ҶУРАЗОДА Ҷамшед Ҳабибулло

Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Соли таваллуд: 15 июни соли 1971
Ҷои таваллуд: шаҳри Хуҷанд
Миллат: тоҷик
Маълумот: олӣ
Соли 1993 Институти ордени «Нишони Фахрӣ»-дори давлатии педагогии Хуҷандро (рӯзона) хатм кардааст.
Ихтисос: таърих ва педагогика
Номзади илмҳои таърих (2002), доктори илмҳои таърих (2015), дотсент (2013)
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Аз моҳи феврали соли 2017 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо медали ҷашни 15 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1993-1995-асистенти кафедраи таърих ва этнографии халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров;
  • Солҳои 1995-1998-аспиранти шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров;
  • Солҳои 1997-2000-асистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;
  • Солҳои 2000-2003-мудири шӯъбаи корҳои иҷтимоӣ-маъданӣ, алоқа бо ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва робитаҳои байналмилалии Ҳукумати  шаҳри Хуҷанд;
  • Солҳои 2003-2005-муовини мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ, робита бо созмонҳои иҷтимоию сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҳукумати вилояти Суғд;
  • Солҳои 2005-2006-декани факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;
  • Солҳои 2006-2009-ноиби ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;
  • Солҳои 2009-2012-декани факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
  • Солҳои 2012- 2017-ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;
  • Аз моҳи марти соли 2017- то инҷониб ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров мебошад.

 

ШАРИКОН: