Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҳамкории байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қолаби маҷозӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзоёни Комиссия аз ҳарду ҷониб ва кормандони масъули дастгоҳҳои палатаҳои болоии ду кишвар иштирок намуданд.

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии ҳамраисони Комиссия Алишер Мирзонабот ва Кобул Турсунов оғоз ёфта, аъзои Комиссия доир ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон табодули афкор намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ба рушди муносибатҳои ду кишвар дар самтҳои гуногун тақвият мебахшад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон