Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок ва суханронӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ

23 сентябр дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Маврид ба зикр аст, ки моҳи июли соли 2022 зимни Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории амалии мақомоти намояндагӣ ва қонунгузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои мутақобилаи минтақавӣ ва шарикии стратегӣ, баргузории Форуми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расида буд. Форумҳои қаблӣ дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардида, ба таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ ва тавсеаи муколамаи…

Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Бишкек ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Манаси шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар шахсони расмӣ самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон

23 сентябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд. Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Оғози сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар намояндагони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

26 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади анҷом додани сафари расмӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Идомаи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Дар ҳошияи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ аз шаҳри Москва ба шаҳри Сочӣ сафар намуданд. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар шаҳри Сочӣ аз маҷмааи таълимии «Сириус», ки аз биноҳои таълимии равияҳои фанҳои дақиқ, гуманитарӣ, санъати мусиқӣ ва ғайраҳо иборат мебошад, дидан намуданд.

Оғози сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Федератсияи Россия

28 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Москва гардиданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково-2-и шаҳри Москва меҳмони олиқадрро муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия

28 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар карданд. Зимни сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Оғози сафари корӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка

20 май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол» дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вориди шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка шуданд. Дар назар аст, ки зимни ин сафар Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамоиши сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол» иштирок ва суханронӣ карда, дар ҳошияи ин чорабиниҳо як қатор мулоқотҳои дуҷонибаро анҷом медиҳанд.

Сафари кории Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Ню-Йорк

20 май бо мақсади иштирок аз таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол» дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд. Ёдовар мешавем, ки маҳз бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассостсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.