқтисоди берунии Ҷамъияти саҳомии «Ленинободпромстройматериал», муовини директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Ленинободпромстройматериал», директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Ленинободпромстройматериал»-и шаҳри Хуҷанд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум), раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Аз 7 марти соли 2018 дар вазифаи раиси вилояти Суғд фаъолият дорад.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ордени Шараф дараҷаи 1 сарфароз гардидааст.
Ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 17 апрели соли 2020 муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Забони русиро медонад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.