Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Музокироти васеи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия

Имрӯз дар бинои Маҷлиси Олӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия муҳтарам Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентии ду ҷониб мулоқот анҷом доданд.               Дар даромадгоҳи бино маросими истиқболгирии меҳмони олиқадр ва аксгирии якҷояи роҳбарони ҳайатҳо баргузор шуда, пас аз боздиди толори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия муҳтарам Нуман Куртулмуш дар Китоби меҳмонони фахрии Маҷлиси Олӣ таманниёти худро сабт намуд. Дар оғози мулоқот, нахуст, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси…

Мулоқоти хосаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муҳтарам Нуман Куртулмуш

2 декабр дар бинои Маҷлиси Олӣ мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия муҳтарам Нуман Куртулмуш, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид. Дар ҷараёни суҳбат вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ карда шуд. Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариш ва таҳкими робитаҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Туркия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Муколамаи мунтазами сатҳи олӣ ва тамосҳои сиёсӣ ба густариши робитаҳои дуҷониба мусоидат менамоянд. Дар ин раванд, ҳамчунин, нақши калидии парламентҳои ду кишвар таъкид гардид. Ҷонибҳо ба рушди…

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев

13 ноябр дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев мулоқот намуданд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои байнипарламентиро мавриди муҳокима қарор доданд. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳамаи самтҳои асосии ҳамкорӣ устуворона рушд доранд. Нақши хосаи сарони давлатҳо дар таҳкими робитаҳои ҳампаймонӣ махсус таъкид гардид. Созишнома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ ҳамчун марҳалаи таърихии муҳим дар рушди ҳамкории дуҷониба…

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Наталя Кочанова

13 ноябр дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Наталя Кочанова мулоқот намуданд. Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Беларус мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷараёни рушди бемайлони шарикии судманди дуҷониба ибрози қаноатмандӣ ҳосил гардид. Ҷонибҳо ба нақши муколамаи мунтазами сатҳи олии Сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко дар таҳкиму густариши минбаъдаи равобити дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус, баҳои баланд доданд….

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Ҳуснуллин

9 октябр дар ҳошияи чорабиниҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Ҳуснуллин мулоқот анҷом доданд. Ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд. Рушди бемайлони робитаҳои байнипарламентии ду кишвар зикр гардид. Ба масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Федератсияи Россия, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву башардӯстӣ ва нақши назарраси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ин раванд, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои…

Мулоқот бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон Т. Нарбаева

Имрӯз дар ҳошияи Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд. Зимни суҳбат ҷонибҳо аз раванди ҳамкории судманди байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ба рушди ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву башардӯстӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Мулоқот ва музокироти парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон

Имрӯз дар бинои Парламенти кишвар мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу ва музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баргузор гардиданд. Қабл аз оғози мулоқотҳо Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу дар Китоби меҳмонони ифтихории Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соядаст гузошт. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу ва хайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Дар мулоқоту музокирот доираи васеи масъалаҳои  муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону…

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Ҳокими шаҳри Остона Женис Касимбек

27 август дар идомаи сафари расмии худ дар Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Ҳокими шаҳри Остона Женис Касимбек мулоқот анҷом доданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо байни бародаршаҳрҳо ва пойтахтҳои ду кишвар – Душанбе ва Остонаро баррасӣ намуданд. Зикр гардид, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таваҷҷуҳи махсус ба раванди мусбати ҳамкориҳои дуҷониба дар самти робитаҳои байнипарламентӣ, байни минтақаҳо, аз ҷумла густариши ҳамгироии бисёрҷониба дар сатҳи пойтахтҳо, равона гардид. Аз пешрафту…

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси ПарламентиҶумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов

27 август дар доираи барномаи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот намуданд. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муколамаи мунтазам ва боэътимоду самимии Сарони давлатҳо дар тақвияти муносибатҳои ду кишвар, ки дорои фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва анъанаҳои деринаи ҳамҷаворӣ мебошанд, муҳим дониста шуд. Зикр гардид, ки робитаҳои байнипарламентӣ чун ҷузъи муҳими муносибатҳои ду кишвари дӯст ба шарофати талошҳои муштараки ҷонибҳо пайваста рушд мекунанд. Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ аз самтҳои муҳими…

Сарфарозгардонии муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон

Пас аз анҷоми мулоқот дар қасри Акорда маросими сарфарозгардонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷумла, густариши муносибатҳои байнипарламентӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо Ордени Дустӣ дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуданд. Мукофоти давлатиро ба муҳтарам Рустам Эмомалӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев тақдим намуда, саҳми арзандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалиро…