Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкориҳои рушди байналмилалӣ

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкориҳои рушди байналмилалӣ (CIDCA) Чэн Сяодун, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот анҷом доданд. Дар оғоз ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чинро мавриди баррасӣ қарор дода, аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз дастгириҳои пайвастаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, омодагии ҷониби…

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаро баррасӣ намуда, оид ба дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба табодули назар анҷом доданд. Аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои амалии Фонди рушди Саудӣ, Бонки исломии рушд ва дигар муассисаҳои молиявии саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтории Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҷонибҳо тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, гидроэнергетика, захираҳои…

Маросими пушидашавии Форуми XI – уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим” маросими пушидашавии Форуми XI–уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» доир гардид. Дар маросим муовини Котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ғафурзода Абдухалил ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар иштирок ва суханронӣ намуданд. Ба ҷониби Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкиливу муҳтавои баргузор намудани Форуми XI–уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» изҳори сипос карда шуд. Гуфта шуд, ки дар ҷараёни Форум кӯдакон аз фарҳангу тамаддун ва анъанаҳои кишварҳои иштирокчӣ баҳравар шуданд, ки барои тақвияти робитаҳои дӯстона байни намояндагони насли ҷавони кишварҳои Иттиҳод муҳим…

Маросими оғози расмии Форуми XI – уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Қасри Арбоб

Имрӯз дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки шахсони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Бонки миллии Тоҷикистон ва меҳмонону иштирокдорон маросими расмии оғози Форуми XI–уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» баргузор гардид. Нахуст паёми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко ва дигар роҳбарони парламентҳои давлатҳои иштирокчӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд. Сипас, бо иштироки сардорони ҳайатҳо ва пахши тугмаи рамзӣ ба кори Форум оғози расмӣ дода шуд. Ҳадафи баргузории Форум муколамаи…

Форуми XI – уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад

Аз 15 то 24 июни соли 2026 дар мувофиқа бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва бо пешниҳоди Котиботи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Форуми XI–уми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар Форум намояндагони ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Туркманистон иштирок менамоянд. Форуми мазкур дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи “Шоҳин” воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардида, дар доираи он беш аз сӣ чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст.  Дар ҷараёни Форум кӯдакон бо таъриху фарҳанг ва…

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Чу Донгюй

12 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донгюйро, ки ҷиҳати ширкат дар Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, баррасӣ гардид. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз дастгирии доимии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ аз талошҳои кишвар дар роҳи амалисозии афзалиятҳои миллии рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуданд….

Иттилоъ оид ба ҷаласаи понздаҳуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия

16 март дар шаҳри Москва ҷаласаи понздаҳуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия аз ҳарду ҷониб, кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоии парламентҳо ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар иштирок доштанд. Дар оғози ҷаласа ҳамраисони Комиссия – муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаб ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Николай Журавлев бо суханони ифтитоҳӣ баромад намуданд. Тибқи рӯзнома дар ҷаласа вазъ…

Ба Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ашимбаев Маулен Сагатханули

Муҳтарам Маулен Сагатханули, Лутфан табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро ба муносибати ҷашни давлатӣ – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон қабул кунед. Дар тӯли солҳои рушди соҳибихтиёрӣ, Қазоқистон дар таҳкими давлатдорӣ, ба даст овардани пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Мо муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳамкории байни ду кишварро, ки пайваста дар рӯҳияи эҳтироми мутақобила ва шарикии стратегӣ рушд доранд, баланд арзёбӣ менамоем. Итминон дорам, ки бо талошҳои муштарак мо метавонем имкониятҳои ҳамкории байнипарламентиро байни Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон амалӣ карда, ба рушди ҳамаҷонибаи…

Музокироти васеи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия

Имрӯз дар бинои Маҷлиси Олӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия муҳтарам Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентии ду ҷониб мулоқот анҷом доданд.               Дар даромадгоҳи бино маросими истиқболгирии меҳмони олиқадр ва аксгирии якҷояи роҳбарони ҳайатҳо баргузор шуда, пас аз боздиди толори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия муҳтарам Нуман Куртулмуш дар Китоби меҳмонони фахрии Маҷлиси Олӣ таманниёти худро сабт намуд. Дар оғози мулоқот, нахуст, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси…

Мулоқоти хосаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муҳтарам Нуман Куртулмуш

2 декабр дар бинои Маҷлиси Олӣ мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия муҳтарам Нуман Куртулмуш, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид. Дар ҷараёни суҳбат вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ карда шуд. Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариш ва таҳкими робитаҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Туркия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Муколамаи мунтазами сатҳи олӣ ва тамосҳои сиёсӣ ба густариши робитаҳои дуҷониба мусоидат менамоянд. Дар ин раванд, ҳамчунин, нақши калидии парламентҳои ду кишвар таъкид гардид. Ҷонибҳо ба рушди…