Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияи Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ

Маълумотнома

* Соли таваллуд: 5 июни соли 1982                   

* Ҷойи таваллуд: ноҳияи Данғара

* Миллат: тоҷик                                                     

* Таҳсилот: олӣ

* Соли 2004 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст.

* Ихтисос  иқтисодчӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

* Унвони илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад:  русӣ, англисӣ

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не:  вакили Маҷлиси вакилони ҳалқи шаҳри Душанбе даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030

* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (соли 2012), ордени Шараф дараҷаи II (соли 2022)

* Бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: нишониАълочии маорифи Тоҷикистон” (2012), Диплом ва ҷоизаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (2014), нишони “Аълочии фарҳангӣ Тоҷикистон” (2021), Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2021), нишони “Аълочии Телевизион ва радиои Тоҷикистон (2023), нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023), медали ҷашнии “30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” (2024)

* Вазъи оилавӣ: оиладор

* Суроға: шаҳри Душанбе,  н. Фирдавсӣ, кўчаи Яккачинор, хонаи 150/1, ҳуҷраи 2

Корнома ва собиқаи меҳнатӣ

ХУШВАХТЗОДА Қобилҷон Хушвахт

Аз 28 марти соли 2025 аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии шаҳри Душанбе №4 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум интихоб шудааст

Солҳои 1999-2004-Донишҷӯйи  Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Солҳои 2004-2012-Ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2005-2009-Муовини декан оид ба корҳои илмӣ ва тарбияи факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2009-2013-Муовини декан оид ба таълим дар шӯъбаи рӯзонаи факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2012-2013-И.в. мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2013-2018-Мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2018-2019-Мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Соли 2019-Директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2019-2020-Декани факултети молиявию иқтисодӣ, ҳамзамон, и.в. профессори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2020-2024-Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамзамон, профессори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Аз 16-уми январи соли 2024-Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Аз 11 апрели соли 2025-Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ
Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон