Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
24 сентябр ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон баргузор шуд.
Аъзои кумита нахуст Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»-ро, ки дар шакли мукаммал ворид гардидааст, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Илова бар ин дар ҷаласа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» баррасӣ гардид.
Аз натиҷаи масъалаҳои баррасигардида хулосаҳои дахлдор ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд.